Номаи иттилоотӣ
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 46-и Нақшаи амалисозии «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28 ноябри соли 2020, №647, Нақшаи кории Кумита дар нимсолаи дуюми соли 2022 рӯзи 4-уми октябри соли 2022 конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» баргузор менамояд.
Дар конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони соҳа ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳанд шуд:
* рушди забони тоҷикӣ дар тамоми қишри ҷомеа;
* вазъи таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар;
* масоили таблиғоти иттилоотӣ, ВАО (матбуот) бо забони тоҷикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
* таҳқиқи осори хаттии қадимаи тоҷикон дар пажуҳишгоҳҳои илмии кишвар ва хориҷ аз он;
* нақши забони тоҷикӣ ва дастрасии мероси классикони адабиёти тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Интернет);
* тарҷумаи осори адибони тоҷик дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
* робитаи забонию фарҳангӣ бо тоҷикони хориҷи кишвар;
* вазъи корбурд ва таблиғи эълону реклама, навиштаҷот бо забони давлатӣ;
* номгузорӣ ва интихоби ном – муаррификунандаи тамаддуну ҳастии миллат;
* истилоҳ ва истилоҳшиносӣ дар замони муосир;
* таҳқиқи шеваҳо ҳамчун омили сарчашмаи такмили таркиби луғавии забони адабӣ;
* масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ ва ҷанбаҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии забон;
* забон ва технологияҳои муосири иттилоотӣ.
Мақолаҳои иштирокдорони конференсия, ки ба талаботи пешниҳоднамуда мувофиқат мекунад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар маҷмуаи илмии «Забон ва истилоҳот»-и Кумита нашр карда мешаванд.
Иштирокдорон метавонанд маводи худро то 28-уми сентябри соли 2022 ба нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25 ё ин ки ба нишонии почтаи электронии (solehzodanazriddin1993@mail.ru [1]) ё почтаи электронии Кумита (info@kumitaizabon.tj [2]) ва факси Кумитаи мазкур (+992 227-78-29) ирсол намоянд.
Қарори Комиссияи тадорукот оид ба ворид намудани маърузаҳо ба барномаи Конференсия рӯзи 1-уми октябри соли 2022 тавассути почтаи электронии даъватшавандагон эълон карда мешавад.
Забони кории конференсия: тоҷикӣ.
Талабот ба таҳияи мақолаҳо:
Маърузаҳо дар шакли электронӣ ва хаттӣ дар ҳаҷми аз 7 то 10 саҳифаи чопи компиютерӣ андозаи А4 пазируфта мешаванд.
Дар ҳар як мақолаи илмии пешниҳодгардида бояд маълумоти зерин ҷой дошта бошад:
Маълумот дар бораи муаллиф/ муаллифон
- насаб, ном ва номи падари муаллиф/ муаллифон;
- номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад – шаҳр, давлат;
- почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон).
Калидвожаҳо
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати вергул (,) ҷудо карда мешаванд.
Аннотатсия
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.
Ороиши матн
Ҳошияҳои саҳифа: 3 см - аз чап; 1 см - аз рост; 2 см - аз боло ва 2 см - аз поён.
Намуди ҳуруф: Times New Roman TJ анд.14;
Фосилаи камтарини миёни сатрҳо - аз 1.5.
Сархат: 1.25.
Талабот ба матн ва истинодҳои дохили матн: «навъи китобӣ»; бидуни саҳифагузорӣ; бе кӯчонидани калима аз сатр ба сатр; истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]» ишора карда мешавад. Агар саҳифа дошта бошад: «[1, 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.
Барномаи таҳрирӣ: бастаи барномаҳои Microsoft Office - Word 2003 ё Word 2007.
Номи мақола: дар маркази сатр; бе фосила; бо ҳарфҳои калон.
Матн: баробаркунӣ – «аз рӯйи паҳно».
Ҳаҷми мақола: на камтар аз 8 саҳифа (барои мақолаи илмӣ)
Телефонҳо барои тамос: 227 59 28; (992) 918-67-82-75; (992) 552-72-09-90
Category:
- Ахбори рӯз [3]