Тақвими рӯз


Яш Дш Сш Чш Пш Ҷш Шн


Дар ситоиши забон

Фишурдаи гузориш аз фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 фаъолияти худро баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамоҳангсозии иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016, амалӣ гардонидани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012), ҳамчунин иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин замина фаъолиятро дар самтҳои зерин амалӣ намуд:

Давомаш ниг...

Фишурдаи гузориш дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2014

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2014 фаъолияти худро баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016, ҳамчунин иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин замина фаъолиятро дар самтҳои зерин амалӣ намуд:

Давомаш ниг...

Дар санаи 9 январи соли 2014 ҷаласаи Ҳайтаи мушовараи Кумита баргузор гардид, ки дар он ҷамъбасти фаъолияти солонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласа декани факултети забонҳои Аврупои ва Осиё Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита Назарзода Сайфиддин, сардори шуъбаи тарҷумаи Бонки миллии Тоҷикистон Султонов М., сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангов Р., намояндаи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев С, саркотиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилзода Д., ноиби ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баноми М.Осимӣ, раиси бахши илмҳои техникии Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот Турсунов А., директори маркази тарҷума, котиби бахши илмҳои тибби Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот Юсупов А., намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Кумита иштирок намуданд.

Давомаш ниг...

Ҳисобот дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 фаъолияти худро баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016», ҳамчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин замина фаъолиятро дар самтҳои зерин амалӣ намуд:

Давомаш ниг...