СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (АЗ 26.12.2019) БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ОИД БА ЗАБОНИ БАРНОМАҲОИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ТАҲТИ УНВОНИ «БАЪЗЕ МУШКИЛОТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР КИТОБҲОИ ДАРСӢ»
Дар семинари машваратии мазкур муовини якуми вазир ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони кӯдакистонҳои ноҳияҳои пойтахт, устодон – олимони забоншиноси донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита бо роҳбарияту кормандони он ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Семинари мазкур бо суханронии раиси Кумита – О. Муҳаммадҷонзода ифтитоҳ гардида, дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Саломиён суханронӣ намуд. Сипас, дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Р. Зулфониён, сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикиситон Қ. Муҳиддинзода, корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Сангов, директори МТМУ №34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ А. Боронов ва мудири Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №117-и ноҳияи Фирдавсӣ М. Саодатова оид ба камбудиҳо ва ҳусну қубҳи китобҳои таълимӣ, ки барои таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиву таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, маърӯза намуда, тавсияву пешниҳодҳо манзур намуданд.
Ҳамчунин, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита ва олимони забоншиноси донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотии кишвар ва муаллифони китобҳои таълимӣ вазъи корбурди забони давлатиро доир ба таҳияву нашри китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ» барои муассисаҳои мактабӣ ва томактабии тоҷикӣ ва китобҳои “Забони давлатӣ” барои мактабҳои ғайритоҷикӣ мавриди муҳокима қарор дода, иброз намуданд, ки имрӯз мо бояд на танҳо ба баъзе китобҳои фанни забони тоҷикӣ, ки дар онҳо ғалат дида мешавад, балки ба забони дигар китобҳои фанни таълимии мактабӣ ва томактабӣ низ диққати ҷиддӣ диҳем, то фардо насли наврасу ҷавони донишандӯзи ҷомеаи мо бо як забони адабу илм гуфтор кардан, малака ва донишу маҳорати хешро дар такя ба неруи воқеии забон нишон дода тавонад. Ва зарур аст, ки ҳар як китоб на танҳо аз ҷиҳати ташхиси коршиносон бобати баррасии забони китобҳо, балки бо ба назаргирии синну соли кӯдак ё хонандаи мактаб, инчунин, бо дарназардошти экспертизаи равоншиносӣ, педагогӣ ва гиромидошти суннату анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллӣ мавриди таҳлил қарор дода шаванду манфиатбахш ба густариши забони тоҷикӣ – давлатии мо бошанд.
Мо бояд бо чунин китобҳо таваҷҷуҳу майл ва рағбати хонандаро ба он зинда созем, ки ҳар як толибилми мактаб забон омӯзад. Забоне, ки ба ӯ дар оянда як умр хидмат мекунаду ӯ дар зиндагӣ забони нобу шеворо ба насли минбаъда ба мерос мегузорад. Забоне, ки мо дар мутолиаи ҳама гуна китоб бо муаллифонаш гуфтор мекунему онҳо бо мо ошно мешаванд. Зеро дар китоби орӣ аз ғалат, мо насиҳатгиру пандшунав ва пандхон аз бузургони сухан хоҳем шуд.
Бинобар ҳамин, китоби таълимӣ дар ҳама зинаву давраҳои таҳсилот, чи томактабӣ, чи мактабӣ ва чи дар муассисаҳои таҳсилоташон олии касбӣ бояд дар заминаи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо риояи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» мураттаб сохта шавад.
Баргузории чунин чорабинӣ минбаъд низ барои рушди забони давлатӣ дар кишвар мусоидат хоҳад намуд, то мо соҳибзабонон бо як забони меъёрӣ бояд сухан гуфтанро ба насли хеш биомӯзему Ваҳдати гаронарзиши ягонагии миллати куҳанбунёдамонро назди Меҳан-Модар – рӯнамо бинмоем, ки ин забони нобу шево моро бо асолати хеш пойдор боқӣ мемононад.
Category:
- Ахбори рӯз [2]
- Забони тоҷикӣ [3]
- Конференсияҳо [4]