Тақвими рӯз


Яш Дш Сш Чш Пш Ҷш Шн


Дар ситоиши забон

Мизи мудаввар (21 феврали соли 2012)
ба ифтихори Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

Моҳи ноябри соли 1999 бо ќарори ҷаласаи 30-юми Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО (Ташкилоти давлатҳои муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият) бо маӣсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои ташаккули бисёрзабонӣ ва рушди хазинаи луӣавии забонҳои дунё 21 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардид ва он аз соли 2000-ум инҷониб ҳамасола дар тамоми кишварҳои олам таҷлил мегардад. Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллату кишвар маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халӣиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуӣуӣӣ муҳайё гардидаанд.

Давомаш ниг...

Мизи муддаввар бахшида
ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ
дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(21 феврали соли 2014)

Моҳи ноябри соли 1999 баъди ба тасвиб расидани қарори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) 21 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардид, ки аз соли 2000-ум инҷониб ин рӯз ҳамасола дар тамоми кишварҳои олам ҷашн гирифта мешавад.
Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллату кишвар маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.

Давомаш ниг...

МИЗИ МУДАВВАР
бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз (18 марти соли 2014)

Ҳадафҳои созандагии Наврӯз ва Истиқлолият бо орзую омол ва нияту ормонҳои наҷиби халқи мо ҳамоҳанг буда, ба неруи зебоиофарӣ, асолати фарҳангдӯстӣ, ғояҳои инсонпарварӣ ва кору пайкори ободгаронаи онҳо илҳому мадори тоза мебахшанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Давомаш ниг...

Мизи мудаввар бахшида ба «Соли оила»
(26-уми ноябри соли 2015, соати 10:00)

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом гирифт, то бахшида ба «Соли оила» чунин як чорабинӣ, мизи мудавварро таҳтиунвони «Забони модариам ҷони покам!» баргузор намояд.
Дар чорабинӣ намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе ва намояндагони Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияҳои пойтахт, кормандони Кумита ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Давомаш ниг...