Тақвими рӯз


Яш Дш Сш Чш Пш Ҷш Шн


Дар ситоиши забон

Суханронии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илми филология, профессор Д.Саймиддинов дар мизи мудаввар дар мавзӯи «Китоби дарсӣ ва масоили имло» (15 ноябри соли 2013)

Дар иртибот ба мавзӯи мизи мудаввари имрӯза мехоҳам чанд нуктаи муҳимро аз дастуру ҳидоятҳои Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба сиёсати давлатӣ дар бораи забон хотирнишон созам. Ҳанӯз 22 июли соли 2003 дар Номаи табрикотии хеш сарвари давлат чунин таъкид фармуда буданд: «Имрӯз мо ба услуби илмӣ, забони суфтаву шево ва оммафаҳми матбуот, забони коргузории устувор, истилоҳи ягонаи соҳаҳо, луғатҳои тафсирии якзабона, дузабона, имлои нисбатан возеҳу ба меъёрҳои забонамон хос эҳтиёҷ дорем….». Ин ҳидояти Президенти кишварро Кумита аз рӯзҳои нахусти фаъолият амалӣ намуда, Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро бо ҷалби забоншиносон ва дар мувофиқа бо Академияи илмҳо ва кафедраҳои забони тоҷикии мактабҳои олӣ омода намуд. Пас аз тасдиқи Қоидаҳои имло бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 аз фонди захиравии Президенти муҳтарами кишвар Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ нашр гардид.

Давомаш ниг...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (4 октябри соли 2012)

Дӯстони гиромӣ! Ҳозирини арҷманд! Мулоқоти мо ба хотири гиромидошти забони давлатӣ дар арафаи Рӯзи забон, ки дар иртибот ба тасвиби Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5-уми октябр муқаррар шудааст, баргузор мегардад.
Аз соли 2009 ин сана ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад. Имрӯз мову шумо Рӯзи забонро дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ дар замони давлатдории миллӣ таҷлил менамоем.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.

Давомаш ниг...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (5 октябри соли 2010)

Дӯстони гиромӣ! ҳозирини арҷманд! Баъди ба тасвиб расидани қонуни забон дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бистудуюми июли соли 1989 ин сана ба ифтихори бузургдошти забони давлатӣ ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллии мо ворид карда шуд.
Дар ин муддат, алалхусус дар даврони истиқлолият ин ҷашн дар саросари кишвар бо ширкати фаъоли тамоми шаҳрвандон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҳамасола таҷлил карда мешавад.
Соли гузашта мардуми шарифи Тоҷикистон бистумин солгарди ин санаи фархундаро ҳамчун арзи эҳтиром ба ин муқаддасот ва появу бунёди давлату давладтории миллӣ ҷашн гирифтанд.

Давомаш ниг...