Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2018 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2019 муайян карда шуд. Аъзои Ҳукумат аз ҷумла, вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, иҷрои стратегияву барномаҳо ва нақшаҳои қабулшуда ва дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, дар ҷаласаҳои Ҳукумат ва дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузошта шудаанд, инчунин, камбудиву норасоиҳо ва мушкилоту масъалаҳои дар соҳаҳои мухталиф ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки соли 2018 дар маҷмуъ барои мардуми тоҷик соли бобарору таърихӣ ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2018 ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи саривақтии ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соли 2018 рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 68,8 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,3 фоизро ташкил дод.
Афзоиши як қатор нишондиҳандаҳо, аз ҷумла маҳсулоти саноатӣ 11,8 фоиз, кишоварзӣ 4 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7,8 фоиз, ҳаҷми умумии гардиши савдо 15,4 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,1 фоиз ба рушди иқтисодӣ мусоидат намуд. Дар давраи ҳисоботӣ таваррум дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, 5,4 фоизро ташкил дод.
Сарвазири мамлакат таъкид доштанд, ки бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ соли 2018 дар қаламрави кишвар 131 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ таъсис дода шуданд.
Бояд таъкид намуд, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат бо мақсади ба кишвари индустриалӣ мубаддал кардани Тоҷикистон ва бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд.
Оғоз гардидани бунёди 9 корхонаи нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, ба кор андохтани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай - Данғара” барои коркарди саноатии қариб 15 ҳазор тонна нахи пахта ва бо иқтидори солонаи 12 ҳазор тонна ришта, корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой “Муосир” ва бунёду азнавсозии корхонаҳои саноатӣ оид ба истеҳсоли орд, маҳсулоти нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ, қолинбофӣ, таҷҳизоти маишӣ ва бозичаҳои бачагона, васлу насби нақлиёт ва истеҳсоли дигар намудҳои маҳсулот барои ноил гардидан ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат заминаи устувор мегузоранд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар қатори пешравиҳои соҳа камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд.
Аз ҷумла, корҳо дар самти бунёд намудани коргоҳҳои коркарди шир, сехҳои дузандагӣ барои истеҳсоли либоси мактабӣ, коргоҳҳои атласу адрасбарорӣ ва қолинҳои дастӣ беҳбудиро талаб менамояд. Зеро тибқи таҳлилҳо дар шаҳру ноҳияҳо соли 2018 ҳамагӣ 14 коргоҳи коркарди шир, 67 сехҳои дузандагӣ барои истеҳсоли либоси мактабӣ, 139 коргоҳҳои атласу адрасбарорӣ ва 37 коргоҳҳои қолинҳои дастӣ таъсис дода шудааст, ки ин қонеъкунанда нест. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо бошад, умуман коргоҳҳои коркарди шир ва қолинҳои дастӣ ташкил нашудааст.
Бинобар сабаби пурра коркард нагардидани нахи пахта дар дохили кишвар содироти он ба хориҷи кишвар мунтазам афзоиш ёфта, ҳаҷми он дар соли 2018 - 93 ҳазор тоннаро бо арзиши 165 млн. доллар ташкил дод. Аз ҷумла, соли 2018 дар корхонаҳои нассоҷӣ 21 фоизи нахи пахтаи дар дохил истеҳсолгардида коркард карда шудааст.
Яке аз сабабҳои пурра коркард нашудани нахи пахта аз фаъолият бозмондани корхонаҳои ресандагӣ ё бо иқтидори пурра фаъолият накардани онҳо мебошад. Дар давраи хисоботӣ 4 корхона, аз ҷумла Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи “Олим Текстайл”, Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Вализода Мастчоҳ” дар ноҳияи Мастчоҳ, Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Самар” дар ноҳияи Восеъ ва Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Бофандаи Норак”-и шаҳри Норак, умуман фаъолият накардааст.
Сарвари давлат ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид ва муовинони Сарвазир Азим Иброҳим ва Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, ки аз таҳлилу ҷамъбасти воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2018 бармеояд, супоришҳои мушаххас доданд.
Дастурҳо ҳамчунин вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва тақвияти фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳо, иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳти назорати қатъӣ гирифтани ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки муайянгардида, иҷрои консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дода шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки барои амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар самти ҳавасманд намудани сармоягузорӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, барои баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маҳсулот ва диверсификатсияи содирот тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода шунида шуд.
Зимни ҳисоботи вазири молия таъкид гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат қисми умумии даромади буҷети давлатӣ 100,3 фоиз таъмин шуда, ба он 23,3 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 71,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо аз ҷониби мақомоти андоз 100,6 фоиз ва Хадамоти гумрук 101,2 фоиз таъмин карда шуд.
Қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бошад, аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 102,6 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба нақша 44 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Сарфи назар аз иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ сифатнокӣ аз ҳисоби 2 намуди андозҳо ба маблағи 420 млн. сомонӣ, аз ҷумла андоз аз даромад 8,3 млн. сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 411,3 млн. сомонӣ иҷро нагардид.
Дар соли сипаришуда 6 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Ёвон, Панҷ, Фархор, Ховалинг ва ноҳияи Восеъ уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет дар ҳаҷми умумии 64 млн. сомонӣ таъмин накарданд.
Ҳаҷми бақияпулиҳои андозӣ нисбат ба аввали соли 2018-ум 59,2 млн. сомонӣ кам карда шуд ва ба ҳолати 31 декабри соли ҳисоботӣ 712 млн. сомониро ташкил дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи иҷро нагардидани 2 намуди андоз ва аз ин ҳисоб ба буҷет ворид нагардидани 420 миллион сомонӣ изҳори нигаронӣ намуда, барои кам намудани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро аз ҷониби Ҳукумати кишвар таъкид карданд.
Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки якҷо бо Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии даромадҳои буҷети давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳа таъкид доштанд, ки дар натиҷаи бад шудани нишондиҳандаҳои молиявии бонкҳои алоҳида, паст гардидани пардохтпазирии ташкилотҳои қарздиҳанда ва афзоиш ёфтани хавфҳои қарзӣ раванди фаъолияти қарздиҳӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст.
Норасоии асъори нақди хориҷӣ дар муомилот масъалаи дигари низоми бонкӣ мебошад, ки барои пешбурди фаъолияти самараноки соҳибкорон монеа эҷод мекунад.
Аз ин рӯ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Бонки миллӣ ҷиҳати ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сифат ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нав чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Таъкид гардид, ки Бонки миллӣ ва Вазорати молия ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷамъиятҳои саҳҳомии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ва пешгирӣ намудани хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми молиявии кишвар тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Зимни баромади худ вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2018, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар ҳисобот доданд.
Қайд гардид, ки новобаста аз мавҷуд будани захираву имкониятҳои дохилии кишвар дар самти таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат аз 61 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ 30 барнома иҷро шудаасту халос. Иҷрои барномаҳои дигар ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки дар самти фаъол гардонидани марказҳои хизматрасонӣ ба соҳибкорону сармоягузорон, истифодаи васеи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рақобати солими субъектҳои соҳибкорӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки дар ин раванд таъмини кафолати ҳимояи сармоягузорон беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рейтингҳои байналмилалии кишвар ва дигар тадбирҳо, ки бевосита ба рушди бахши хусусӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ такони ҷиддӣ медиҳанд, муҳим мебошад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор гардиданд, ки назорати қатъии иҷрои сифатноки барномаҳои рушд ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро ба роҳ монанд.
Супоришҳои дигар барои ислоҳи камбудиҳо дар самти азхудкунии маблағҳо, коҳишёбии сармоягузории мустақим, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ғайришаффоф будани лоиҳаҳо дода шуд.
Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2018 ҳисобот дод.
Сарвари давлат барои аз байн бурдани мушкилот дар самти хизматрасонии соҳаи иҷтимоӣ ва иҷрои минбаъдаи нақшаи суғуртавӣ ба роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дастурҳои мушаххас доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа супориш доданд, ки барои ислоҳи камбудиҳои соҳа, аз ҷумла баҳисобгирии дурусти варақаҳои корношоямӣ, таҳияи системаи муайяни таъини нафақа ба шахсони маъюб ва ба ҳисобгирии шахсони фавтида, чораҳои мушаххас андешанд.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон оид ба фаъолияти соҳа, вазъи ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии характери коррупсионидошта ва ҳаҷми зарари аз ин ҷиноятҳо расида ҳисобот дод.
Зикр гардид, ки соли гузашта дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва сохтору субъектҳои хоҷагидории давлатӣ 1248 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи умумии беш аз 600 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Аз ин маблағ қариб 490 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ва ба суратҳисоби корхонаву муассисаҳо барқарор гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро вазифадор карданд, ки дар самти истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ намудан ва тақвият бахшидан ба мубориза бо ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, махсусан дар соҳаи молия ҷораҳои қатъӣ андешанд.
Ба ҳамин монанд зарарҳои молиявӣ, ҳамчунин дар ҳисоботи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода қайд карда шуд.
Дар натиҷаи санҷиши аудитории вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидор ва дигар муассисаҳои буҷетӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоб ба маблағи 396 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуда, 73 фоизи он барқарор гардидааст.
Палатаи ҳисоб вазифадор шуд, ки раванди таҳия ва банақшагирии буҷети давлатиро қатъӣ назорат карда, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, шаффофияти хароҷоти онҳо, пешгирӣ кардани ҳолатҳои коррупсионӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳоро таъмин намоянд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” Хайрулло Сафарзода оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими аср ҳисобот дод.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дар муҳлатхои муайяншуда ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” супоришҳои қатъӣ доданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои фаъолият дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав ҳисоботи вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода шунида шуд.
Бо мақсади бо мутахассисони соҳибкасбу навовар ва дорои қобилияти азхудкунии технологияҳои муосир таъмин намудани соҳаҳои истеҳсолоти саноатӣ роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор карда шуданд, ки барномаҳои таълимиро бо дарназардошти талаботи воқеъии бозори меҳнат дар самти омода кардани мутахассисони соҳа таҷдиди назар намуда, ҷиҳати пайвастани илм бо амал дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав дастур доданд, ки дар муддати 6 моҳ камбудиҳои мавҷудаи соҳаро ислоҳ карда, аз натиҷааш дар ҷамъбасти нимсолаи соли 2019 ба Ҳукумат ҳисобот манзур намояд.
Баъди шунидани ҳисоботи раиси Шӯрои директорони КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” Шералӣ Кабир Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли алюминий изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 7,1 фоиз ва нисбат ба соли 2012 қариб се баробар кам мебошад.
Бинобар ин, муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазир Азим Иброҳим, раиси Шӯрои директорони Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи Тоҷик” Шералӣ Кабир ва ҳайати роҳбарикунандаи он, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳо ва афзоиш додани истеҳсол ва содироти алюминий ва ҳамзамон бо ин, доир ба роҳҳои таъмин намудани рушди минбаъдаи ширкати мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд ва дар ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2019 ба Ҳукумат ҳисобот манзур намоянд.
Сипас дар кори маҷлиси васеи Ҳукумат ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва раиси Ширкати холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилзода шунида шуд.
Новобаста аз пешравии кор дар соҳа қарздории ширкат, истифодаи ғайри мақсадноки неруи барқ, ҷамъоварии нокифояи пардохти ҳаққи истифодаи он ва талафоти барқ аз камбудиҳои асосии соҳа номида шуд.
Дастур дода шуд, ки барои таъмини ҷумҳурӣ бо неруи барқ ва содироти он чораҳои мушаххас андешида шавад.
Дар идомаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои кори соҳаи нақлиёти мамлакат, фурудгоҳи байналмилалӣ ва роҳи оҳан ҳисоботи вазири нақлиёт Худоёрбек Худоёрзода, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалӣ шунида шуд.
Сарвари давлат аз масъулини соҳаҳои номбаршуда, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, таъмини муназзами ҳаракат дар роҳҳои кишвар, боло бардоштани ҳаҷми боркашонию мусофиркашонӣ, бо истифода аз имконоти ширкатҳои ватанӣ афзун намудани шумораи хатсайрҳои ҳавоиро талаб карданд.
Сипас доир ба вазъи соҳаи кишоварзӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ вазири кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ ҳисобот дод.
Президенти мамлакат аз паст рафтани нишондиҳандаҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, талафёбии ҳосили картошка дар аксар хоҷагиҳои картошкапарварӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли пахта, изҳори нигаронӣ карда, ба масъулини соҳа барои бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои мушаххас доданд. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастур дода шуд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ барои рушди сабзавоткорӣ ва бунёди боғу токзори нав, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар кори маҷлис инчунин ҳисоботи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода шунида шуд.
Сарвари давлат ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ, хусусан ёрии аввалияи тиббӣ, рушди фармасевтикаи миллӣ, пешгирии фавти кӯдакон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба нарасидани мутахассисон дар муассисаҳои соҳаи фарҳанг, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ба забономӯзии бештар фаро гирифтани хонандагон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, афзалият додан ба таҳсили духтарони деҳоти дурдасти мамлакат дар муассисаҳои олии таълимӣ аз ҳисоби квотаи Президентӣ, ташкили коргоҳҳои хурди истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба бозомӯзӣ фаро гирифтани калонсолон, ба роҳбарони вазоратҳои номбаршуда дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Роҳбарони кумитаҳои рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташфиқи минтақаҳои сайёҳии мамлакат ва намунаҳои маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ба вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин барои рушду густариши муносибатҳои дуҷониба бо кулли кишварҳои олам, ташкилоту созмонҳои минтақавӣ, байналмилалию ҷаҳонӣ, назорати ҷараёни татбиқи созишномаҳои ҳамкории баимзорасида ва баҳри ислоҳи камбудиҳои соҳа, хусусан дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар маҷмуъ татбиқи сиёсати хориҷии Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва назорати иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли ҳисоботии 2018 гузориш дод.
Қайд гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2018 дар партави сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, ободонию созандагӣ, инчунин, ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии даромад ба буҷет як зумра корҳоро ба анҷом расонид.
Нақшаи умумии даромади буҷети шаҳр ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардид. Қисми даромади буҷети шаҳр аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1,6 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд. Нақшаи қисми хароҷоти буҷет 95,4 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр 1,9 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қайд кард, ки бо андешидани чораҳои амалигардида ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр ба 13,8 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2017 7,3 фоиз зиёд ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 20,1 фоиз баробар гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони ноҳияҳои пойтахт бобати вусъати корҳои ободонӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо, пурра пайваст кардани иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ба системаи гармидиҳӣ, беҳтар кардани хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ дастур доданд.
Сарвари давлат аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд кардани 8 майдончаи варзишии муосирро аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон иқдоми шоиста арзёбӣ намуданд.
Сипас дар кори маҷлиси васеи Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти бахшҳо дар соли 2018 ва нақшаҳо дар соли 2019 ҳисобот доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сохтмон, таъмиру навсозии роҳҳои вилоят, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ ва коркарди сангҳо, рушди сайёҳию ҳунармандӣ дар қаламрави вилоят, супоришҳои мушаххас доданд.
Ба раиси вилояти Хатлон супориш дода шуд, ки ба масъалаи истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишти такрорӣ, ба даст овардани ду се ҳосил аз як замин, иҷрои ҳатмии нақшаи истеҳсоли пахта, меваю сабзавот ва полезиҳо, рушди соҳаи картошкапарварӣ, боғдорӣ, бунёди корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва тармиму навсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намояд.
Роҳбарияти вилояти Суғд вазифадор гардид, ки дар ҳудуди вилоят баҳри ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии мамлакат бунёд намудани беш аз 250 корхонаи истеҳсолӣ, ташкили 8 ҳазор ҷоий кориро амалӣ карда, ба масъалаи таъсиси боғҳои интенсивӣ, рушди картошкапарварӣ, моҳипарварӣ ва шоликорӣ ва омодагии сазовор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлати ҷумҳурӣ аҳамияти махсус диҳанд.
Дар охири кори ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи нақша-чорбиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, зимни таҳлили вазъи соҳаҳо ва мусоидат ба пешрафти онҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки оид ба саноатикунонии мамлакат нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюли пастравии истеҳсоли як қатор маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо изҳори нигаронӣ намуда, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозодаро вазифадор намуданд, ки бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли чунин маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ тавассути ворид намудани техникаву таҷҳизоти муосир ва ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат Барномаи рушди соҳаи саноати хӯрокворӣ то соли 2025-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.
Ҳамзамон ҷиҳати бе коркарди ниҳоӣ содирот шудани қисми зиёди маҳсулоти корхонаҳои соҳаи саноати истихроҷ изҳори нигаронӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки минбаъд Ҳукумати кишвар бояд барои манъ кардани содироти консентрати маъдан аз кишвар чораҷӯӣ намояд.
Бо мақсади ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба соҳаи коркарди маъдан таъкид гардид, ки дар асоси тағйирот ба қонунгузории амалкунанда аз 1 марти соли 2019 тартиби ҳисоб намудани меъёрҳои бонуси обунавӣ ҳамчун пардохти якдафъаина муқаррар гардида, бонуси истихроҷӣ, ҷорӣ ва пардохти маблағ вобаста ба ҳаҷми истихроҷ ҳамасола таъмин карда шавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаи корҳо дар самти афзоиши ҳаҷми содироти ватанӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
Дар панҷ соли охир ҳаҷми содироти алюминий аз рӯи арзиш 25 фоиз ва маҳсулоти кишоварзӣ 55 фоиз, ҳамзамон бо ин, дар соли сипаришуда содироти маҳсулоти растанӣ 22 фоиз, маҳсулоти тайёри озуқа 25 фоиз, консерваи меваю сабзавот 50 фоиз ва намак 60 фоиз коҳиш ёфтааст.
Рақобатпазир набудани маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ, раванди ғайриқаноатбахши диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ, баланд будани арзиши аслии мол, сатҳи пасти идоракунии пешбурди маҳсулот, идоракунии сифат ва ҳифзи манфиатҳои содироткунандагони ватанӣ дар хориҷи кишвар ҳамчун масъалаҳои ҳалталаб қайд карда шуданд.
Бинобар ин, роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, агентиҳои содирот, “Тоҷикстандарт” ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ вазифадор карда шуданд, ки барои татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ дар ин самт ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чораҷӯӣ намоянд.
Барои дар оянда афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ масъалаҳои андозбандии коркарди аввалия ва бандубасти маҳсулот, беҳтар намудани низоми баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, интиқоли бемамониати молҳо тавассути сарҳади гумрукӣ, истифодаи тарифҳои имтиёзнок барои ҳамлу нақл, сертификатсияи маҳсулот, зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолияти худро ҷиҳати муаррифӣ кардани маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшуда, дарёфти харидорони хориҷӣ, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ дар кишварҳои муқим тақвият бахшад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ барои рушди саноати маъдан, металлургияи сиёҳу ранга, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё ва дигар соҳаҳои ба саноатикунонии кишвар мусоидаткунандаро муҳим арзёбӣ карданд.
Вазорати молия вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои ҳалли масъалаҳои қарздории Ширкати “Барқи Тоҷик”, Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи Тоҷик”, ҷамъиятҳои саҳҳомии “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, “Тоҷик Эйр”, Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва як қатор бонкҳои кишвар чораҷӯӣ намояд ва якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав мониторинги корхонаҳои азими давлатӣ ва корхонаҳои дорои ҳиссаи зиёди давлатро гузаронида, ҷиҳати таҷдиди сохтор, баланд бардоштани самаранокии фаъолият, ҷорӣ намудани идораи муосири корпоративӣ ва солимгардонии онҳо чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд.
Вазорати кишоварзӣ вазифадор гардид, ки бо дарназардошти ҳадафу вазифаҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” лоиҳаи “Барномаи маҷмӯии рушди соҳаи растанипарвариро барои солҳои 2020-2025” таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Роҳбарони Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои пахтакор вазифадор гардиданд, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокии пахта диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои рушди соҳаҳои паррандапарварию моҳипарварӣ низ супориш дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои то соли 2020 пурра ҳаллу фасл намудани масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ин самт, мукаммал гардонидани низоми аттестатсияи кормандони илмиву омӯзгорӣ, иҷрои босифати барномаҳои давлатӣ дар самти сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, пешниҳоди “Барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2020-2024”, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гузаронидани озмун ва мусобиқаҳои илмиву эҷодӣ масъулинро вазифадор намуданд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани аҳолӣ, бахусус, ҷавонон ва занони хонашин ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ ва дигар корҳои хонагӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, гаҷкориву чӯбкорӣ ва монанди инҳо фаъолияти марказҳои таълими калонсолон тақвият дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҳбарони сохторҳои дахлдорро ҳушдор намуданд, ки дар ин масъала набояд ба зоҳирпарастӣ ва пешниҳоди маълумоти бардурӯғ роҳ диҳанд.
Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор гардид, ки стандартҳои давлатии арзёбии сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи тандурустиро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумат пешниҳод намояд ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, муоширати табибон бо беморон, сари вақт расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, инчунин доир ба иҷрои ҳатмии тағйиру иловаҳои ба қонунгузории соҳа воридшуда тадбирҳои иловагӣ андешад.
Ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки бо мақсади пешгирӣ кардани воридоти ғайриқонунии маводи доруворӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, назоратро дар ин самт ба таври қатъӣ ба роҳ монад.
Вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Ҳукумати мамлакат, Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати рушди инфрасохтори деҳот ва дар маҷмӯъ зиёд намудани ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд ва “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2019-2021” таҳия ва амалӣ намоянд.
Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ супориш дода шуд, ки доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат таҳлилҳо гузаронида, нисбат ба роҳбарону шахсони масъул, ки дар иҷрои онҳо бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, чораҳои қатъӣ андешад.
Вобаста ба нисбатан кам будани миқдори занону духтарон дар хизмати давлатӣ дар ноҳияҳои кишвар масъулин вазифадор карда шуданд, ки ба масъалаи ҷалби ҷавондухтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, тарбияи мутахассисони муосиру ояндадор аз байни онҳо ва ҷобаҷокунии дурусти кадрҳо диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҷамъбаст карда шуда, вазифаҳо барои соли навбатӣ муайян карда шуданд.
Ҳамзамон доир ба содиршавии баъзе намудҳои ҷиноят, аз қабили қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунӣ бо силоҳ, худсарона ишғол намудан ва ғайриқонуни додани қитъаҳои замин ва муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор, аз ҷониби ноболиғон содир намудани ҷиноятҳо, ҷиноятҳои ба терроризму экстремизм алоқаманд изҳори нигаронӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон тақозо менамояд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ аз пештара дида бештар ҳушёр бошанд ва барои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо чораҳои саривақтӣ андешанд.
Кормандони мақомоти номбурда вазифадор карда шуданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фаъолияти худро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пеш баранд. Ҳамзамон қайд гардид, ки кӯшишҳо бояд ба он равона гарданд, ки сабабу омилҳои пайдошавӣ ва ташаккули ақидаҳои террористиву экстремистӣ дар ҷомеа таҳлил карда, чораҳои пешгирикунанда андешида шаванд.
Қайд шуд, ки алоқаи намояндагиҳои мо дар хориҷи мамлакат бо муҳоҷирони меҳнатӣ тақвият дода шавад ва дар ин самт вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ ва сафорату консулгариҳои мамлакат, ҳамзамон мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд.
Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои муайян иҷро гардида, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 20 ҳазору 149 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ҳол 2 ҳазору 944 ё 14,6 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шуданд ва корҳо дар ин самт идома доранд.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро барои босифат ва сари вақт иҷро намудани нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карданд.
Зарур аст, ки то баргузории ин ҷашн симои ҳар як шаҳру деҳот ва маҳалли зист сифатан дигар шуда, инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва шароити хуби инфрасохторӣ дар ҳар як гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла таъминот бо оби ошомиданӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, ҳаммом ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ то дурдасттарин деҳоти кишвар таъмин карда шавад.
Дар ин раванд, ба таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин кардани онҳо, махсусан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин, бунёду тармими муассисаҳои таълимӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нишаст барои хонандагони мактабҳои тамоми қаламрави кишвар ва бо ҳамин роҳ бартараф кардани мушкилоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг бояд эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа дода шавад.
Дар баробари ин таъкид гардид, ки ҷиҳати дақиқ муайян кардан ва дастгирии ҳаматарафаи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, алалхусус, ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат чораҳои доимӣ андешида шаванд.
Ба вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин кардани аҳолии деҳот тадбирҳои мушаххас андешида, лоиҳаҳои сармоягузориро дар ин самт татбиқ намоянд.
Ба роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дода шуд, ки барои ислоҳи саривақтии камбудиҳои дар Паёми Президент ва ҷаласаи Ҳукумат зикршуда тадбирҳои амалӣ андешида, иҷрои ҳатмии нақшаи корҳои ободониву бунёдкориро ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ва бо сифати баланд таъмин намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуданд, ки ҳар яки мо ташаббускор бошем, ба мардум хизмат намоем ва тамоми донишу таҷрибаи худро ба пешрафти давлат, ободии Ватан ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар равона созем.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки дар соли 2019 давлат ва миллати тоҷик дар натиҷаи меҳнати садоқатмандонаи мардум ва якдилию ҳамбастагии ҷомеа ба рушду пешрафти боз ҳам бештару хубтари иқтисодию иҷтимоӣ ноил мегарданд.
Category:
- Гузоришҳо [2]
- Ахбори рӯз [3]
- Забони тоҷикӣ [4]
- Кумитаи забон [5]
- Қонунҳо [6]