Паёми табрикии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Меҳмонони арҷманд,
Устодон, дӯстони азиз, ҳозирини гиромӣ!
Иштироки ҳар яки Шуморо ба семинари машваратии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истиқлол ва истилоҳшиносӣ: мушкилот ва дурнамо» хайра мақдам гуфта, ба Шумо дар фаъолият ва дастгирию пешбурди сиёсати давлат оид ба забон комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки дар ҷашни имсолаи Рӯзи забони давлатӣ мову Шумо имрӯз аз дастовардҳои рушди забон дар кишвар сухан гуфта, оид ба яке масъалаҳои мубраму рӯзмарраи забоншиносии муосир – истилоҳшиносӣ ва истилоҳнигорӣ, гиромидошт ва дастовардҳои забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлоли кишвари азизамон Тоҷикистон, маърӯзаву суханронӣ ва музокираҳои илмӣ менамоем.
Истиқлолияти давлатӣ бо забони миллӣ робитаи бевосита дорад. Дар ин бобат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: «Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд».
Мусаллам аст, ки инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро натанҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳаг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад. Дар солҳои истиқлолият доираи истифодаи забони давлатӣ хеле густариш ёфта, асарҳои зиёди илмиву адабӣ ва сиёсиву публитсистии тоза таълиф ва ба нашр расиданд.
Қобили зикр аст, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон ин дар пояи устувори забони илм қарор додани забони тоҷикӣ мебошад. Дар иртибот ба ин масъала Президенти кишвар дар чандин суханрониҳои худ зарурати таҳияи ин бахши муҳими ҷомеаи муосир истилоҳотшиносӣ, яъне истилоҳоти илмиро таъкид намуда, онро аз масъалаҳои мубрами сиёсати давлат оид ба забон, хусусан забони давлатӣ баён намуданд. Дар асоси ин нуктаҳои Пешвои миллат ба вуҷуд овардани забони илм ва истилоҳоти дақиқи илмӣ вазифаи асосии ҳама сохторҳои илмӣ ва ҳамчунин, кафедраҳои муассисаҳои таълимии олии кишвар буда, масъалаи дар мақоми забони илм қарор гирифтани забони давлатӣ мутобиқи муқаррароти моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар амалӣ сохтани ин ҳадафи миллӣ муассисаи такягоҳии илмии кишвар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор гардидааст. Вобаста ба масъалаи истилоҳшиносӣ ва таҳияи истилоҳоти илмӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Зарурати таҳияи истилоҳоти илмӣ барои бахшҳои мухталифи илм на танҳо масъалаи дохилии илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлатӣ оид ба забон ба шумор меравад».
Аз ин рӯ, мутахассисони соҳаҳои алоҳидаи илмро зарур аст, ки сиёсати давлатро дар масъалаи истилоҳшиносӣ ва истилоҳнигорӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, фарҳангҳои соҳавӣ-тахассусӣ таҳия намоянд. Зеро забони тоҷикӣ ҷиҳати офаридани истилоҳоти илмӣ имкониятҳои зиёде дорад. Дар ин хусус Пешвои миллат чунин таъкид менамоянд: «Забони мо имкониятҳои фаровоне дорад, ки мафҳумумаъниҳо ва истилоҳоти нави илму фанро дар ҳар асру замон ҳазм карда, бо рангу бӯйи тоҷикона таҷассум намояд».
Пешвои миллат ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ҳамчунин, дар Рӯзи забони давлатӣ, 4-уми октябри соли 2019 чунин баён кардаанд: «Ҳарчанд ки бо ҳадафи танзими ин масъала дар назди Кумитаи забон ва истилоҳот Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳот таъсис ёфта, аз ҷониби он як силсила корҳои омӯзишӣ ва тавсиявӣ ба анҷом расонида шудаанд, вале то ҳанӯз як қатор мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мондаанд.
Аз ҷумла, дар ин самт то андозае бесарусомонӣ ба назар мерасад, яъне дар мавриди ифодаи як мафҳум истилоҳу калимаҳои мухталиф истифодашуда, хонанда ё шунавандаро ба раҳгумӣ мебарад.
Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳотро зарур аст, ки якҷо бо Академияи илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг доир ба таҳия, қабул ва татбиқи истилоҳоти ягона дар ҳамаи соҳаҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар раванди таҳияи дастурҳои истилоҳсозӣ ба лаҳҷаву шеваҳои забони тоҷикӣ, ки ганҷинаи пурфайзи забони модарӣ ба ҳисоб мераванд, бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки босабабҳои гуногун аз доираи истифода берун мондаанд.
Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд.
Бештари мафҳумҳои наве, ки ба таркиби луғавии забони модарии мо роҳ меёбанд, натиҷаи пешрафту дигаргуниҳои ҷаҳони имрӯза мебошанд.
Ба ибораи дигар, раванди ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати илму техника, аз ҷумла технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо дар замони муосир ба забони давлатӣ низ таъсир мегузорад ва дар роҳи рушди табиии он монеаҳои сунъӣ эҷод мекунад.
Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки милликунонии забони технологияҳои навин дар кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи сохтору мақомоти марбута қарор дошта бошад».
Таърихи башарият ва махсусан. таърихи давлатдории мардумони ориёизабон аз он шаҳодат медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша саъю кӯшиш мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ, ба вуҷуд овардану мустаҳкам сохтани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсурҳои забонӣ истифода бурда, барои рушду инкишоф ва густариши забони модарии худ тадбирҳои мушаххас андешанд. Забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, асоси илҳом ва меҳвари ҷунбишҳои ҳунариву фарҳангӣ ва илмии равшангарони он мебошад.
Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидаанд. Забони давлатӣ бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳо давлатдорӣ буда, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик мебошад.
Пешвои миллат дар суханрониҳо, суҳбату вохӯриҳо бо аҳли зиё, олимон, адибон ва аҳли ҷомеа ҳамеша бо пайгирӣ аз сиёсати ягона ва бар пояи илмӣ устувор дар баробари забони давлатӣ ва забони миллӣ дар замони муосири робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздик омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба хусус, забонҳои русӣ ва англисиро аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон мешуморанд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пуштибон ва ҳомии воқеии забони миллӣ ва забони давлатӣ барои мақому мартабаи забон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, дар роҳи бедорӣ ва ифтихор ба миллат ва забони миллӣ хидматҳои беназир ва таърихӣ ба харҷ додааст.
Ҳукумати Тоҷикистон барои рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ далели равшани сиёсати давлат дар самти забони миллӣ буда, ин нуктаро бори дигар ба таври равшан собит месозад.
Меҳмонони азиз,
Ҳозирини гиромӣ!
Бори дигар Шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва рамзи худшиносиву худогоҳӣ мебошад, табрик намуда, ба ҳамаи Шумо, пеш аз ҳама, тани сиҳат, хонаи обод ва барои поку бегазанд нигоҳ доштани забонӣ миллӣ ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудан комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Сарбаланду пирӯз бошед!
Ташаккур!
Category:
- Ахбори рӯз [2]