Сохтор

Раиси Кумита

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
Шарофзода Гавҳар - Раиси Кумитаи забон

Шарофзода Гавҳар

23 марти соли 1966 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгор хатм кардааст. Доктори илмҳои филологӣ, дотсент. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба сифати роҳбари кружок, муаллими мактаби миёнаи №7 оғоз намуда, сипас то соли 1985 дар вазифаи муаллими мактаби миёнаи №1 ноҳияи Панҷ кор кардааст. Солҳои 1990-2002 дар вазифаҳои лаборанти калони кафедраи адабиёти тоҷик, ассистенти кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, мудири аспирантура, муовини мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2002-2010 ба ҳайси сарэксперти Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, мудири шуъбаи забони Вазорати маориф, муовини Ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, муовини Ректор оид ба корҳои ташкилию тарбиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз марти соли 2010 дар вазифаи Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Бо медали ҷашни «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Категория: 

Муовини раис

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
Матробиён Саодатшо Қосимзода - Муовини раиси Кумитаи забон

Матробиён Саодатшо Қосимзода

Номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 октябри соли 1973 дар деҳаи Даршайи ноҳияи Ишкошим, ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 1991 ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад. Сипас, ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев интиқол гирифта, факултети таъриху филологияи донишгоҳи мазкурро дар риштаи филологияи тоҷик хатм мекунад. Аз соли 1998 то 1999 котиби масъули рӯзномаи «Зиндагӣ»-и ноҳия Ишкошим адои вазифа намуда, солҳои 2000-2001 ба ҳайси ҷонишини директори мактаби миёнаи №16-и ноҳияи Ишкошим фаъолият менамояд.

Солҳои 2001 – 2002 муҳассили курси интенсивии Барномаи англисии Хоруғи (Khorog English Program) назди Институти тадқиқотии Лондон мегардад. Солҳои 2002 – 2005 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳсил менамояд. Соли 2005 рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии академики АИ ФР Иван Михайлович Стеблин-Каменский дар донишгоҳи зикршуда ҳимоя мекунад. Аз соли 2006 то соли 2009 мудири кафедраи Лингвистика ва коммуникатсияи байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Моҳи августи соли 2009 декани факултети муносибатҳои байналмилалии ДТИКТ таъйин мегардад. Аз моҳи январи соли 2011 дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДЗТ ба номи С.Улуғзода ва аз моҳи апрели ҳамон сол мудири кафедраи мазкур интихоб гардида, моҳи апрели соли 2014 дар ҳамин вазифа фаъолият намуд. Аз моҳи апрели соли 2014 то сентябри соли 2014 ба вазифаи сардори раёсати илм, инноватсия аспирантура ва докторантура фаъолият намуд. Аз соли 2014 то соли 2015 докторанти Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ вамероси хаттии АИ ҶТ. Аз 19.06. 2015, №411 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Мазкур барои зиёда аз 10 нафар номзадони илм ба ҳайси муқарризи асосӣ баромад намудааст. Дар олами забоншиносии тоҷик ҳамчун чеҳраи шинохта бо назари интиқодии илмиаш муаррифӣ шудааст. Барои 6 аспирант ва 5 унвонҷӯй ба ҳайси роҳбари илмӣ таъйин шуда, чанд нафар аз шогидонаш дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Ба донишҷӯён аз фанҳои таърихи забон, масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, забоншиносии иҷтимоӣ (сотсиолингвистика), забоншиносии фарҳангӣ (этнолингвистика) ва забоншиносии равонӣ (психолингвистика) лексия мехонад. Матробов С. қ. муаллифи 2 монография («Рӯзгор ва осори Мубораки Вахонӣ»(2010) ва «Лексикаи бозиҳои миллии вахонизабонон (очерки этнолингвистӣ)» (бо забони русӣ) (2012)), 4 китоби дарсӣ «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ)» (2009), «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои иқтисодӣ)» (2010), (2011), «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои тарҷумонӣ, забонҳои хориҷӣ ва рӯзноманигорӣ)» (2013)), «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои соҳаҳои геологӣ)» (2015), 5 барномаи таълимӣ ва мақолаҳои зиёди илмӣ буда, инчунин яке аз таҳиягарони “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” (2006, 2010 ) мебошад.

Категория: 

Сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ

Баҳодиҳии муҳтаво: 

1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода - Сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ

Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода

Тел.: (992 37)227-59-28; 227-64-42Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru

1. Самтҳои фаъолияти шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ
Шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ (минъбад - шуъба) воҳиди сохтори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд.

2. Шуъба дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиави ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, иҷрои амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.

3. Шуъба таҳти роҳбарии раиси Кумита ва муовини ӯ тибқи тақсимоти вазифаҳо фаъолият мекунад.

4. Шуъба дар асоси супоришҳои раис ва муовини раиси Кумита бо дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳоновобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ба ваколати он дахлдошта ҳамкорӣ намуда, тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуда, бо онҳо мувофиқа мекунад.

5. Шуъбаро сардори он, ки бо фармоиши Раиси Кумита тибқи қонунгузории хизмати давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад, роҳбарӣ менамояд.

6. Дар шуъба 1 сардор, 2 сармутахассис яъне сармутахассиси соҳаи ташкилӣ 1, сармутахассиси соҳаи ҳуқуқ 2 ва 1 мутахассиси пешбар фаъолият менамояд. 2. Вазифаҳо ва ваколатҳои шуъба: 1) Шуъба дар доираи фаъолият бо воҳидҳои сохтори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҳамкорӣ менамояд. 2) Назорат ва санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад. 3) Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳамоҳангсози Барномаи мазкур муайян гардидааст. Аз ин рӯ, шуъба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкурро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ назорат мебарад, маълумот талаб менамояд ва дар асоси гузоришҳои пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барнома то 1 марти ҳар сол ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал пешниҳод менамояд. 3) Назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ ва шуъбаро ба роҳ мемонад. 4) Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Кумитаро дар соҳаи забон давлатӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” таҳия намуда, бо мақомоти дахлдор мувофиқа менамояд. 5) Арзу шикоятҳои хаттию шифоҳии шаҳрвандонро дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» баррасӣ менамояд. 6) Арзёбии идоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии хусусияти умумиҳатмидоштаи соҳаи забони давлатиро амалӣ менамояд. 7) Нақшаи кори Кумита ва шуъбаро таҳиянамуда, иҷрои онро дар доираи ваколаташ таъмин менамояд. 8) Татбиқи консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои соҳаи забони давлатиро дар доираи ваколаташ таъмин менамояд. 9) Барои риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи ваколати худ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷиҳати баррасӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд. 10) Конференсияҳо, семинарҳо, чорабиниҳои ҷумҳуриявиро вобаста ба сиёсати забони давлатӣ ташкил ва баргузор намуда, дар кори шуъбаю бахшҳои Кумита мусоидат менамояд. 11) Тибқи тартиби муқарраршуда ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро дар шуъба ва Кумита таъмин менамояд. 12) ҳисоботи семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи фаъолияти шуъба ва Кумитаро таҳия намуда, ба раиси Кумита пешиҳод менамояд. 13) Барои рушди сиёсати забони давлатӣ ва амалӣ гардидани амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф манзур менамояд. 14) Дорои дигар ваколатҳое мебошад, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забони давлатӣ муайян гардидааст. 3. ҳуқуқҳои шуъба: 1) ҷиҳати таҳкими фаъолият дар баррасии масъалаҳои марбут ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо ба раиси Кумита пешниҳод менамояд. 2) Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба фаъолияти шуъбаро ташкил, назорат ва таъмин менамояд, аз ҷумла: - маводи дар ихтиёри Кумита қарордоштаро меомӯзад ва ба раиси Кумита пешниҳод менамояд; - аз мақомоти давлатӣ маълумоти барои қабули қарор заруриро оид ба масъалаҳои муқарраргардидаи соҳаи фаъолият дар мувофиқа бо роҳбарияти Кумита дастрас менамояд; - барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти шуъба ба раиси Кумита пешниҳод менамояд; - дар рафти санҷиши иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ иштирок намуда, санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад ва барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд. - машваратҳо ва дигар чорабиниҳоро, ки ба фаъолияти шуъба дахл дорад, ташкил менамояд; - дар бораи ҳавасмандгардонии мутахассисони шуъба, ки ба комёбиҳои меҳнатӣ ноил гаштаанд, барои сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатӣ ба раиси Кумита пешниҳод менамояд; - маводи аз ҷониби мутахассисони шуъбаю бахшҳо пешниҳоднамударо меомӯзад, ҳолати ҳуқуқии онҳоро дар пешбурди фаъолият баррасӣ намуда, маводи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз номи Кумита барои баррасӣ ба мақомоти суд ирсол кардан ба Прокуратураи ҷойи истиқомат ё ҷойи таҳияи протоколи ҳуқуқвайронкунанда пешниҳод менамояд; - ҳисоботи семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи фаъолияти шуъба ва Кумитаро таҳия намуда, вобаста ба дурнамои фаъолияти Кумита ва рушди забони давлатӣ ба раиси Кумита пешиҳод менамояд; - дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масъалаҳо ва қабули қарор иштирок намуда, иҷрои онҳоро аз тарафи мақомоти дахлдор ва шахсони мансабдор талаб менамояд; - оид ба такмили хизмати давлатӣ ба мақоми давлатие, ки дар он фаъолият мекунад, ҳамчунин ба мақомоти давлатии болоӣ ва шахсони мансабдори он таклиф пешниҳод менамояд; - шуъба ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Кумита, воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳамкорӣ менамояд; - дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кории Кумита иштирок менамояд; - тибқи нақшаи кории Кумита конференсияҳо, машварату семинарҳо ташкил менамояд, инчунин дар чорабиниҳое, ки роҳбарияти Кумита ва дигар воҳидҳои сохторӣ дар доираи ваколаташон мегузаронанд, иштирок менамояд; - шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. 4. Масъулияти кормандони шуъба ва муқаррароти хотимавӣ 1) ҳуқуқу уҳдадориҳо, масъулияти кормандони шуъба ва хизматчиёни давлатӣ дар дастурамалҳои мансабие, ки аз ҷониби раиси Кумита тасдиқ карда мешаванд, пешбинӣ гардидааст. 2) Талаботи муқарраротиқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъйин гардидан ба мансаб ва дар давоми фаъолият қатъиян иҷро менамояд. 3) Сирри хизмати давлатӣ ва сирри дигаре, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст ҳифз менамояд ва барои ошкор намудан ҷавобгар мебошад. 4) Кормандони шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври зарурӣ иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Категория: 

Сардори шуъбаи танзими истилоҳот

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Ҳоло баҳо надорад
Зулфониён Раҳим Раҷабзода - Сардори шуъбаи танзими истилоҳот

Зулфониён Раҳим Раҷабзода

Тел.: (992 37) 227-64-51; 227-59-40

Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru

Самтҳои фаъолияти шуъбаи танзими истилоҳот:

Оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба забони давлатӣ таклифу пешниҳодҳо таҳия менамояд; - оид ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии омоданамудаи мақомоти болоӣ ва дигар мақомоти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз лиҳози танзими истилоҳот хулоса пешниҳод менамояд; - фаъолияти ҳамкориҳои байналмилалии Кумитаро роҳандозӣ менамояд; - санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба забони давлатиро мураттаб месозад; - иҷрои консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои соҳаи забони давлатиро таъ-мин мекунад; - оид ба танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод манзур менамояд;

- лоиҳаи фарҳангҳои воридотиро дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот баррасӣ намуда, хулоса пешниҳод менамояд; - натиҷаҳои татбиқи сиёсати давлатиро вобаста ба самтҳои фаъолият таҳлил намуда, ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии истилоҳот ва рушди забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд; - масъалаҳои оид ба номгузории ташкилоту муассисаҳо, маҳалҳои аҳолинишин, номҳои ҷуғрофӣ, кӯчаву хиёбон ва дигар масъалаҳои марбут ба ин самтро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор медиҳад; - барои ташкилу баргузории чорабиниҳои дахлдори соҳа ба дигар воҳидҳои сох-торӣ мусоидат менамояд. Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳот дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2010), мутобиқи қарори ҳайати мушовараи Кумита аз 28.03.2011, №3/1 бо ҷалби зиёда аз 100 нафар донишмандони муассисаҳои илмию таълимӣ таъсис дода шудааст. Шӯро аз 3 гурӯҳ ва 20 бахш иборат аст. Ҳадаф аз таъсиси Шӯро танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳаҳо буда, то имрӯз ҳайати Шӯро фарҳангномаҳои зиёди соҳавиро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додааст.

Категория: 

Сангов Ғулом Холович - Мудири бахши умумӣ ва кор бо кадрҳо

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Ҳоло баҳо надорад
Сангов Ғулом Холович - Мудири бахши умумӣ ва кор бо кадрҳо

Сангов Ғулом Холович

Тел.: +(992 37) 227-59-38
Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru

Самтҳои фаъолияти бахши умумӣ ва кор бо кадрҳо:

  • назорати риояи тартибу интизоми меҳнатӣ дар мақомоти давлатӣ;
  • ташкил ва назорати рафти иҷрои маводи вурудӣ;
  • омода намудани ҷавоб ба муроҷиатшахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • сабти ҳуҷҷатҳои вурудӣ ва судурӣ ва назорати нигаҳдории онҳо дар пўшаҳои асноди муқарраргардида ва ҳисобот аз натиҷаи иҷроиши онҳо ба роҳбарият;
  • таҳияи ҳуҷҷатҳои оид ба таъйин ва озод намудани кормандони Кумита;
  • таҳия намудани лоиҳаи басти корӣ, ҷадвали рухсатиҳои меҳнатӣ ва ба расмият даровардани сафарҳои хизматӣ;
  • доир намудани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, таҳлили натиҷаҳои таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҷойивазкунии самаранокдар мансабҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ.

Категория: 

 

Омор

  • Шумораи меҳмонон: 1636141
  • Меҳмонони беҳамто: 13059
  • Бақайдгирифташуда: 34
  • Корбари бақайдгирифташудаи охирин: Хоссайни Мир
  • Саҳифаҳои чопшуда: 2835
  • Нишонии IP-и шумо: 54.161.45.156
  • Аз санаи: 14 Ноябр 2017 - 16:42
 

Ахбори рӯз

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.
Шумо дар матни зерин хатои имлоро пайдо кардед:
Барои фиристодани гузориш, шарҳи худро гузошта, тугмаи "Фиристодани гузориши хатои имло"-ро зер кунед