Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот: «Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистон» нашр мегардад»
Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон китоби «Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистон» қисмҳои 1 ва 2 бо тафсирҳои иловагии истилоҳот ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва мунташир гардад.
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки китоби мазкур аз ҷониби мутахассисони Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр мегардад ва дастовезест ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои Гавҳар Шарофзода, дар таҳияи китоби «Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистон» аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони варзида ҷалб гардидаанд.
Таҳия ва нашри чунин китобҳо дар оянда дар соҳаҳои дигари тахассусӣ низ дар нақшаи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.
Категория:
- АМИТ «Ховар» [2]
- Ахбори рӯз [3]