Китоби «Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон» ба нашр расид

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Ноябр, 2021 - 17:13
Китоби «Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон» ба нашр расид

ДУШАНБЕ, 8.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон» аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардид. Дар он фикру андешаҳои муҳаққиқону донишмандони варзидаи ҷумҳурӣ нисбат ба асари безавол ва бузургқомуси миллии тамаддунсози асрҳо ва замонҳо – «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба қалами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст, гирд оварда шудаанд, иттилоъ доданд аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар асари мазкур аз муҳтавои навиштаҳои илмии муҳаққиқони риштаи забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва таъриху фарҳанги ҷумҳурӣ бармеояд, ки асари тозанашри дуҷилдаи мазкур дар ҳавзаи илмии муҳаққиқон ва дар доираи аҳли зиё мақому манзалати беназир касб намудааст.

Дар сарсухани асари мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илми ҳуқуқшиносӣ Эмомалӣ Насриддинзода навиштааст, ки «Асари «Забони миллат – ҳастии миллат» дар баробари «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ ва китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров асари нодири таҳқиқотӣ, бузургтарин сарчашмаи муътамад ва оинаи тамомнамоест, ки дар он таърихи зиёда аз 3500 – солаи забон, адабиёт, таърих, фарҳангу тамаддуни тоҷикон мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтааст ва дастагули муаттарест ба тамоми аҳли зиё, бедордилони кишвару посдорандагони забони модарӣ, фарзандони асили Ватани азизамон».

Ҳамчунин дар асари мазкур мақолаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода таҳти унвони «Пешвои миллат оид ба азамат ва шукӯҳи забони тоҷикӣ» нашр шудааст, ки дар он ақидаҳои муаллиф оид ба нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақому мартабаи забони модарии тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ дарҷ гардидаанд. «Агар бузургони пешин- устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ба адабиёту таърихи пурфарозу оламгири тоҷикон арҷгузорӣ карда, онро ҳамчун мероси аслии миллат рӯнамоӣ карда бошанд, дар пайомади эшон, абармарди сиёсат, илм ва фарҳангу иқтисоди мустақил ва худогоҳи воқеии миллии тоҷикон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Модар – Ватан ва азамати забони модарии тоҷикӣ ҳамчун ба Модар – сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт арҷгузорӣ карда, мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ дар байни зиёда аз 200 кишвари олам ва минҷумла сайёра баланд бардоштаанд. Ва чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳоланд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои сатҳи сиёсиву фарҳангии башарӣ садо медиҳад»,-навиштааст Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)