Тақвими рӯз


Яш Дш Сш Чш Пш Ҷш Шн


Дар ситоиши забон

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

Моддаи 1. Дар сархати ёздаҳуми банди 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 «Дар бораи рӯзҳои ид» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, мод. 237; с. 1998, № 10, мод. 125, № 23-24, мод. 338; с. 1999, № 5, мод. 76; № 12, мод. 308; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 191, мод. 194, мод. 197; с. 2003, № 4, мод. 132; № 8, мод. 449; № 12, мод. 678; с. 2004, № 5, мод. 350; № 12, қ. 1, мод. 697; с. 2005, № 3, мод. 131; № 12, мод. 658; с. 2008, № 1, қ. 2, мод. 9; № 3, мод. 188; № 12, қ. 1, мод.988; с. 2009, № 5, мод. 319; № 7-8, мод. 493; № 11, мод. 698, мод. 699) калимаҳои «22 июл–Рӯзи забони тоҷикӣ» ба калимаҳои «5 октябр–Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе, 21 июли соли 2010 № 615

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси
ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Дар ном ва матни моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии мамурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, №12, қисми 1, мод. 989, 990; соли 2009, №5, мод.321; №9-10, мод.543; соли 2010, №1, мод. 2, мод. 5; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2010,№ 598), калимаҳои «Дар бораи забон» ба калимаҳои «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣмавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе, 21 июли соли 2010 №614

Иқтибос аз Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 89. Риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», - ба шахсони воқеӣба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣто чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

Моддаи 1. Ба қисми 3 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 «Дар бораи хизмати давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 166; с. 2007, №6, мод. 429; с.2010, №3, мод. 158) сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад: «-донистани забони давлатӣ;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣмавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН ш.Душанбе, 28 июни соли 2011

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба қисми дуюми моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 183) пас аз калимаҳои «шуда метавонад, ки» калимаҳои «забони давлатиро донад,» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣмавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН ш.Душанбе, 28 июни соли 2011 №746

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани илова
ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.2, мод. 703; мод. 704; с.2006, №3, мод. 159; с. 2007, №7, мод. 681; с. 2008, №6, мод. 459; №10, мод. 818; с. 2011, №3, мод. 160), пас аз калимаҳои «олӣбошад» калимаҳои «, забони давлатиро донад» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣмавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН ш. Душанбе, 28 июни соли 2011 №747

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193; с. 2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154) пас аз калимаи «расида,» калимаҳои «забони давлатиро медонанд,» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣмавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН ш.Душанбе, 28 июни соли 2011 №748

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИИ ТОҶИКИСТОН
«Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 223; с. 1997, №9, мод. 110; с. 1998, №10, мод. 111; мод. 115; с. 2000, №6, мод. 349; с. 2001, №4, мод. 200; с. 2004, №2, мод. 43; с. 2006, №3, мод. 142; с. 2007, №7, мод. 650; с. 2008, №3, мод. 180; №10, мод. 794; с. 2009, №7-8, мод. 488) қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: «Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд забони давлатиро донад.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣмавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе, 28 июли соли 2011 №728

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИИ ТОҶИКИСТОН
«Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба қисми якуми моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с. 2007, №5, мод. 350; №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, №5, мод. 314; с.2011, №3, мод. 150) пас аз калимаҳои «ҳуқуқшиносӣдоранд» калимаҳои «, забони давлатиро медонанд» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣмавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе, 28 июли соли 2011 №731

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИИ ТОҶИКИСТОН
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 490; с. 2003, №12, мод. 685; с. 2004, №5, мод. 347; с. 2006, №3, мод. 143; с. 2007, №7, мод. 651; с. 2008, №3, мод. 181; №6, мод. 443; №12, қ. 1, мод. 982; с. 2010, №1 мод. 1; №12, қ.1, мод. 799) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 1. Ба моддаи 11 қисми шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад: «Судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе, суди шаҳр ва ноҳия, судҳои ҳарбӣ, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят, суди иқтисодии шаҳри Душанбе бояд забони давлатиро донанд.». 2. Дар қисми дуюми моддаи 71 калимаи «ҷаласаҳои» ба калимаи «маҷлисҳои» иваз карда шавад. 3. Дар қисми дуюми моддаи 1031 пас аз калимаҳои «кам набошад,» калимаҳои «забони давлатиро донад,» илова карда шаванд. 4. Дар ном ва матни моддаи 131 калимаҳои «ҷаласаи» ва «ҷаласаҳои» мувофиқан ба калимаҳои «маҷлиси» ва «маҷлисҳои» иваз карда шаванд. 5. Дар моддаи 134: - дар номи модда калимаи «ҷаласаи» ба калимаи «маҷлиси» иваз карда шавад; - дар қисми якум пас аз калимаҳои «ҳуқуқӣдошта,» калимаҳои «забони давлатиро донанд ва» илова карда шаванд; - дар қисми дуюм калимаи «ҷаласаи» ба калимаи «маҷлиси» иваз ва пас аз калимаи «бошанд» калимаҳои «, забони давлатиро донанд» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣмавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон ш.Душанбе 2 августи соли 2011 №754

Давомаш ниг...