Тақвими рӯз


Яш Дш Сш Чш Пш Ҷш Шн


Дар ситоиши забон

Чамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2014

Рӯзи 8-уми январи соли 2015 дар толори “Конуни забон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумита оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Ҳайати мушовараи Кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокомияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои вилояти Қурғонтеппа, Суғд ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ, олимону забоншиносон ва намояндагони ВАО иштирок доштанд. Аз ҷумлаи даъватшудагон дар кори ҷаласа мутасаддиёни Комиссия дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии пойтахт, шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак, Хуҷанд, Панҷакент, Қайроққум, ноҳияҳои Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Шаҳритус, Қубодиён, Қумсангир, Панҷ, Носири Хусрав, Рашт, Тоҷикобод, Тавилдара, Ҷиргатол, инчунин муассисаҳои нашриявии “Маориф” ва “Адиб” иштирок намуданд.

Давомаш ниг...

Ба АМИТ “Ховар”

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шумо мерасонад, ки дар асоси пешниҳоди лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” рӯзи 16-уми феврали соли равон дар толори китобхонаи Кумита нишасти навбатӣ баргузор намуд.

Давомаш ниг...

Нуктае чанд аз таърихи
«Рўзи байналмилалии забони модарї»

“Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон

Давомаш ниг...

Гузориш
аз мулоқоти кормандони Кумита бо донишҷӯён ва маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон» дар ДМТ

10 марти соли 2014 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки олимону устодони варзида, омӯзгорони ҷавон ва 370 нафар донишҷӯёни тамоми факултетҳои донишгоҳ, мулоқоти кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Умри миллат ба умри забон вобаста аст» баргузор гардид.

Давомаш ниг...

Фишурдаи гузориш аз Конференсияи ҷумҳуриявии «Забони давлатӣ ва танзими истилоҳот» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, 18 сентябри соли 2012)

Зарурати таҳияи истилоҳоти илмӣ барои бахшҳои мухталифи забони тоҷикӣ на танҳо масъалаи дохилии илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлатӣ оид ба забон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Давомаш ниг...

Фишурдаи гузориш аз мулоқоти кормандони Кумита бо соҳибкорну тоҷирони ноҳияи Сино дар Маҷмааи савдо ва тиҷорати Саодат

15 майи соли 2014 бо ташаббуси Комиссияи татбиқи забони давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи банди 15 боби 4-и «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» дар маҷлисгоҳи Маҷмааи савдо ва тиҷорати Саодати ноҳияи Сино мулоқот бо соҳибкорон ва тоҷирони дар ҳудуди ноҳия фаъолияткунанда баргузор гардид.

Давомаш ниг...

Фишурдаи гузориш аз мизи муддаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 феврали соли 2012)

Моҳи ноябри соли 1999 бо ӣарори ҷаласаи 30-юми Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО (Ташкилоти давлатҳои муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият) бо маӣсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои ташаккули бисёрзабонӣ ва рушди хазинаи луӣавии забонҳои дунё 21 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардид ва он аз соли 2000-ум инҷониб ҳамасола дар тамоми кишварҳои олам таҷлил мегардад. Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллату кишвар маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халӣиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуӣуӣӣ муҳайё гардидаанд.

Давомаш ниг...

Фишурдаи гузориш аз мизи мудаввари Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз

Ҳадафҳои созандагии Наврӯз ва Истиқлолият бо орзую омол ва нияту ормонҳои наҷиби халқи мо ҳамоҳанг буда, ба неруи зебоиофарӣ, асолати фарҳангдӯстӣ, ғояҳои инсонпарварӣ ва кору пайкори ободгаронаи онҳо илҳому мадори тоза мебахшанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Давомаш ниг...