Баргузории семинар-машварат дар мавзуи «Моҳияти муқаррароти Кодекси андоз, имтиёзҳои андоз, рушди маъмурикунонии андоз, рақамикунонӣ ва хизматрасониҳои электронӣ ба шаҳрвандон ва андозсупордагон»
Рӯзи 31-уми июли соли 2024, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мактуби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми июли соли 2024, №12466/9.1 семинар-машварат дар мавзуи «Моҳияти муқаррароти Кодекси андоз, имтиёзҳои андоз, рушди маъмурикунонии андоз, рақамикунонӣ ва хизматрасониҳои электронӣ ба шаҳрвандон ва андозсупордагон» бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори раёсати қонунгузории андоз Вазиров Собир, сардори шуъбаи хизматрасонӣ Обиди Муҳаммадсаид, мутахассиси Раёсати такмили қонунгузории андоз Ғафуров Зоирҷон, роҳбарият ва кормандони Кумита баргузор гардид.
Чорабиниро муовини раиси Кумита С. Раҳматуллозода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, зикр намуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба андоз ба шарҳу тафсири мутахассисони соҳа ниёз доранд. Зеро ҳар як соҳа нозукиҳои хоси худро доро мебошад.
Сипас намояндаи Кумитаи андоз Вазиров Собир оид ба муҳтаво ва муқаррароти Кодекси андоз, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, иҷрои уҳдадориҳои андоз, меъёрҳои андоз, андоз аз ҷойи кори асосӣ, имтиёзҳо ва дигар масъалҳои марбут ба андоз ва андозбандӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, намояндаи Кумитаи андоз таъкид намуданд, ки тибқи моддаи 45-и Конуститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани андоз ва пархтҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва идораҳои давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
Ҳамзамон, сардори шуъбаи хизматрасонии Кумитаи андоз Обиди Муҳаммадсаид оид ба масъалаи рақамикунонӣ ва хизматрасониҳои электронӣ ба шаҳрвандон ва андозсупордагон ибрози андеша карда, қайд намуданд, бо мақсади таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, густариш бахшидани раванди рақамикунонии молияву андоз ва роҳандозӣ кардани низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамӣ дар асоси банди 10, қисми 2-и протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми декабри соли 2023, №12 дар бораи беҳтар намудани хизматрасониҳои электронӣ ба шаҳрвандону андозсупорандагон ва зиёд намудани даромади буҷети давлатӣ, ҷиҳати рақамикунонии пурраи соҳаҳо давоми соли 2024 ва гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, инчунин, доду гирифти маълумот дар шакли электронӣ байни вазорату идораҳо ба роҳ монда шавад.
Мақсади асосии гузаштан ба хизматрасонии электронӣ аз як тараф сарфаи вақт, иҷрои саривақтӣ ва босифати уҳдадориҳо буда, аз тарафи дигар ин пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коорупсионӣ ва кам намудани робитаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо хизматчиёни давлатӣ мебошад. Дар идомаи суҳбат, инчунин, оид ба тарзи ворид шудан ба сомонаи Кумитаи андоз, кушодани ҳуҷраи андозсупоранда, гирифтани рақами мушаххаси андозсупорӣ (РМА) ва пур кардани варақаи эъломия оид ба музди меҳнат ва дигар намуди даромадҳоро тариқи электронӣ маълумот доданд.
Дар анҷом чорабинӣ кормандони Кумита оид ба масъалаҳои мубрами андозбандӣ, рақамикунонӣ ва хизматрасониҳои электронӣ ба шаҳрвандон ба намояндагони Кумитаи андоз саволҳо пешкаш намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини раиси Кумита ба кормандони Кумитаи андоз ҷиҳати иштирок ва гузаронидани семинари машваратӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Category:
- Ахбори рӯз [2]