Тақвими рӯз


Яш Дш Сш Чш Пш Ҷш Шн


Дар ситоиши забон

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ.

Ба гурӯҳи эронии, оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ шомил мебошад. Забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, инчунин дар баъзе ноҳияҳои Афғонистон, Эрон, Ҷумҳурии Халқии Чин паҳн шудааст. Забони тоҷикӣ сохти аналитикӣ дорад. Алоқаи калимаҳо дар ҷумла бештар бо бандаки изофӣ ва пешоянду пасояндҳо ифода меёбад. Шаклҳои феълӣ хеле инкишоф ёфтаанд; ибораҳои феълӣ (масдарӣ, сифати феълӣ ва феъли ҳол) бисёр вақт ба вазифаи ҷумлаҳои пайрав кор фармуда мешаванд. Дар лексикаи забони тоҷикӣ аз забонҳои арабӣ, форсӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва ғ. калимаҳои зиёд иқтибос шудаанд; инчунин ба воситаи забони русӣ бисёр калимаҳои иқтибосии аврупоӣ низ ворид гардидааст. (идома дорад)