Гузориши конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» (3 октябри 2017)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:42

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита 3-юми октябри соли равон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 70 нафар намояндагони вазорату идораҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Конференсияи мазкур бо дарназардошти рисолату мақоми таърихии забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ, инчунин, мушкилоти ҳалталаби он дар тамоми самти қишри ҷомеа ва баҳри рушду густариши он дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон, алалхусус, амалӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ чунин тавсиянома қабул кард:

1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби олимони забоншинос Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро дар таҳрири нав таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

2) Аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби барномасозон ва забоншиносон Барномаи навтарини тафтиши имлои забони тоҷикӣ таҳия ва роҳандозӣ карда шавад.

3) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳо, донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, МИМҲД шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ масъалаҳои зеринро роҳандозӣ намоянд:

- фароҳам овардани шароити мусоид дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҷиҳати омӯзиши забони тоҷикӣ;

- назорати ҷиддӣ намудан ба сатҳу сифати забони матни рекламаҳои берунӣ дар ВАО паҳншаванда;

- назорати қатъии матни ҳама гуна навиштаҷоти шиору лавҳаю овезаҳо ва мутобиқ намудани барчаспҳо, нархномаҳои ширкату ташкилотҳои истеҳсолии кишвар, бахусус, номгузории маводи истеҳсолӣ дар ширкатҳо ва лавҳаҳои муваққатии мавсимӣ ва ҳамешагии насбшаванда ва зери назорати қатъӣ гирифтани фаъолияти муассисаҳои табъу нашри хусусӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;

- назорати забони ВАО дар ҷумҳурӣ;

- назорати номгузории ташкилоту муассисаҳо, матни шиору овезаҳо;

- дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намудани омӯзиши забони тоҷикӣ ва донистани ҳатмии он барои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ;

- дар мувофиқа фаъолият намудани Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои номгузорӣ, таҳияву насб ва пахши рекламаҳо ба забони тоҷикӣ;

- ба роҳ мондани омӯзиши он-лайн ба забони давлатӣ ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тариқи шабакаҳои давлатии телевизионӣ;

- назорати ҷиддӣ ҷиҳати пахшу интишори афкори соҳибзабонон ба забони тоҷикӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ;

- матнҳои рекламавии берунӣ ва дар ВАО паҳншаванда пеш аз паҳну манзуршавӣ ҳатман бо Кумитаи забон ва истилоҳот мувофиқа карда шаванд.

4) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои рамзгузорӣ ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷикӣ дар сафҳакалиди (клавиатураи) компютерии стандарти UNICODE барои истифодабарии компютерӣ» аз 2-юми августи соли 2004, №330 қабул гардидааст, ки сафҳакалидҳои компютерҳои вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо бояд дар асоси он бо шрифти «Times New Roman Tj» ба роҳ монда шавад, вале бо пешрафти технология системаҳои оператсионии навтарини Microsoft Windows 7, 8.1 ва 10 ё ин ки OS Linux, монанди Mageia, Fedora, Ubuntu, OpenSuse, TrueOS (FreeBSD), Mint ва барномаҳои навтарини Microsoft Office 365 ё ин ки LibreOffice 5 ва ғайра бо интерфейси тоҷикӣ, шрифтҳо ва стандартҳои рамзгузорӣ ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷикӣ дар сафҳакалиди (клавиатураи) компютерии стандарти UNICODE барои истифода пешниҳод шудааст. Бинобар ин зарур аст, ки барои ҳамгун сохтани шакли навишторӣ аз чунин технологияҳои навтарин истифода бурда шавад.

5) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби забоншиносон ва мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳот бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо ва ғалатҳои ному насабнависӣ ва ҳуҷҷатнигории онҳо ва ҷиҳати дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ворид намудани тағйиру иловаҳо чораҳои зарурӣ андешанд:

- шаклу қолаб ва матни зодномаю шиносномаҳои тоҷикӣ ба тағйиру илова ниёз дошта, бояд гунаи дурусти ному насабнигорӣ тасдиқ карда шавад.

- пасвандҳои ташаккулдиҳандаи номи падар -“пур” ва “духт” ба моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ворид карда шаванд.

- тибқи қарори алоҳида бо мақсади дуруст ба роҳ мондани талаботи моддаи 74-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” номҳои ғалату бемантиқи падарӣ ва номи хонаводаги (насаб)-и шикастаи шаҳрвандон бояд дар асоси қонунҳои амалкунанда - тибқи талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ислоҳ карда шаванд, то оянда барои наслҳои баъдина дар ҳуҷҷатнигорӣ монеа эҷод нашавад.

- шаҳрвандон битавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ тахаллус (лақаб) ё тахаллуси маконӣ (этнонимӣ ё топонимӣ) дошта бошанд (мисол: Сомонзод, Ориёнфар, Заргар, Сӯзанӣ, Зарринфом, Кешрудӣ, Турандод, Фарғонӣ, Бухороӣ, Суғдзод, Зарафшонӣ, Зарафшонфар, Хатлонӣ, Бадахшонӣ, Хуҷандӣ ва ғ.)».

6) Пешниҳоди асосноки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи таъсиси воҳиди корӣ дар МИМҲД бо мақсади рушду густариши сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва ҳалли масъалаҳои марбут ба ин самт.

7) Ба қайд гирифтани истилоҳоти соҳавии тасдиқнамудаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)