Тақвими рӯз


Яш Дш Сш Чш Пш Ҷш Шн


Дар ситоиши забон

Номгӯи

масъалаҳои назоратие, ки аз рӯи онҳо доир ба вазъи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ санҷиш гузаронида мешавад

1. Гузаронидани санҷиш доир ба вазъи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2009, №11:

1) Донистани забони давлатӣ миёни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ.

2) Омӯзиши забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;

3) Ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он;

4) Забони баргузории маҷлису машваратҳо ба забони давлатӣ;

5) Риояи меъёри Қоидаҳои имлои забони адабӣ дар коргузорӣ;

6) Забони коргузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ;

7) Таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои зерқонунӣ амру қарор ва фармоишҳои роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ;

8) Вазъи омӯзиш, таълим ва таҳсил ба забони давлатӣ дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ.

9) Таҳия ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ.

10) Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба забони давлатӣ.

11) Забони воситаҳои ахбори омма, нашри рӯзномаю маҷаллаҳо, интишори рекламаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ. Инчунин, матни тарҷума ва сабтшудаи забони филмҳо.

12) Санҷиши эълону реклама ва маводи иттилоотӣ.

13) Санҷиши коргузории ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд. 14) Санҷиши забони иттилоот ва коммуникатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

15) Санҷиши забони мукотиба дар коргузории вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ.

16) Санҷиши номгузории вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ.

17) Санҷиши лавҳаю овезаҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ.

18) Санҷиши номгузорӣ, иваз намудани номи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳаҳо, инчунин кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, боғҳои фарҳангӣ ва маҳалҳои дигари аҳолинишин.

19) Санҷиши забони матни муҳру тамғаҳои ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ.

20) Санҷиши бланкҳо, нархномаҳо ва маводи иттилоотии дигар.

3. Гузаронидани санҷиш оид ба фаъолияти Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»:

1) Баррасии Низомномаи Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

2) Рӯйхати аъзои Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

3) Нақшаи кории Комиссия.

4) Баррасии фаъолияти Комиссия дар ҷаласаҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо.

5) Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо.

6) Натиҷаи санҷишҳои Комиссия дар мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо.

7) Гузоришҳо аз фаъолияти Комиссияи татбиқи Қонуни мазкур (шашмоҳа ва солона).

8) Маълумотнома ва протоколҳои Комиссия.

4. Гузаронидани санҷиш оид ба иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016».

5 Гузаронидани санҷиш оид ба иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ».

6. Гузаронидани санҷиш ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004, №330 «Дар бораи насб намудани ҳуруфи алифбои тоҷикӣ дар барномаҳои компютерӣ».

7. Гузаронидани санҷиш оид ба иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми июли соли 2016, №325 «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ».