Тақвими рӯз


Яш Дш Сш Чш Пш Ҷш Шн


Дар ситоиши забон

Вохурӣ бо донишҷӯёни мактабҳои олии вилояти Хатлон

Бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, иҷрои талаботи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 2014, №25397/26 барои баргузории силсилаи мулоқотҳо бо донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таърихи 22-уми майи соли 2015 вохӯрии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор гардид, ки дар ин чорабин зиёда аз 140 нафар иштирок доштанд. 25-уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо иштироки 70 нафар омӯзгорону донишҷӯён ва 1-уми июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ бо иштироки зиёда аз 75 нафар устодон ва донишҷӯён дар масъалаҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», меъёрҳои имлои забони тоҷикӣ ва корбурди истилоҳот машварат баргузор гардид. Машваратро ректорони Муассисаҳои номбурда кушода эълон намуда, сипас раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода оид ба сиёсати давлат дар бораи забон, меъёрҳои Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, хамчунин меъёрҳои истилоҳнигорӣ ва вазъи имрӯзаи истилоҳот дар ҷомеи имрӯза суханронӣ намуд.

Давомаш ниг...