Тақвими рӯз


Яш Дш Сш Чш Пш Ҷш Шн


Дар ситоиши забон

Оғози робитаҳои байналмилалӣ
дар самти забон ва истилоҳот

Дар Қасри миллат аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва вазири фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Ҷаннатӣ Созишнома байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот ба имзо расид.
Дар Созишнома ҳамчунин масъалаҳои мубодилаи мунтазами ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла нашрияҳои идоравӣ ва методӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак, конференсия, симпозиум ва семинарҳои илмию амалӣ, тайёр кардан ва боло бурдани сатҳи тахассусии кормандони мақомот тавассути баргузории дарсҳои назариву амалӣ ба инобат гирифта шудааст.