Забони тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №56 АЗ 29.01.2018

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Дар бораи таъсис додани Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе

Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқ намудани раванди коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар фаъолияти воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимитяи давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ҳайати Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.

2. Низомномаи Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

3. Комиссияи мазкур вазифадор карда шавад, ки фаъолияти минбаъдаи худро бо дарназардошти Низомномаи замимагардида ба роҳ монда, самаранокии онро таъмин намояд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути  воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниход карда шавад.

6. Назорати иҷрои мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

Рустами Эмомалӣ

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Забони тоҷикӣ

Ба гурӯҳи эронии, оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ шомил мебошад. Забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, инчунин дар баъзе ноҳияҳои Афғонистон, Эрон, Ҷумҳурии Халқии Чин паҳн шудааст. Забони тоҷикӣ сохти аналитикӣ дорад. Алоқаи калимаҳо дар ҷумла бештар бо бандаки изофӣ ва пешоянду пасояндҳо ифода меёбад. Шаклҳои феълӣ хеле инкишоф ёфтаанд; ибораҳои феълӣ (масдарӣ, сифати феълӣ ва феъли ҳол) бисёр вақт ба вазифаи ҷумлаҳои пайрав кор фармуда мешаванд. Дар лексикаи забони тоҷикӣ аз забонҳои арабӣ, форсӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва ғ. калимаҳои зиёд иқтибос шудаанд; инчунин ба воситаи забони русӣ бисёр калимаҳои иқтибосии аврупоӣ низ ворид гардидааст (идома дорад)...

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
 

Омор

  • Шумораи меҳмонон: 980210
  • Меҳмонони беҳамто: 9044
  • Бақайдгирифташуда: 17
  • Корбари бақайдгирифташудаи охирин: Kholov Saidmukaddas
  • Саҳифаҳои чопшуда: 2057
  • Нишонии IP-и шумо: 54.221.17.234
  • Аз санаи: 14 Ноябр 2017 - 16:42
 

Ахбори рӯз

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.
Шумо дар матни зерин хатои имлоро пайдо кардед:
Барои фиристодани гузориш, шарҳи худро гузошта, тугмаи "Фиристодани гузориши хатои имло"-ро зер кунед