Барои риоя намудани чораҳои ҳимояи инфиродӣ ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемории «COVID-19» аризаҳои электрониро пешниҳод намоед!
Муҳтарам падару модарон, соҳибкорон ва мудиру роҳбарони ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият,
Барои риоя намудани чораҳои ҳимояи инфиродӣ ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемории «COVID-19» шумо метавонед аз хизматрасониҳои ҳукуматии электронӣ марбут ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баред ва ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои номгузории фарзандон бо номҳои тозаэҷод, номгузорӣ/тағйири номи ташкилоту муассисаҳо ва навишти дурусти номҳо ба таври электронӣ муроҷиат намоед.
Умедворем, ки хизматрасониҳои электронии мо ба шумо барои риоя намудани чораҳои ҳимояи инфиродӣ ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемории «COVID-19» мусоидат мекунанд:
- Аризаи электронӣ барои навишти дурусти ному насаб [2]
- Аризаи электронӣ барои номҳои тозаэҷод дар номгузории фарзандон [3]
- Аризаи электронӣ барои номгузорӣ/тағйири номи ташкилоту муассисаҳо [4]
- Феҳристи номҳои милии тоҷикӣ [5] ва Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ [5]
- Санҷиши имло - Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ [6]
Category:
- Ахбори рӯз [7]
- АМИТ «Ховар» [8]
- Кумитаи забон [9]
- Огоҳиномаҳои онлайн [10]