“Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” таҳрир мешавад.
Санаи 14-уми январи соли 2020 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор доир ба таҳияи лоиҳаи нави “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” корашро идома дод. Хотирнишон бояд намуд, ки ҷаласаи аввал дар моҳи декабри соли гузашта багузор шуда буд.
Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур ин баррасии “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” мебошад, ки дар таҳрири нав таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки доир ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони аҳли маориф, илм, фарҳанг ва адаб, ки рӯзи 4-уми ноябри соли 2019 баргузор гардид, ибрози андеша тамуда таъкид доштанд: “Бо такя ба суннатҳои арзишманди гузаштаи халқамон барои эҳё намудани номҳои қадимаи тоҷикӣ ва истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” тасдиқ шуда, меъёрҳои интихоби номҳои миллӣ муқаррар карда шуданд”.
Ҳадаф аз таҳияи феҳрист эҳё кардани арзишҳои маънавӣ ва мероси бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.
Феҳрист бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги номгузории ниёгони мо таҳия гардида, дар он ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надорад.
Аммо дар ин самт аз ҷониби масъулони шаҳраку деҳот ва идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳанӯз ҳам саҳлангориву бемасъулиятӣ ба чашм мерасад, яъне баъзеи онҳо то ҳол пойбанди равишу усули пешинаи номгузорӣ мебошанд.
Бояд гуфт, ки баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир карда, фарзандони худро бо номҳои дорои маънои коста ё номҳое, ки ба анъанаҳои номгузории миллии мо бегонаанд, номгузорӣ мекунанд.
Дар урфият “номи зебо ними ҳусн” гуфтаанд.
Дар хотир бояд дошт, ки асолати миллӣ доштани номи инсон омили нерӯмандӣ, ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии ӯ ба шумор меравад.
Хотирнишон месозам, ки бегонапарастӣ дар самти номгузорӣ наслҳои ояндаро аз асолати таърихӣ дур мекунад, худшиносӣ ва ҳувияти миллии онҳоро коҳиш медиҳад, ки ба ин раванд ҳаргиз роҳ додан мумкин нест.
Вазорати адлия ва Кумитаи забон ва истилоҳот вазифадор карда мешаванд, ки якҷоя бо сохтору мақомоти дахлдор ин масъаларо ба таври ҷиддӣ таҳти назорат қарор диҳанд ва доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба асноди қонунгузорӣ пешниҳоди мушаххас таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд”.
Аз ин рӯ, дар робита ба ҳамин дастуру супоришҳои Пешвои миллат гурӯҳи корӣ такроран таҳлили номҳои дар Феҳрист воридшударо мавриди таҳлил қарор дода, номҳои навэҷодро ба он илова мекунанд.
Category:
- Ахбори рӯз [2]
- Забони тоҷикӣ [3]
- Фаъолият [4]