Тақвими рӯз


Яш Дш Сш Чш Пш Ҷш Шн


Дар ситоиши забон

Беҳтарин нозири забон

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз то 10 марти соли 2015 озмуни беҳтарин нозири забонро эълон менамояд.
Дар озмун аъзои Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шоирону нависандагон, ровиёну наттоқон ва муҳаррирон метавонанд иштирок намоянд.
Натиҷаи озмун 16 марти соли 2015 ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Шартҳои озмун:
- тарғиби рисолат ва арзишҳои забони миллӣ;
- назорати татбиқи муқаррароти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- арҷгузорӣ ба забони давлатӣ;
- риояи меъёрҳои забони адабӣ ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
- риояи меъёрҳои суннатии таърихии забони тоҷикӣ;
- риояи фасоҳат ва балоғати суханварӣ;
- таълифи шеър ва ё асари беҳтарин дар васфи забон;
- таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар васфи забон;
- нашри мақолаҳо дар иртибот ба забони давлатӣ.