Тақвими рӯз


Яш Дш Сш Чш Пш Ҷш Шн


Дар ситоиши забон

Матни эълон:

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 4-уми октябри соли 2016 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро  таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» бо иштироки олимону забоншиносони ҷумҳурӣ баргузор менамояд.
Хоҳишмандон метавонанд матни маърўзаи худро дар шакли хаттӣ ва электронӣ, то рўзи 20-уми сентябри соли равон ба нишонаи мо: шаҳри Душанбе, кўчаи Беҳзод 25, ё ин ки ба нишонии почтаи электронии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (kumitaizabon@mail.ru) ирсол намоянд.
Қарори Комиссияи тадорукот оид ба ворид намудани маърўзаҳо ба барномаи Конференсия рўзи 26-уми сентябри соли 2016 тавассути почтаи электронии даъватшавандагон эълон карда мешавад.

 

Мақолаи беҳтарин

Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 сентябри соли 2014 ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябр) Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ ва рушди истилоҳот» баргузор мегардад. Истилоҳшиносон ва донишмандон матавонанд мақолаҳои худро то 25 август ба нишонии кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи сеюми бинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ё почтаи электронии Кумита: kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоянд.
Ба мақолаҳои беҳтарин барои ҷойи якум 1500 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 1000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 500 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар карда шудааст.
Шартҳои озмун:
- таҳлили воқеии вазъи истилоҳоти забони илми муосир;
- пешниҳоди истилоҳоти дақиқ ба забони давлатӣ дар самтҳои мухталиф;
- таҳлил ва баррасии мушкилоти истилоҳшиносӣ ва истилоҳнигорӣ;
- мусоидат ба густариши забони давлатӣ ҳамчун забони илм.