ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ МУЛОКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ
Донишомӯзӣ ва касбу ҳунар - манбаи рушди давлат аст
Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи рӯзи якшанбе 1-уми сентябр мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба “Рӯзи дониш”-ро, ки дар бинои тозабунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 баргузор гардид, тариқи оинаи нилгун дар толори Кумита тамошо карданд.
Пешвои миллат дар Суханронии худ бори дигар таъкид намуданд, ки мактаб макони омӯзиши дониш ва касбу ҳунар, инчунин, забономӯзӣ буда, моро вазифадор мекунад, то дар роҳи рушди маориф ва азхудкунии таъриху фарҳанг ва адабиёти халқамон ҳарчи бештар таваҷҷуҳ дода, насли наврасу ҷавони кишварро барои соҳиб шудан ба касбу ҳунар ва забономӯзӣ ҳидоят ва тарбия намоем.
Президенти маҳбуби кишвар вобаста ба рушди маориф ва боз ҳам ободтар гардонидани кишвари аҷдодиамон дастур доданд, ки масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгоронро баланд бардорем.
Ҳамзамон, дар муҳлати 6 моҳ Вазорати маориф якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омӯзгор”-ро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд, ки ин худ ҳадафи пешрафту ободии минбаъдаи кишвари азизамон мебошад.
Пешвои муаззами миллат барҳақ фармуданд: -“Эҳтиром ба омӯзгор-эҳтиром ба миллат аст!”
Мо бояд забонамонро покиза нигоҳ дошта, дар таълиму тарбияи фарзандонамон ва насли наврасу ҷавони ҷомеа, ҷиҳати донишандӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани онҳо кӯшиш намоем, зеро ин рисолати инсонсозии омӯзгор буда, сидқан ба соҳаи маориф рӯ овардан, ин ободию гул-гулшукуфоии Ватани ҷоноҷони мо мебошад. Мулоқоти мазкур баҳри рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаи кишвари мо ойинаи шаффофест, то бо дидани мушоҳидаи камбудиҳо аз пайи иҷро ва роҳҳои ҳалли онҳо бошем.
Category:
- Ахбори рӯз [2]