Гузориш аз ҷаласаи гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳокимаи лоиҳаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар толори Академия илмҳои Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Октябр, 2020 - 15:55

       Имрӯз 21-уми октябри соли  равон дар толори АМИТ ҷаласаи ниҳоии гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”  ва “Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ» баргузор гардид, ки барои амалисозии масъалаи мазкур тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.10.2019, №16/10-248 Кумита вазифадор гардидааст.


       Ҷаласа бо иштироки  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик А. Раҳмонзода ва намояндаи ДИПҶТ Буризода    , роҳбарияти  Кумита ва АМИТ ва ширкати 23 нафар аъзои гурӯҳи корӣ оѓоз гардида, лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”  ва “Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ» мавриди муҳокима ва баррасии олимони забоншинос қарор гирифт.

       Боиси зикр аст, ки бо назардошти мушкилиҳо ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (№458 аз 04.10.2011) таҳиягарони Лоиҳаи навро зарурат пеш омад, то масъалаҳои баҳсталаб ҳалли худро ёфтаву духӯрагиҳо дар номи ҳарфҳо, мавриди дуруст муайян кардан ва мавқеи корбурди навишти ҳарфҳои иқтибосии ҳазфшудаи ц, щ, ы, ь, инчунин, имлои калимаҳо дар калимаву иборасозӣ ва мавқеи корбурду навишти онҳо дар ҳиссаҳои нутқ  дуруст ва мушаххас муайян карда шаванд.

       Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”  ва “Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ» дар шакли ниҳоӣ рӯзҳои наздик барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.


Котиби Комиссия

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: