Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гавҳар Шарофзода: «Кас аз дасту забони худ маёзор…»
3 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ ба хотири тоза нигоҳ доштани забон аз калимаҳои қабеҳ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳли ҷомеа ҷашн мегиранд. Забони ҳар як халқ, аз ҷумла миллати тоҷик баёнгари нияту ормон, орзую омол, ақида ва мақсаду мароми фарзандони он ба ҳисоб меравад. Эҳтиром, ҳифз ва тоза нигоҳ доштани забони модарии мо вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Дар робита ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тоза нигоҳ доштани забони модарӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ҳамсуҳбат шуд.
«Ховар»: Бигӯед, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ ҳамчун пешбарандаи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои назорат ва пешгирии истифодаи забони ғайримеъёрӣ чӣ тадбирҳо андешидааст ва меандешад?
Гавҳар Шарофзода: Забони ягонаи миллӣ ба ҷомеа шароити мусоидро баҳри амалӣ гардидани муошират дар самтҳои гуногуни фаъолият муҳайё месозад. Забон пайвандгари иртиботи фарҳангиву адабӣ байни манотиқи гуногуни дунё маҳсуб мешавад. Танҳо забони адабӣ, ки ҳамчун воситаи муоширати як ҷомеаи мустақили забонӣ мебошад, мардумро дар таркиби як воҳиди маъмурӣ, як кишвар муттаҳид месозад. Чунончи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват бар он доранд, ки: «Ифтихори миллӣ аз донистани забони адабӣ оғоз мегардад, барои ҳамин дақиқ омӯхтани забон бояд аз хонавода шурўъ шавад, баъдан дар муассисаҳои томактабӣ, мактаб, донишгоҳҳо, корхонаҳо вусъат ёбад». Бинобар ин, барои ҳамаи соҳибзабонон зарур аст, ки забони адабӣ ва меъёрҳои онро донанд ва онро аз забони ғайримеъёрӣ ё ғайриадабӣ муҳофизат намоянд. Албатта, Кумитаи забон он ваколатҳоеро, ки дар салоҳияти худ дорад, баҳри ҳифзи забони адабӣ истифода мекунад. Аз ҷумла, фаъолияти комиссияҳои забонро, ки дар тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо амал мекунанд, ҷиҳати пайваста баргузор шудани курсҳо барои омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки яке аз қисматҳои асосии меъёри забони адабӣ мебошад, назорат мебарад.
«Ховар»: Дар бисёр ҳолатҳо кӯдакон зимни бозӣ ҷангу хархаша карда, якдигарро ҳақорат мекунанд. Ба андешаи Шумо кӯдакон дашномро аз кӣ ва дар куҷо ёд мегиранд?
- Шарофзода: Оила яке аз омилҳои асосие мебошад, ки он барои фарзандон метавонад таъсири манфӣ ё мусбати худро гузорад. Яъне, муносибат, эҳтиром, фарҳанги воло доштан, ба суннатҳои неки ниёгон арҷ гузоштан, забонро аз бадгӯйӣҳифз намудан, яке аз омилҳои муҳим дар ҳифзи арзишҳои инсонӣ буда, саргаҳи он оила ё хонавода ба ҳисоб меравад. Фарзандон назораткунанда ва пешбарандаи ҳама он ахлоқ ва одобе мебошанд, ки падару модар дар идора кардани хонавода аз он корбаст менамоянд. Аз ин рӯ, дашном, ҳақорат, суханҳои қабеҳро чун бузургони хонавода ба забон меоранд, фарзандон онро пайгирӣ мекунанд ва таъсири он ба муҳити беруна, ба фарзандони дигар хонаводаҳо низ мерасад. Гузаштагони арҷманд ва барӯманди мо мактаби хеле бузургеро бо номи тарбияи хонавода дар рӯзгор роҳандозӣ карда буданд ва мудом даъват аз эҳтиёт ва эҳтироми арзишҳои суннатии неки ниёгонро доштанд, аз ҷумла назди фарзанд бо эҳтиром сухан гуфтан, забонро аз алфози бад нигоҳ доштан, зеро хотираи фарзанд нақше дар сангро мемонад ва он хотира дар давоми умри ба сар бурдаи фарзандонамон рўшанибахши ҳаёти осоишта ё саргардоне аст, ки мо, падару модар ва наздикон ба фарзанд ба мерос гузоштаем. Аз ин рӯ, хонавода поягузори лаҳни шево ё дағали фарзандон мебошад.
«Ховар»: Имрӯз на танҳо ҷавонон, наврасону калонсолон, ҳатто баъзе роҳбарони сатҳи поён низ дашномро истифода мекунанд. Дар сурате ки забони роҳбарон бояд барои тарғиби забони адабӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он намуна бошад. Оё чунин тарзи муносибати дағал бо зердастон ва истифодаи алфози қабеҳ метавонад ба шаъни роҳбарон зебанда бошад?
Гавҳар Шарофзода: Мо тоҷикон фарҳанги ғанӣ ва хеле қадима дорем, ки ҳанӯз бузургони ин миллати барӯманду арҷманд дар худ як мактаби бузурге бо номи идора кардани равонии хешро ҳангоми баҳсҳои илмиву оммавӣ, хашм пеш наовардан ва забонро аз гуфтори баду қабеҳ нигоҳ доштан ба аҳли ҷомеа меомӯзониданд. Аз ҷумла, бузурге фармудааст:
Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд,
Ба кӯҳ овози хуш гӯ, то хуш ояд.
Ё худ:
Гар модари хеш ту дӯст дорӣ,
Дашном мадеҳ ба модари ман.
Ҳар як фард дар рӯи олам муаррификунандаи хеш дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла кору кирдор, рафтору гуфтори худ буда метавонад. Шахсе, ки аз ширинии алфози модар огоҳ нест, дилсӯз, меҳрубон ва худшинос буда наметавонад. Инсонҳо дар олам аз муносибат бо наздикон, зердастон, азизон, фарзандон, хешу таборон ба ҳам азиз мегарданд ё бегона. Ба қавле:
Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор,
Кас аз дасту забони худ маёзор.
«Ховар»: Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки истифодаи каломи қабеҳ хашму ғазабро паст мекунад ва аз баъзе филмҳои амрикоиву русӣ мисол меоранд, ки дар онҳо низ ҳақорат истифода мешавад. Аммо аксаран бо ишора ба суннатҳои миллӣ истифодаи ҳарфи бадро камоли бемаданиятӣ мехонанд. Пешгирии вуруди чунин филмҳои ба фарҳанги мо бегона метавонад садди роҳи тарғиби забони ғайримеъёрӣ гардад?
Гавҳар Шарофзода: Истифодаи калимаи қабеҳ хашму ғазабро паст намекунад, зеро аз нигоҳи равоншиносӣ низ инсон баъд аз пош додани қаҳру ғазаб дер боз ақли худро идора карда наметавонад. Ҳатто ин ҳолат инсонро ба гумроҳӣ мебарад. Дар тафсири яке аз ҳадисҳо Саҳеҳи Бухорӣ фармудааст:
«Шахси ғазаболуд ҳамавақт мағлуб аст».Ҳақ бар ҷониби ин мутафаккири бузург мебошад.
Пешгирии тарғиби забони ғайримеъёрӣ дар забони филмҳое, ки тарҷума шуда, ба бинандагон пешниҳод мегарданд, мумкин аст, зеро тарҷумони оқил метавонад ин ҳолатро бо як маҳорати хуби тарҷумонӣ дар доираи меъёри забони адабӣ ва фарҳанги миллии худ бо ишора ё гуфтор ва суннати неки миллӣ пахш намояд, на бо тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва қабеҳ асаби бинандаро хароб гардонида, онро ба чунин кирдори ғайриинсонӣ ё истифодаи лафзи қабеҳ даъват намояд.
«Ховар»: Ба андешаи бархе аз ҷомеашиносон кишваре, ки ҷанг ё буҳрони сиёсиро аз сар мегузаронад, дар он чунин падидаҳои манфӣ, яъне ҷои меҳру шафқат ва эҳтиром бераҳмиву беэҳтиромӣ ва ҷои сухани нарм сухани дурушт ё ҳақорат пайдо мешаванд. Вале дар марҳилаҳои баъдӣ бояд ҷомеа аз паси ислоҳи он биравад. Имрӯз дар баъзе аз кишварҳо истифодаи алфози қабеҳ ва дашном дар маконҳои ҷамъиятӣ қонунан манъ мешавад. Оё дар Тоҷикистон низ барои ба воситаи қонун манъ кардани забони ғайримеъёрӣ фурсат нарасидааст?
Гавҳар Шарофзода: Ман ба андешаи бархе аз ҷомеашиносон, ки гӯё кишваре, ки ҷангро пушти сар кардааст, мардумаш ҷои меҳру шафқат бераҳмиву беэҳтиромӣ ва ба ҷои сухани нарм сухани дуруштро ливо мекарда бошанд, розӣ шуда наметавонам.
Сарчашмаҳои зиёди таърихӣ гувоҳанд, ки кишварҳои ҷангзада бо ҳам бо муҳаббат ва эҳтиром муносибат дошта, садоқату вафоро шиори доимии худ гардонидаанд. Аз ҷумла, магар дар тамаддуни миллати мо сарзамини бузурги аҷдодиамон кам кашмакашу ғорат, хунрезиву таҳқирро пушти сар кардааст? Албатта не! Барои мисол ҳуҷуми Искандар, Чингиз, арабҳо ин ватани биҳиштосоро зери суми аспҳои ваҳшии худ қарор дода, мардуми сарбаланду мағруру ифтихормандро кам сар буридаву ба асорат бурдаанд? Боз ҳам миллати тоҷик тоҷ бар сар, сарфароз, фозилу хирадманд мондааст.
Имрӯзҳо фарзанди фарзона ва номбардори таърихи гузаштаву имрӯзаи тоҷик боз ҳам мардуми оламро ба сулҳу субот, садоқату вафо, муҳаббату эҳтиром ба ҳам аз минбарҳои баланд даъват менамояд. Ман гумон дорам, ки миллати барӯманду сарбаландро ҳеҷ зарурате нест, ки дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ истифодаи забони ғайримеъёриро манъ созем, зеро ба ин талабот фарзандҳои ин сарзамин ниёз надоранд. Агар бошанд, ками дар кам ба назар мерасад, он ҳам бо таъсири фарзонагии ҷомеа ва мардуми хирадманд забони худро аз истифодаи алфози қабеҳ нигоҳ медоранд.
Хулоса, ба табиати хушгуфториву нармгуфтории забонҳо ҳеҷ як рӯйдоди сиёсӣ ва ҷангу низоъ монеа шуда наметавонад ва фарҳанги гуфтори забони тоҷикӣ низ аз чунин камбудиҳо орӣ мебошад.
«Ховар»: Шумо дар нишасти матбуотӣ изҳор доштед, ки забони тарҷумаи студияҳои ғайридавлатиро, ки ба назари Шумо ба меъёрҳои забони тоҷикӣ мувофиқ нестанд, месанҷед. Студияҳоеро, ки номбар кардед, студияҳои навтаъсиси ғайридавлатӣ буданд. Оё забони тарҷумаи филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм» ва ё ТВ «Сафина» пурра ба ин талабот ҷавобгӯ ҳастанд?
Гавҳар Шарофзода: Дар иртибот ба ин масъала дар Кумита ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ин соҳа бо даъвати намояндагони студияҳои хусусӣ ва давлатӣ ҷамъомад баргузор гардида буд. Ва бартараф намудани камбидиҳои забони тарҷумаи филмҳои тамоми шабакаҳои тарҷумакунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Албатта, ҳанӯз бисёр истилоҳот дар филмҳои ТВ «Сафина» ва киностудияи «Тоҷикфилм» нодуруст садо медиҳанд, вале дар қиёс бо студияҳои хусусӣ он хеле беҳтар буда, то ҳадде ба талаботи забони адабӣҷавобгӯ мебошанд. Ҳамзамон Кумита тасмим гирифтааст, ки забони тарҷумаи филмҳои студияҳои ғайридавлатӣ ва давлатиро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор дар соли 2017 аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва истилоҳнигорӣ бисанҷанд.
«Ховар»: Дар маводи ВАО, ки мардум бештар дар забон ва ҳусни баён ба онҳо такя мекунанд, қоидаҳои забони давлатӣ риоя намешаванд. Масалан, шакли ҷамъбандӣ (менависанд ва мегӯянд: «Дар Сурия ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ кушта шуд»; «Ҳазорҳо шаҳру деҳот харобу биёб гардид»; «мақомотҳо»; «навоҳиҳо»; «ахборот»; «ахборотҳо»), номи расмии вазорату идораҳо («масалан, ба ҷои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр менависанд “шаҳрдорӣ») риоя намешавад. Баъзе нашрияҳо дар як ҷумла чанд калимаю ибораи тоҷикӣ ва русию англисиро якбора ҷой мекунанд… Вобаста ба ин ҳолатҳо Кумита чӣ тадбирҳо меандешад?
Гавҳар Шарофзода: Вобаста ба забони рӯзномаву маҷаллаҳо кормандони Кумита вазифадор гардидаанд ва мунтазам забони ин нашрияҳоро мавриди ташхиси забоншиносӣ қарор медиҳанд. Айни замон, шумораҳои якмоҳаи забони рӯзномаҳои даврӣ ва хусусии кишвар, ки аз нигоҳи риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мавриди экспертиза қарор дода шудаанд, барои корбарӣ ба Вазорати фарҳанги ҶТ ирсол хоҳанд гардид.
«Ховар»: Назари Шумо ба номҳои ширкатҳои маъруфи ҷаҳон, аз қабили Ашан, Coca-Cola [1], Mercedes [2], KFC [3], зеро дар тамоми дунё ин ширкатҳо бо ҳамон ном ва тарзи навишту ҳуруфи навишт бренд доранд. Агар сухан дар бораи номи идораю муассисаҳо ва ширкатҳои ватанӣ меравад, пас номи ТАЛКО низ тоҷикӣ не, балки русист (Таджикская алюминиевая компания). Интихоби ин ном барои шӯҳрат ёфтан ё рекламаи маҳсулоти ин корхона дуруст аст, он дар пайравӣ ба корхонаҳои машҳури «Дубал», «Русал», «Суал» ва ғайра номгузорӣ шудааст. Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки дар номгузорӣ бояд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ озод бошанд. Шумо чӣ назар доред?
Гавҳар Шарофзода: Аз саволи пешниҳодшуда маълум мегардад, ки масъалаҳои тамғаҳои молӣ ва мушкилоти номгузории ташкилоту муассисаҳо мавриди баҳси баъзеҳо гаштааст.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки масъулини ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар сатҳи зарурӣ намедонанд ё масъулини мақомоти дахлдор фаъолияти худро дар доираи қонунгузории мазкур ба роҳ намондаанд.
Оид ба тамғаҳои молӣ ва ҳамчун номгузорӣ истифода бурдани тамғаҳои молии хориҷӣ (Ашан, Coca-Cola, Mercedes, KFC) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамоем, ки тартиби истифодабарии тамғаҳои мазкур дар асоси санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» аз ҷониби мақоми ваколатдор, МД «Маркази миллии патенту иттилоот» дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳамон забоне, ки тамғаи молӣ ба қайд гирифта шудааст, ба низом дароварда мешавад.
Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони инфиродӣ вазифадоранд талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намоянд.
Мутаассифона, дар рафти санҷиши гурӯҳҳои кории Кумита доир ба татбиқи моддаҳои 13, 18 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе доир ба номгузории нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ, маводи реклама ва тамғаҳои молӣ маълум мегардад, ки бештари масъулини ин муассисаҳо аз мақомоти дахлдор иҷозатнома надоранд ва қонунгузориро сарфи назар карда, тамғаҳои молии хориҷиро ғайриқонунӣ дар муассисаҳои худ истифода мебаранд, ки ин амал ҳамаи шаҳрвандонро ба нофаҳмиҳо мебарад.
Ҳамчунин оид ба тамғаҳои молии ватанӣқайд менамоям, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ва моддаҳои 18 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забони давлатӣ сурат мегирад. Инчунин тибқи қисми 3-и моддаи 18-и Қонуни мазкур номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ ба роҳ монда мешавад.
Хуб мешуд, ки соҳибкорони муҳтарами мо минбаъд тамғаҳои молии худро бо Кумита мувофиқа намуда, бо тамғаҳои молии худ муаррифгари забону фарҳанги миллӣ дар бозори ҷаҳонӣ бошанд.
Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот дар соли 2017 санҷиши Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», тамғаҳои молии ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ ва ватаниро дар номгузории нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ, маводи реклама ба нақша гирифтааст.
«Ховар»: Чанде пеш дар интернет хабаре дар бораи як тоҷики бурунмарзӣ, (душаҳрвандии Россияву Тоҷикистон) ки ба писараш номи «Путин»-ро гузоштааст, нашр гардид. Ин боиси вокуниши бисёре аз ҳамватанони мо, бахусус шахсони тақводор гардид. Назари Шумо чист?
Гавҳар Шарофзода: Агар ҳаммиллати мо шаҳрванди хориҷӣ бошад, пас мо ба ин дахолат карда наметавонем. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пос доштани суннати номгузории миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои маънавӣ «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» қабул шудааст, ки тибқи он номгузорӣ ба роҳ монда мешавад. Дар асоси Феҳристи мазкур дар суннати номгузории миллии тоҷикӣ насаб (фамилияи пурра) ҳаргиз ном шуда наметавонад.
«Ховар»: Дар Кумита барои таҳия ва қабули қоидаҳои имло, баррасию натиҷагирӣ ва хулосабарорӣ аз ҳисоби академикҳо ва профессорони номвари забоншинос Шӯрои махсус амал мекунад, вале ин корҳоро мутахассисони Кумита ба ҷо меоранд. Сабабаш дар чист?
Гавҳар Шарофзода: Дар иртибот ба масъалаи баррасии лоиҳаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ин гуфтаҳо асос надоранд, зеро барои таҳияи Қоидаҳои имло гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст ва ин кор танҳо дар ҳамкории онҳо амалӣ шуда истодааст. Мутахассисони Кумита дар ҳамгунсозии афкору ақидаҳо ва пешниҳодҳои олимон барои нусхаи ниҳоии лоиҳаи мазкур хидмат мекунанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ Кумита назари худро ба гурӯҳи корӣ пешниҳод мекунад ва ҷонибдорӣ шудан ё нашудани он бар дӯши гурӯҳи корӣ мебошад. Дар интиҳои ҷамъбасти Қоидаҳои имло имзои ҳайати гурӯҳи корӣҳатмӣ буда, бе имзои онҳо Кумита лоиҳаи мазкурро барои тасдиқ ба Ҳукумат пешниҳод карда наметавонад.
«Ховар»: Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи тоҷикие бо номи «ДУРУСТ БИНАВИСЕМ» ташкил карда шудааст. Нафарони зиёд оид ба тарзи навишти дурусти калимаю ибораҳо ва маънию мафҳуми онҳо савол медиҳанд ва донишмандони шинохта, аз қабили шоир ва олим, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳобиён ба суолҳояшон посух мегӯянд. Шумо бо ин саҳифа шинос ҳастед ва ҷавобҳои онҳо Шуморо қонеъ мегардонад?
Гавҳар Шарофзода: Мо бо ин саҳифа ошно ҳастем ва бояд зикр намуд, ки ин амал ба фоидаи кор аст ва ба рушду густариши забони тоҷикӣ кумак мерасонад. Алалхусус, саҳифаи донишманди маъруфи тоҷик Рустами Ваҳҳоб («Дуруст бинависем») қобили дастгирӣ буда, зиёд гардидани чунин саҳифаҳо салоҳи кор хохад буд. Ҳамзамон қобили зикр аст, ки саҳифаи «Дуруст бинависем»-и Рустами Ваҳҳоб мунтазам дар ҳар шумораи нашрияи махсуси Кумита – рӯзномаи «Ганҷи забон» низ нашр мешавад.
«Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.
ДУШАНБЕ, 3.02.2017 /АМИТ «Ховар»/.
Category:
- АМИТ «Ховар» [4]
- Ахбори рӯз [5]