Эълонҳо

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ»

     Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми марти соли 2018 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик - академик Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» бо иштироки олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифтааст.
     Дар Конференсия масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолият ва саҳми бузурги устод Садриддин Айнӣ дар ҳифзи асолати забон ва бузургдошти анъанаҳои миллӣ ва мақоми ҷаҳонии Айнӣ ҳамчун мутафаккири тоҷик баррасӣ хоҳад шуд. Барои иштирок дар конференсия матни маърӯзаро то 15-уми марти соли 2018 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Тоҷикфилм ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоед.

Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо:
Маърӯзаро дар ҳаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см., фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman бо истифодаи тарҳбандии ҳарфкалиди стандартӣ ва ҳарфҳои алифбои тоҷикии стандартӣ, андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли чопӣ ё электронӣ пешниҳод кардан зарур аст. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад. Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.

Телефонҳо барои тамос: 227-59-25; 227-64-51; 92-721-53-46.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Сармутахассиси бахши экспертизаи забоншиносӣ

Вазифаи холӣ

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии сармутахассиси бахши экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни кушода эълон менамояд:

1. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансаби сармутахассиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон .
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ:
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос:
- маҳорати кор ва кордонӣ дар компютер.
- маоши мансабӣ 855 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ.

2. Довталабон бояд дорои малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ зимни татбиқи манфиатҳои давлатӣ бошанд.

3. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:
- аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6):
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (дараҷа ва унвони илмӣ);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 086, 038);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва Эъломия оид ба вазъи амволи хизматчии давлатӣ;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Аз хизматрасониҳои ҳукуматии электронӣ марбут ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баред - Дастури аризаи электронӣ (муроҷиати электронӣ) барои номҳои тозаэҷод дар номгузории фарзандон

Муҳтарам падару модарон!
Шумо метавонед аз хизматрасониҳои ҳукуматии электронӣ марбут ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баред ва ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои номгузории фарзандон бо номҳои тозаэҷод ба таври электронӣ муроҷиат намоед.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки б
арои интихоби номҳо дар номгузории фарзандон аз
«Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» истифода баред. Барои осон намундани номгузории фарзандон бо номҳои тозаэҷод, Шумо метавонед аз аризаи электронӣ истифода намоед.

Умедворем, ки хизматрасониҳои электронии мо вақт ва хароҷоти Шуморо сарфа мекунанд, то тавонед нигоҳубини фарзандонатонро осон созед ва вақт ва хароҷоти сарфашударо ба онҳо ҳарчи бештар диҳед.

1

АРИЗАИ ЭЛЕКТРОНИРО ОҒОЗ НАМОЕД

2

Шакли аризаи электрониро пур намоед.

Тавзеҳ барои корбарони бақайдгирифташуда: Шумо метавонед ҳангоми пуркунӣ аризаро дар лаҳзаи дилхоҳ нигоҳ доред, кофе, чой, об нӯшед, дар бораи номгузорӣ ё тағйири номи фарзанди худ бо дӯстон ва оила маслиҳат кунед, ё ин ки маълумоти заруриро барои ариза тайёр намоед. Дар оянда метавонед аризаи электронии захирашударо аз ин лаҳза то анҷом идома диҳед. Ин имкон танҳо барои корбарони бақайдгирифташуда дастрас аст.

Меҳмонон ҳамеша метавонанд ҳисоби корбарии худро ба қайд гиранд ё ин ки озодона аз ин сомона ва аризаи электронӣ истифода баранд.

3

Шумо метавонед имзои электронии худро ба воситаи муши компютерӣ, ангушт ё стилус/қалами махсус (дар планшетҳо, смартфонҳо, ноутбукҳои дорои экрани ламсӣ, лавҳаи имзогузорӣ (signature pad)) гузоред.

Имзои электронӣ (ба воситаи стилус/қалами махсус)

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

«Забони миллат- ҳастии миллат»- китоби нави Эмомалӣ Раҳмон

«Забони миллат- ҳастии миллат»- китоби нави Эмомалӣ Раҳмон

Китоби нави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат» баргузор шуд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода – Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар сухани муқаддимотии худ дар остонаи ҷашни ҷамшедии Наврӯз нашр гардидани китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро дастоварди бузурги илмию фарҳангӣ ва муждаи наврӯзӣ барои миллати тоҷик ва кулли форсизабонони ҷаҳон арзёбӣ кард.
Зикр шуд, ки китоби нави Эмомалӣ Раҳмон доир ба сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ, шебу фарозҳои он дар масири зуҳуру густариш ва зарфиятҳои фароху фарогири забони тоҷикӣ маълумот медиҳад.
Дар асар решаҳои ориёии забони тоҷикӣ бо далелҳои қавии илмӣ ва таърихӣ исбот шудаанд. Ҳамчунин даврабандии таърихии забони тоҷикӣ дар асоси маводи нави илмӣ матраҳ шудааст.
Дар маҷмӯъ асари мазкур фарогири бузургтарин сарчашмаҳои таърихию тамаддуни тоҷикон аст. Хусусан муаллифи асар – Пешвои миллат таърихи пайдоиши забони тоҷикиро дар фасли алоҳидаи китоб таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат» гирд овардааст.
Зикр мешавад, ки зодгоҳи асосии забони тоҷикӣ Хуросону Мовароуннаҳр, соҳили чапу рости рӯди Ому, хусусан қаламрави ҳозираи Тоҷикистон аст. Ҳамзамон дар асар доир ба сарнавишти забони тоҷикӣ дар замони истилои араб дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти илмӣ оварда шудааст, ки он барои пажӯҳиши дурнамои забоншиносӣ дастури муфиди илмӣ маҳсуб мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявии «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он»

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Кумита 3-юми октябри соли 2017 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он»-ро бо иштироки олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифтааст.
Дар конференсия масъалаҳои марбут ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва ҷанбаҳои мусбату мушкилоти он баррасӣ хоҳад шуд.

Барои иштирок дар конференсия матни маърӯзаро то 22-юми сентябри соли 2017 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Тоҷикфилм ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоед.

Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо:
Маърӯзаро дар ҳаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А 4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см., фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman ва Times New Roman Tj, андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод кардан зарур аст. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад.
Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.

Телефонҳо барои тамос: 227-59-25;227-64-51; 92-721-53-46. Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru.
Комиссияи тадорукот

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Ҳоло баҳо надорад

Даъват ба фаъолияти ихтиёрӣ (волонтёрӣ)

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми шаҳрвандони дохил ва хориҷи кишвар, дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат менамояд, ки метавонанд ихтиёриёни (волонтёрони) Кумита шуда, лоиҳаҳо, фикру андешаҳо ва дархостҳои худро барои рушди забони тоҷикӣ ба Кумита тавассути сомонаи мо дар шакли зер пешниҳод намоянд:

ШАКЛИ БАҚАЙДГИРӢ

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» (3 октябр 2017)

Китобхонаи миллӣ

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми октябри соли 2017, соати 900 дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» баргузор мегардад. Конференсияи мазкур бо иштироки забоншиносон, олимон, донишмандон, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо баргузор мегардад. Дар конференсия зиёда аз 30 маърӯза пешниҳод шудааст, ки дар он масъалаҳои «Асолати забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна», «Истиқлолият ва нақши имло дар танзими забони миллӣ», «Забон ҳамчун ниҳоди бунёдии ҷомеа», «Мушкилоти имло дар навишти реклама», «Зарурати татбиқ ва истифодабарии барномаҳои компютерӣ барои осонсозии риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забони давлатӣ» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Ҳоло баҳо надорад
 

Омор

  • Шумораи меҳмонон: 698758
  • Меҳмонони беҳамто: 6307
  • Бақайдгирифташуда: 15
  • Корбари бақайдгирифташудаи охирин: Турсунова Марҷо...
  • Саҳифаҳои чопшуда: 1416
  • Нишонии IP-и шумо: 54.83.81.52
  • Аз санаи: 14 Ноябр 2017 - 16:42
 

Ахбори рӯз

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.
Шумо дар матни зерин хатои имлоро пайдо кардед:
Барои фиристодани гузориш, шарҳи худро гузошта, тугмаи "Фиристодани гузориши хатои имло"-ро зер кунед