«Забони миллат- ҳастии миллат»- китоби нави Эмомалӣ Раҳмон
Китоби нави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат» баргузор шуд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода – Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар сухани муқаддимотии худ дар остонаи ҷашни ҷамшедии Наврӯз нашр гардидани китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро дастоварди бузурги илмию фарҳангӣ ва муждаи наврӯзӣ барои миллати тоҷик ва кулли форсизабонони ҷаҳон арзёбӣ кард.
Зикр шуд, ки китоби нави Эмомалӣ Раҳмон доир ба сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ, шебу фарозҳои он дар масири зуҳуру густариш ва зарфиятҳои фароху фарогири забони тоҷикӣ маълумот медиҳад.
Дар асар решаҳои ориёии забони тоҷикӣ бо далелҳои қавии илмӣ ва таърихӣ исбот шудаанд. Ҳамчунин даврабандии таърихии забони тоҷикӣ дар асоси маводи нави илмӣ матраҳ шудааст.
Дар маҷмӯъ асари мазкур фарогири бузургтарин сарчашмаҳои таърихию тамаддуни тоҷикон аст. Хусусан муаллифи асар – Пешвои миллат таърихи пайдоиши забони тоҷикиро дар фасли алоҳидаи китоб таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат» гирд овардааст.
Зикр мешавад, ки зодгоҳи асосии забони тоҷикӣ Хуросону Мовароуннаҳр, соҳили чапу рости рӯди Ому, хусусан қаламрави ҳозираи Тоҷикистон аст. Ҳамзамон дар асар доир ба сарнавишти забони тоҷикӣ дар замони истилои араб дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти илмӣ оварда шудааст, ки он барои пажӯҳиши дурнамои забоншиносӣ дастури муфиди илмӣ маҳсуб мешавад.
Таъкид шуд, ки бобҳои алоҳидаи асар дар заминаи осор ва матнҳои илмӣ, таърихӣ ва адабӣ, замина ва омилҳои эҳёи забони тоҷикӣ, ки дар аҳди Тоҳириёну Саффориён ва махсусан дар замони шукуфоии давлатдории тоҷикон -Сомониён ба авҷи олӣ расида буд, махсус зикр гардидааст.
Дар маросими муаррифии асари нави Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, олимон, президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ ва дигар донишмандони шинохтаи кишвар – Кароматулло Олимов, Сайфидин Назарзода, Сахидод Раҳматулло ва дигарон доир ба паҳлуҳои таърихию илмии ин асари арзишманд ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки асари мазкур на танҳо барои мо тоҷикон, балки тамоми форсизабонони дунё хизмати бузург хоҳад кард.
Нашри китоби нави Пешвои миллат дар нашриёти «ЭР-граф»-и пойтахт идомаи мантиқии таҳқиқоти Пешвои миллат дар самти худшиносии миллӣ ва амалӣ намудани ормонҳои миллии тоҷикон арзёбӣ гардида, он дар забоншиносии тоҷик ва илми ҷомеашиносии муосири кишварамон дастоварди муҳим ва нотакрори илмию сиёсӣ маҳсуб мешавад.
Category:
- Забонҳои Тоҷикистон [3]
- Фаъолият [4]
- Эълонҳо [5]