Феврал 2020

Иштирок дар семинари илмӣ-назариявии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Феврал, 2020 - 18:49
Cармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абророва С.Ҳ

Рӯзи 19-уми феврали соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ баргузор гардид. Дар он сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абророва С.Ҳ. дар мавзӯи «Забон – ҳастии миллат», Насриддиён Б.Н. дотсенти кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар мавзӯи «Забон-ганҷи шойгон», Гурезов Ҷ.Н. дар мавзӯи «Нақши Садриддин Айнӣ дар ташаккули қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»  маърӯза карданд. Дар анҷоми семинар донишҷӯён дар васфи забон, модар, Ватан шеърҳо қироат намуда, чорабиниро рангинтар намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Рӯзномаи «Ганҷи забон» №7 (42), феврали соли 2020

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Феврал, 2020 - 20:05
Рӯзномаи «Ганҷи забон» №7 (42), феврали соли 2020

ЗАБОН ОЙИНАЕСТ, КИ ДАР ОН СИМОИ ПУРҶИЛОИ МИЛЛАТ РАВШАН ИНЪИКОС МЕШАВАД
Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019)
Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем...

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (АЗ 26.12.2019) БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ОИД БА ЗАБОНИ БАРНОМАҲОИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ТАҲТИ УНВОНИ «БАЪЗЕ МУШКИЛОТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР КИТОБҲОИ ДАРСӢ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Феврал, 2020 - 15:33
«БАЪЗЕ МУШКИЛОТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР КИТОБҲОИ ДАРСӢ»
«Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.» Эмомалӣ Раҳмон

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврали соли 2020 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2019), ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пуштибони беҳамтои забон дар кишвар пайваста баҳри рушду густариши забони давлатӣ ва омӯзиши забонҳо моро ҳидоят мекунанд, семинари машваратиро оид ба вазъи забони барномаҳои китобҳои дарсӣ таҳти унвони «Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» дар толори Кумита баргузор намуд.
Дар семинари машваратии мазкур муовини якуми вазир ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони кӯдакистонҳои ноҳияҳои пойтахт, устодон – олимони забоншиноси донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита бо роҳбарияту кормандони он ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Феврал, 2020 - 12:10
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Ҳамасола 21 феврал мувофиқи қарори Сессияи 30-уми Конференсияи Генералии ЮНЕСКО (аз 17 ноябри соли 1999) Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад.
 Мақсаду мароми ин ҷашн, пеш аз ҳама:
- таваҷҷуҳи оламиёнро ба гуногунрангии забонҳо ва рушду инкишофи онҳо ҷалб намудан;
- дар заминаи таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмию муколама ба наздикшавию ҳамкории мутакобилаи миллатҳои гуногун мусоидат кардан;
- ва ҳамзамон тарғибу ташвики гуногунрангии байнифарҳангӣ ва байнизабониро ба роҳ мондан;
- ба падидаҳои дузабонӣ (билингвизм) ва бисёрзабонӣ (полилингвизм) эҳтиром гузоштан;
- ба рушду нумӯи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ мусоидат намудан;
- таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзу интишори забонҳои хурду реза (ақаллиятҳои забонӣ)-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намудан ва ғ. ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ҳамасола 5 октябр ба ифтихори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ - Рӯзи забон таҷлил карда мешавад.
Ҳадафи асосии ин ҷашн низ мусоидат намудан ба рушду нумӯи забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Суханронӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 22 Феврал, 2020 - 10:57
Суханронӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Мардуми шарифи Тоҷикистон фардо санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил мекунанд.

Имрӯз, ки мо дар арафаи ин ҷашн қарор дорем, бо камоли ифтихор ҳамаи шумо – собиқадорон ва тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми бузург доранд, самимона табрик менамоям.

Мо Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бисту ҳафт сол муқаддам - дар шароити ниҳоят вазнини иқтисодӣ ва сиёсиву ҳарбии кишвар, дар вазъияте, ки ҳамаи сохтору мақомоти давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд, ба тасвиб расонидем.

Дар он рӯзҳои басо ҳассосу тақдирсоз барои таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ заминаи моддиву техникӣ умуман вуҷуд надошт.

Зеро кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ, вазъи ноороми сиёсӣ фаро гирифта, набудани одитарин техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва кадрҳои соҳибихтисос сари ҳар қадам эҳсос мешуд.

Дар ҳамин вазъияти бисёр душвор мо бо такя ба азму талоши мардуми соҳибфарҳангу сулҳҷӯямон ба бунёди Артиши миллии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон оғоз кардем.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Вохӯрии кормандон ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажӯҳиш»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистони Кумита бо номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот Матробиён С. Қ.

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Феврал, 2020 - 15:00
Вохӯрии кормандон ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажӯҳиш»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистони Кумита бо номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот Матробиён С. Қ.

       Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми феврали соли 2020 дар толори Кумита вохӯрии кормандон ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажӯҳиш»-ро бо номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот Матробиён Саодатшо Қосимзода баргузор намуд.
        Дар ҷаласаи мазкур раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода раиси Ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш», кормандон ва аъзоёни ташкилоти мазкур иштирок доштанд. Ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш» баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои ҳизб ҷонибдорӣ ва дастгирӣ намуда, барои рушди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳмгузорӣ менамояд.
        Ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш» фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб саъю талош намуда, тамоми имкониятҳои худро барои беҳбудии фаъолияти оянда истифода мебарад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Феврал, 2020 - 11:19

Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» вобаста ба назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2020

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)