Тақвими рӯз


Яш Дш Сш Чш Пш Ҷш Шн


Дар ситоиши забон

Санҷиши гурӯҳи корӣ дар вилояти Суғд

Дар асоси фармоиши раиси Кумита аз 22-юми майи соли 2015, №46 гурӯҳи корӣ дар ҳайати сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р.Р. — роҳбари гурӯҳ ва мутахассиси пешбари бахши экспертизаи забоншиносӣ Сатторов А.Б. аз 26-уми май то 3-юми июни соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи иҷрои «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ва риояи меъёри «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар Мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ҷамоатҳо, шуъбаҳои маориф, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, бахшҳои фарҳанг, нозироти андоз, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишии ноҳия новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ,мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Гурӯҳи корӣ тибқи барномаи амалкунандаи худ масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ, таъсис ва омӯзиши давраҳои таълими забони давлатиро дар мақомот, ҷамоатҳо, маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ санҷида, байни кормандон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондан ба роҳ монданд. Гурӯҳи корӣ оид ба рушду густариши забони давлатӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» дар минтақаҳои мазкур бо устодон, донишҷӯён, раисони Комиссия ва ҷамоатҳо вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуд, ки ин барои пешбурди сиёсати забони давлатӣ аҳамияти басо муҳим дошт.

Гузориш аз натиҷаи санҷиши татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Аз тарафи гурӯҳи корӣ дар ҳайати Холиқов Фирӯз – ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Зулфонов Раҳим – сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябр то 29 ноябри соли 2013 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» дар Комиссияи татбиқи забони давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва як қатор ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва марказҳои савдои ҳудуди ноҳияи мазкур мавриди санҷиш қарор гирифт.

Давомаш ниг...