Тақвими рӯз


Яш Дш Сш Чш Пш Ҷш Шн


Дар ситоиши забон

Адрес – нишонӣ – суроға

Суроғ дар забони форсӣ-тоҷикӣ иқтибоси туркӣ буда, ин вожа дар фарҳангҳои куҳан, бинобар осори чанде аз гузаштагон ба гунаи суроғ (سراغ) омадааст. Дар фарҳангномаҳо аз ин маъниҳои вожаи суроғ ёд мешавад: ҷустуҷӯ, кофтуков; интизор; нишон, асар, аломат; дарак, хабар. Вожаи суроғ дар ин маъниҳо дар осори Ҳозиқ, Сайидо, Савдо, Ҷомӣ, Бедил ва чанд адибони дигар ба кор рафтааст.

Давомаш ниг...

Дарсад – фисад -фоиз

Ин се вожа ва ё истилоҳ махсуси форсӣ, дарии Афғонистон ва забони тоҷикӣ дониста мешавад, ки корбурди онҳо дар забонҳои ёдшуда чунин аст: форсии Эрон — дарсад, дарии Афғонистон — фисад, тоҷикӣ — фоиз. Дар «Луғати русӣ — тоҷикӣ» (дар алифбои лотинӣ, Сталинобод соли 1934) вожаи русии «процент» 1.prosent, foiz; 2. Sadјak маънӣ шудааст. Дар «Луғати русӣ — тоҷикӣ»-и соли 1949 истилоҳи русии «процент» ва дар забони тоҷикӣ бо вожаҳои «фоиз» ташреҳ гардидаанд. Яъне дар ин фарҳанг ҳамон меъёри «Луғати русӣ — тоҷикӣ»-и соли 1934 такрор оварда шуда, аммо маънои дувуми «процент» sadjak аз луғати соли 1934 дар луғати соли 1949 ворид нагардидааст. Ҳамчунон ки мебинем, дар луғатҳои русӣ ба тоҷикии солҳои 1934 ва 1949 истилоҳи русии «процент» дар ҷойи аввал қарор дошта, дар ҷойи дувум «фоиз» оварда шудааст. Аммо дар «Луғати русӣ — тоҷикӣ»-и соли 1985 истилоҳи русии «процент» бо вожаҳои «фоиз» ва «дарсад» маънӣ шуда, дар ин луғат «фоиз» дар ҷойи аввал ҳамчун вожаи асосӣ дар дарҷи ин маъно ёд гардидааст. Дар ҳамин луғат истилоҳи «процент» ҳамчун иқтибоси русӣ (аз лотинии procentum) аз меъёри забони тоҷикӣ хориҷ карда шудааст.

Давомаш ниг...

Масоили кунунии забони тоҷикӣ

1. Пас аз Инқилоби октябр, ба вижа солҳои бистуми асри ХХ дар сарнавишти забони тоҷикӣ марҳилаи нав оғоз гардид. Аз ин давра то солҳои баъдӣ пиромуни чигунагии забони адабӣ ва меъёрҳои савтиёту имлои ин забон дар миёни адибону равшанфикрони тоҷик баҳсу андешаҳои тӯлонӣ сурат гирифт, ки натиҷаи чунин баҳсҳо дар васоити ахбори умум ва дигар нишастҳои илмӣ дар он солҳо натиҷагирӣ шудаанд. Дар ин баҳсҳо чанде аз эроншиносони шинохтаи рус низ дар ҳаллу фасли масоили забони тоҷикӣ (форсӣ) бо қазоватҳои илмӣ ширкати фаъол доштаанд, ки ин ҳама мавод пас аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дубора нашр ва дар ихтиёри алоқамандон қарор дода шудаанд.

Давомаш ниг...

НАЗАРДОШТ ВА Ё ДАРНАЗАРДОШТ?

Дар корбурди ин ду қолаби вожасозӣ дар забони тоҷикӣ — «назардошт» ва «дарназардошт» андешаҳои мухталиф иброз шудааст. Ҳадафи мо дар ин навишта баррасии ҳамин матлаб дар иртибот ба пайдоиш ва мавриди истифода қарор гирифтани ин ду вожаи мураккаб тақрибан аз охири қарни ХХ дар васоити ахбори умум ва аз роҳи тарҷума ворид гардидани ҳарду ин қолаб дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Имрӯз дар бештар сабкҳои забонӣ ин вожаҳо истифодаи фаровон пайдо карда ва аслан дар баёни мафҳумҳои русии «учёт», «с учётом», «принимая во внимание», «принятие во внимание» кор гирифта мешаванд. Вожаҳои «назардошт» ва «дарназардошт» махсуси забони форсии дарии классикии муштарак ва забони форсии муосиру дарии Афғонистон нестанд. Ин ҳарду вожа дар забони тоҷикӣ низ аз сохтаҳои баъдӣ маҳсуб мешаванд.

Давомаш ниг...

Панҷара – тиреза – килкин
(се истилоҳ дар се кишвари ҳамзабон)

Имрӯз дар забони форсии Эрон, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба таври мустақил аз вожаҳои мутародифи «панҷара», «тиреза» ва «килкин» истифода мешавад. Ин се вожа дар баёни чунин як мафҳуми муштарак яке аз вижагиҳои форсии муосир, тоҷикӣ ва дарӣ дар се ҳавзаи забонӣ ва се кишвари ҳамзабон ба шумор меравад.

Давомаш ниг...

Сипос – ташаккур - раҳмат

Аз ин се вожа ду вожаи нахуст (сипос ва ташаккур) дар форсӣ, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба кор рафта, аммо вожаи «раҳмат» махсуси забони тоҷикӣ ва забонҳои туркии Осиёи Миёна маҳсуб мешавад. Ин вожа дар осори муштараки порсии дарӣ ё форсии классик дар муқобили «сипос» ва «ташаккур» корбурд надорад, ки дар поён дар мавриди ҳар кадоме аз онҳо бар асоси осори давраҳои таърихии забон чунин як тавзиҳотро метавон пешкаш кард.

Давомаш ниг...

Хонавода –оила - фомил

Ин се вожа ба се гурӯҳи забонҳо, яъне эронӣ, арабӣ (сомӣ) ва лотинӣ марбут буда, дар истилоҳоти вижаи форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ ба кор мераванд. Вожаи «хонавода», ки махсуси забони форсӣ — тоҷикист дар баёни ин маънӣ аз оғози давраи нави ташаккули забони порсии дарӣ дар ҳавзаҳои забони он мавриди истифода қарор дорад ва он ягона истилоҳест, ки бо доштани бунёди эронӣ аз баробариҳои дигар тафовут мекунад.

Давомаш ниг...