Суханрониҳои Президент

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон - Китоби электронӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сиёзати давлатӣ

«Акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ бояд мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар як унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем». Эмомалӣ Раҳмон

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми телевизионӣ ба муносибати Соли нави мелодӣ

Паёми телевизионӣ ба муносибати Соли нави мелодӣ 31.12.2017

Ҳамватанони азиз!

   Тибқи солшумории мелодӣ соли 2017 сипарӣ шуда, соли нави 2018 фаро мерасад. Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям. Дар соле, ки фаро расида истодааст, ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям.

   Умедворам, ки соли нав барои халқи сарбаланди тоҷик соли бобарор ва марҳалаи навбатии вусъати амалҳои созандаву ободкориҳо гардида, мақсаду маром ва орзуву ниятҳои некамон амалӣ мешаванд. Зеро соле, ки сипарӣ мегардад, барои мардуми кишварамон давраи заҳмати софдилона ба хотири пешрафти Ватани соҳибистиқлоламон буд.

   Чанд рӯз пештар дастовардҳое, ки мо дар зарфи соли 2017 ба онҳо муваффақ шудем, инчунин, вазифаҳо барои соли оянда дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олии мамлакат муфассал баррасӣ шуданд. Имрӯз ҳамаи мо шукрона мекунем, ки бо иродаи қавии мардуми соҳибмаърифату куҳанбунёдамон дар сарзамини аҷдодиамон сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмрон аст ва сокинони мамлакат ба хотири ояндаи неки Ватан сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (5 октябри 2017)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.

Воқеан, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад.

Забон, инчунин, воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.

Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад.

Яъне бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)
 

Омор

  • Шумораи меҳмонон: 699863
  • Меҳмонони беҳамто: 6312
  • Бақайдгирифташуда: 15
  • Корбари бақайдгирифташудаи охирин: Турсунова Марҷо...
  • Саҳифаҳои чопшуда: 1416
  • Нишонии IP-и шумо: 54.82.57.154
  • Аз санаи: 14 Ноябр 2017 - 16:42
 

Ахбори рӯз

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.
Шумо дар матни зерин хатои имлоро пайдо кардед:
Барои фиристодани гузориш, шарҳи худро гузошта, тугмаи "Фиристодани гузориши хатои имло"-ро зер кунед