Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Январ, 2021 - 12:17
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

   

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.

Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд.

Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.

Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад.

Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид.

Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд.

Яъне мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем.

Дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем.

Аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд.

Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд.

Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд.

Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд.

Илова бар ин, дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019–ум ду фоиз зиёд мебошад.

Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1 –уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд.

Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуд.

Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.

Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.

Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд.

Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.

Пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар дар соли 2020 –ум 17,2 фоиз афзуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил карданд, ки ин гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва эътимоди мардум ба ташкилотҳои қарзӣ мебошад.

Соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлол банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд.

Бо истифода аз фурсат, ба хурду бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла ба соҳибкорону шахсони саховатманд барои фаъолияти софдилона ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ баён менамоям.

Соли 2020–ум, ҳамчунин, бо рӯйдодҳои басо муҳимму хотирмони худ ба таърихи давлатдории миллии мо ворид гардид.

Дар ин сол мо ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандиро дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил кардем.

Ҳамчунин, бо иштироки фаъолонаи халқи азизамон соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ, якум – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бахшад.

Яъне дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем.

Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар соли 2021 истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ тақвият бахшида, дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, хусусан, доир ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз ва ҳалли проблемаҳои рӯзмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад.

Вакилони муҳтарам!

Дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Соли 2020 ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 50 фоиз баробар гардид.

Бо вуҷуди ин, масъалаҳои гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузории электронӣ, аз ҷумла низоми хариди электронии давлатӣ то ҳанӯз ҳал нагардидаанд ва мо дар ин самт аз талаботи замона қафо монда истодаем.

Бо мақсади танзими муносибатҳо дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти назоратӣ супориш дода мешавад, ки барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аз аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаштани субъектҳои дорои манфиати умум ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Қобили зикр аст, ки дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000–ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд.

Дар соли сипаришуда аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019–ум 4,6 фоиз зиёд мебошад.

Вале ин нишондиҳанда барои расидан ба ҳадафҳои рушди кишвар қонеъкунанда нест.

Зикр бояд кард, ки ҳанӯз ҳам нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми сусти идоракунии корпоративӣ, зиёд будани хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, боқӣ мондани қарзҳои ғайрифаъол, кофӣ набудани ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани маблағгузории корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи камбудиҳое мебошанд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.

Аз ин лиҳоз, Бонки миллӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ ба талабот мутобиқ сохта, раванди идоракунии корпоративиро дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва тадриҷан афзоиш додани сармояи ойинномавии онҳоро таъмин намояд.

Дар ин раванд, бояд якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ оид ба беҳтар намудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва фаъол намудани низоми рейтинги миллӣ барои ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои суғурта тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои ба низоми бонкӣ ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ бо роҳандозии технологияҳои молиявию инноватсионӣ васеъ намудани хизматрасониҳои бонкӣ ва дар ин замина якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор пурра ҷорӣ кардани амалиёти ғайринақдӣ, аз ҷумла ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, роҳбарони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки фаъолияти худро оид ба ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус, ҷиҳати ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин раванд бартараф намудани омилҳои субъективӣ густариш диҳанд.

Ба мақомоти зикршуда супориш дода мешавад, ки минбаъд барасмиятдарории фаъолияти сармоягузориро тавассути пурра ҷорӣ намудани низоми электрониву рақамӣ амалӣ созанд ва фаъолияти марказҳои хизматрасониро ба соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монанд.

Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад.

Татбиқи барномаҳои қабулнамудаи мо барои гузаштан ба ин раванд қонеъкунанда нестанд ва зарур аст, ки чораҳои ба ташаккули шароит барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ мусоидаткунанда андешида шаванд.

Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд.

Илова бар ин, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ пешниҳод менамоям, ки соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо афв гузаронида шавад.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки вобаста ба татбиқи пешниҳоди мазкур санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва қабул намояд.

Инчунин, барои аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар муҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад.

Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо таҳияи лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав бо дарназардошти сабук гардонидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ ба анҷом расонида, то моҳи март ба Ҳукумат пешниҳод намояд.

Ҳукумати мамлакат бахши хусусиро дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун нерӯи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум муайян кардааст.

Дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ ва амалисозии лоиҳаҳои инфиродии таҷдиди сохтори субъектҳои инҳисори табиӣ ва корхонаҳои азими давлатӣ то 90 фоизи дороиҳои давлатӣ ба бахши хусусӣ дода шуданд.

Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ҳоло бахши хусусӣ бомаром инкишоф ёфта, имрӯз саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 70 фоиз, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат 80 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳоло барои рушди соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии кишвар 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 40 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Танҳо дар соли 2020–ум 29 созишномаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд, ки барои беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, бунёди иншооти соҳаи маориф, рушди деҳот, сохтмону барқарорсозии роҳҳо ва иншооти энергетикӣ равона гардидааст.

Аз соли 2013 то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ 17 созишнома оид ба сармоягузории мустақим ба имзо расонида шудааст, ки дар доираи онҳо 15 корхонаи нави истеҳсолӣ ба маблағи умумии зиёда аз 10 миллиард сомонӣ бунёд гардида, беш аз ҳафт ҳазор нафар сокинони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Дар робита ба ин, зарур аст, ки корҳо дар самти бунёди корхонаҳои металлургӣ, маъдантозакунӣ, истихроҷ ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга ва қиматбаҳо, рушди саноати мошинсозӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва дорусозӣ вусъат бахшида шаванд.

Ҳозирини гиромӣ!

Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд.

Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид.

Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудем.

Дар робита ба ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо мақсади таъмин намудани рушди саноати дорусозӣ ва омода кардани мутахассисони дорои малакаи баланди истифодаи технологияҳои муосири дорусозӣ тадбирҳои фаврӣ ва мушаххас андешанд.

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт ва монанди инҳо мебошад, ки ҳаҷми тасдиқшудаи онҳо садҳо миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудааст, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошад.

Ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи захираҳои зикршуда истихроҷ ва коркард шуда истодааст, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест.

Бинобар ин, зарур аст, ки Саридораи геология корҳоро дар самти омӯзиши геологӣ, гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳо, истифода, азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, инчунин, назорати равандҳои хатарноки геологӣ ва мониторинги обҳои зеризаминӣ тақвият бахшад.

Ҷиҳати рушди саноати маъдан ва дигар соҳаҳои саноати коркард ба Саридораи геология якҷо бо вазорату идораҳои марбута супориш дода мешавад, ки дар асоси таҳлили захираҳо ва дараҷаи омӯзиши геологии онҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияро барои солҳои 2021 – 2030 таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.

Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд.

Танҳо соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар натиҷа соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади татбиқи бемайлони саноатикунонии босуръати кишвар мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро давра ба давра ҳаллу фасл намоянд.

Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм дар самти ташкили низоми самараноки тайёр намудани мутахассисон ва бозомӯзии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин, оид ба таъсиси маҷмааҳои саноатии илмӣ, аз ҷумла паркҳои инноватсиониву технологӣ чораҷӯӣ намоянд.

Бо ин мақсад, ҳамасола шумораи донишҷӯён ва мутахассисоне, ки ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар барои таҳсил ва такмили ихтисос фиристода мешаванд, ду баробар зиёд карда шавад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.

Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст.

Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо нерӯи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад.

Ҳоло ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ корҳо оид ба таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва дар доираи лоиҳаи «КАСА – 1000» сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 – киловолта ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардидааст.

Соли ҷорӣ нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид гардида, ба истифода супорида мешавад, ки бо иқтидори 270 мегаватт, яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд фаъолият хоҳад кард.

Инчунин, соли ҷорӣ сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» то зеристгоҳи конвертории «Сангтӯда», ки имконияти содироти барқро зиёд менамояд ва корҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти нерӯи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд.

Бо вуҷуди ин, дар самти таъмини доимиву устувори нерӯи барқ як силсила масъалаҳои муҳимми ҳалталаб вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад.

Аз ин рӯ, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкатҳои соҳаро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои марбута вобаста ба ҳалли масъалаву мушкилоти соҳа, хусусан, дар бобати баҳисобгирии истеҳсол ва истеъмоли барқ, кам кардани талафот ва истифодаи таҷҳизоти барқии каммасраф тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт низ бомаром рушд намуда, дар натиҷа мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем.

Бо ин мақсад, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд.

Дар ин раванд, мо бояд солҳои наздик боз зиёда аз 1500 километр роҳҳои байналмилалиро сохта, ба истифода супорем.

Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба анҷом мерасад.

Дар доираи онҳо қитъаҳои Душанбе – Қизилқалъаи шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Бохтар бо харҷи 1,6 миллиард сомонӣ, Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин ва Шкев – Қалъаихумби шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаихумб бо арзиши лоиҳавии 780 миллион сомонӣ ва роҳи мошингарди Кӯлоб – Муъминобод ба маблағи қариб 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ соли равон татбиқи боз 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.

Дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод, қитъаҳои Қалъаихумб – Ванҷи шоҳроҳи Душанбе – Қулма, Қизилқалъа – Бохтари шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, роҳҳои мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт ва Бохтар – Данғара, Хуҷанд – Конибодом, сохтмони пулҳо аз болои дарёҳои Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон амалӣ карда мешавад.

Соли ҷорӣ лоиҳакашии роҳҳои мошингарди Данғара – Гулистон ва Гулистон – Кӯлоб пурра ба анҷом расонида, соли 2022 сохтмони онҳо оғоз мегардад.

Вобаста ба ин, вазоратҳои нақлиёт, молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд амалӣ гардидани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа ва истифодаи технологияҳои муосирро таъмин намоянд.

Вазорати нақлиёт бояд якҷо бо дигар вазорату идораҳо тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ, баромад ба бандарҳои баҳрӣ, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикиро таъмин намояд.

Ҳозирини муҳтарам!

Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 – 2020–ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст.

Имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшиданд.

Масалан, соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 расида, нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд гардидааст.

Дар соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзудааст ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст.

Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020-ум нисбат ба соли 2017-ум 35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзудааст.

Воридоти гӯшт ба кишвар аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, яъне қариб 60 баробар кам шудааст.

Ҳаҷми воридоти гӯшти паранда дар соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст.

Соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо қариб 5 баробар, картошка 7,7, сабзавоту зироатҳои полезӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд шудааст.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудккунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991–ум 2,2 баробар зиёд мебошад.

Яъне дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки ҳоло дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши назаррас бозида истодааст.

Бо ин мақсад, минбаъд афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бисёр муҳим буда, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта, аз ҷумла бунёди боғҳои интенсивӣ бояд таъмин карда шавад.

Вобаста ба ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан, дар соли 2021 таъмин намоянд.

Натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзон ва чораҳои амалинамудаи Ҳукуматро мо имрӯз дар фаровонии маҳсулоти истеҳсоли худӣ дида истодаем.

Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд.

Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.

Ҳукумати кишвар барои дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ барои пӯшонидани манбаи андози мазкур чораҷӯӣ намояд.

Ҳамзамон бо ин, вазоратҳои кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳа, ташкили марказҳои логистикӣ ва тибқи талаботи бозор ва стандартҳои байналмилалии сифат ба роҳ мондани коркард, басту банд ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ бояд чораҳои қатъӣ андешанд.

Имрӯз дар ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ва бо суръати баланд рушдёбанда ба ҳисоб меравад.

Бо дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллӣ мо рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян карда, солҳои 2019 – 2021–умро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2018 бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳон қариб ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2017–ум 2,6 баробар зиёд шудааст.

Дар соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор нафарашон сайёҳон буданд.

Тайи солҳои 2018 – 2020–ум дар кишвар 145 ширкати нав иҷозатномаи фаъолият гирифта, дар ин муддат, дар маҷмӯъ, 224 ширкат ба бозори сайёҳӣ ворид гардид.

Дар заминаи ташаббусҳои зикргардида ва имтиёзҳои дар ин самт пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш пайдо карда, шумораи меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд шуд ва ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан, дар хатсайрҳои сайёҳӣ таъсири мусбат расониданд.

Зарур аст, ки ин раванд боз ҳам густариш дода шавад.

Дар ин раванд, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардид.

Бо вуҷуди ин ҳама ва бо дарназардошти соли ҷамъбастии ташаббуси «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки доир ба афзоиш додани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус, рушди сайёҳии дохилӣ чораҳои аввалиндараҷа андешанд.

Муҳтарам вакилони халқ!

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд.

Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст.

Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем.

Дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он мегарданд.

Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ташаббусу таҷрибаи ин мактабҳоро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар васеъ татбиқ намояд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд.

Вазоратҳои молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавриди амалӣ намудани қарори зикршуда ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд.

Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.

Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.

Умедворам, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.

Бинобар ин, зарур аст, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд карда шавад.

Ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи маориф норасоии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Соли гузашта ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Аз ин рӯ, ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки бо ҷалби соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда, ба ин масъала бисёр ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Чунонки борҳо хотирнишон карда будам, то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард.

Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст.

Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад.

Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем.

Ба хотири ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон мо соли гузашта маблағ ва шумораи гирандагони стипендияи президентиро хеле зиёд кардем.

Ҳамчунин, охири соли гузашта барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд.

Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.

Тибқи маълумот ҳар сол аз институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар то 500 нафар омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура сафарбар карда мешаванд, вале ин ҳоло ҳам кам аст.

Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро зарур аст, ки ба ин масъала дар оянда низ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар пояҳои моддиву техникӣ, озмоишгоҳӣ ва кадрии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳоро пайваста таҳким бахшида истодаем.

Масалан, агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст.

Шумораи аъзои Академияи миллии илмҳо низ ду баробар зиёд гардидааст.

Олимонро зарур аст, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд.

Дӯстони арҷманд!

Бо дарназардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст.

Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шудаанд.

Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар қариб 110 ҳазор нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, ба кулли сокинони кишвар, ки дар чунин давраи душвору вазнин сабру таҳаммул нишон дода, ба воҳимаву таҳлука наафтоданд, баръакс, муттаҳид шуда, эҳтирому иззати ҳамдигарро ба ҷо оварданд, табибон ва оилаҳои онҳоро дастгирӣ карданд ва баробари Ҳукумат заҳмат кашиданд, инчунин, ба соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша, ки ба муассисаҳои тандурустӣ, табибон ва оилаҳои камбизоат бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи ғизоӣ кумак расониданд, сипоси бепоён мегӯям.

Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД – 19 аз байн рафтааст.

Лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

Дар соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои муассисаҳои тиббӣ дар ҳаҷми қариб 1 миллиард сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ, доруворӣ ва маводи муҳофизатӣ харидорӣ карда шуд.

Дигар самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ мебошад.

Бо ин мақсад, дар соли 2020–ум 108 иншооти нави тандурустӣ бунёд ва 283 иншоот аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сироятёбӣ бо барангезандагони ҳар гуна бемориҳо ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст.

Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки масъалаи таъсиси Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳодҳои худро оид ба ҳалли ин масъала ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.

Соли 2020 барои тақвият бахшидани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат як қатор чораҳои судманд роҳандозӣ гардида, ба зиёда аз 700 ҳазор нафар сокинон аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ кумакҳои иловагии иҷтимоӣ пардохта шуданд.

Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд.

Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод менамоям, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.

Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 - сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.

Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.

Дар ин замина, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои бунёди се мактаб – интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд.

Зарур аст, ки дар ин муассисаҳо мисли мактабҳои байналмилалии Президентӣ шароити беҳтарини таҳсил ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.

Кумитаи меъморӣ ва сохтмон якҷо бо Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ то аввали моҳи октябр лоиҳаи ин муассисаҳоро таҳия ва барои мувофиқа ба Роҳбари давлат пешниҳод намояд.

Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода мешавад, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад.

Вале бояд гуфт, ки тибқи таҳлилҳо сатҳи касбияти коргарон ҳанӯз ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй набуда, ин масъала ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.

Дар ҷараёни ислоҳот як масъаларо ба эътибор бояд гирифт, ки имрӯз дар Тоҷикистон зарурат ва талабот барои ҷорӣ намудани омӯзиши садҳо ихтисоси дигар вуҷуд дорад.

Ҳоло дар кишвар 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 97 ихтисос ва 5 маркази таълими калонсолон бо 41 филиал ва 21 намояндагӣ аз рӯи 93 касб кадрҳои коргарӣ тайёр мекунад.

Дар асоси дастури мо имсол дар заминаи литсею коллеҷҳои техникӣ боз 47 маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир барои омӯзиши 50 касбу ҳунар ба фаъолият шурӯъ менамояд.

Аммо аз рӯйи маълумот қисми зиёди таҷҳизоти таълимӣ дар ин муассисаҳо фарсуда гардида, истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир омӯзонида намешавад.

Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон китобҳои дарсӣ ва тахассусӣ намерасанд.

Аз ин рӯ, барои ислоҳоти ҷиддӣ, азнавсозии низоми таълим ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Ҳамзамон бо ин, ба вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои таҷдиди назар кардани барномаву нақшаҳои таълими касбҳои коргарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини муассисаҳои зикршуда бо китобҳои дарсӣ чораҳои заруриро ба роҳ монанд.

Вобаста ба ин, зарур мешуморам, ки ба ҳар як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ва шаҳру ноҳияҳо якнафарӣ ба ҳайси сарпараст вобаста карда, дар зарфи ду соли оянда тамоми мушкилоту масъалаҳои ҷойдоштаи онҳо ҳаллу фасл карда шаванд.

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.

Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст.

Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.

Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.

Ҷудо намудани қарз яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад.

Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд.

Яъне шумораи иншооти варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нӯҳ баробар зиёд гардидааст.

Танҳо соли 2020, яъне соли пандемия ва шароити мушкили иқтисодиву молиявӣ барои наврасону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 147 иншооти варзиш бо харҷи 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Мо ба хотири ҳавасманд намудани варзишгарон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи варзиш таъсис додем, ки то имрӯз қариб 200 нафар варзишгарони ҷавон соҳиби он гардидаанд.

Мо минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳем.

Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем.

Хотирнишон месозам, ки ин вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла, падару модарон, омӯзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситаҳои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат мебошад.

Тоҷикон фарҳанги бисёр ғанӣ ва таърихи басо пурифтихори бостонӣ доранд.

Масалан, танҳо таърихи 5500 – солаи Саразм, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътирофу тасдиқ шудааст, далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад.

Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад.

Мо ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо хеле корҳои созандаро оғоз кардаем ва кӯшиш дорем, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам ҳарчи бештар муаррифӣ намоем.

Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Соли сипаришуда ҳайати нави Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва ман дар нахустиҷлосияҳои онҳо иштирок карда, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба рушду такмили қонунгузорӣ ва таҳкими минбаъдаи фаъолияти парламент иброз намуда будам.

Бовар дорам, ки вакилони халқ тавассути қабули қонуну қарорҳо дар пешрафти ҷомеа минбаъд низ саҳми худро мегузоранд.

Вале фаъолияти онҳо набояд бо қабули қонуну қарорҳо маҳдуд гардад. Яъне вакилон вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти татбиқкунандаи қонунҳо ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ намудани онҳо саҳм гузоранд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунҳои ба талаботи рушду пешрафти ҷомеа мувофиқро омода ва пешниҳод намоянд.

Итминон дорам, ки мақоми олии қонунбарори кишвар таҷрибаи гузаронидани муҳокимаҳои парламентиро тақвият бахшида, дар ин раванд қонунҳо, амалияи татбиқи онҳо, барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзро баррасӣ карда, дар пешрафти ҳаёти ҷомеа саҳми арзишманд мегузорад.

Дар баробари ин, вакилони ҳамаи сатҳҳо – аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон сар карда, то вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ҳамчун шаҳрвандони кишвар, пеш аз ҳама, худашон бояд фаъол ва ташаббускору ташкилотчӣ бошанд, нақши худро дар таҳкими рукнҳои давлатдорӣ софдилона иҷро намоянд, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми содиқонаву ватандӯстона гузоранд.

Ман дар вохӯрӣ бо судяҳо моҳи ноябри соли 2019 вобаста ба масъалаҳои таъмини қонуният ва адолати судӣ, тарбияи кадрҳои кордону поквиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбият, роҳ надодан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва бартарафсозии баъзе камбудиҳои дар фаъолияти мақомоти судӣ ҷойдошта ибрози андеша карда будам.

Аз ин рӯ, роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тайёр намудан ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд.

Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.

Бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералӣ вазифадор карда мешавад, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»–ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.

Мо борҳо эълон намудаем, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро зарур аст, ки ҳамкориро бо сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ва минтақавию байналмилалӣ дар ин самт тақвият бахшанд.

Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳад, махсусан, сарҳади Тоҷикистону Афғонистон диққати аввалиндараҷа дода, барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, адабиёти экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ дар хатти сарҳади давлатӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Хотирнишон месозам, ки ин тадбирҳо на танҳо ба ҳимояи манфиатҳои кишвари мо, балки ба оромиву суботи кишварҳои дуру наздик, бахусус, кишварҳои минтақа низ мусоидат менамоянд.

Вобаста ба ин, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати ҳимояи устувори сарҳади давлатӣ ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ пайваста чораҷӯӣ карда, назоратро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намояд.

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем.

Зеро вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.

Тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ, рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар зиёда аз даҳ ҳазор нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои таълими низомӣ таҳсил намуда, ҳамчун афсар дар ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ ба Ватан – Модар содиқона хизмат карда истодаанд.

Имрӯз низ ҳазорҳо нафар ҷавонони мо дар чунин муассисаҳо таҳсил доранд.

Дар баробари ин, моро зарур аст, ки бо дарназардошти шароити имрӯза Қувваҳои Мусаллаҳи худро азнавсозӣ кунем ва онҳоро бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ таъмин намоем.

Таъкид месозам, ки дар ҳолати тайёрии доимии ҷангӣ қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ кафолати воқеии ҳимоя кардани давлат аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо мебошад.

Аз ин рӯ, аз ҷониби Вазорати мудофиа барои таҳия ва роҳандозии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиаи кишвар, тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус ва таъмири техникаи ҳарбӣ, инчунин, таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо силоҳу лавозимоти муосири ҷангӣ бояд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Вазорати мудофиа, инчунин, вазифадор карда мешавад, ки корро бо захираҳои сафарбарии ҳайати эҳтиётӣ тақвият бахшида, омӯзонидани онҳоро аз рӯи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монад ва ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ, гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ, таълими саҳроӣ ва машқҳои низомӣ бо истифода аз тарзу усулҳои муосир аҳаммияти аввалиндараҷа диҳад.

Роҳбарони вазорату сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки муҳайё кардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарон, омодабошии ҷангӣ, омӯзиши касбии хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, риояи қатъии интизоми хизматӣ, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, мубориза бо ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, махсусан, кирдорҳои коррупсионӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳоро таъмин намоянд.

Вакилони муҳтарам!

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.

Дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем.

Масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушди мо - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

Мо, ҳамчунин, мутобиқ бо ҳадафҳои дарозмуддати стратегии худ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико ба роҳ монда, рушду тавсеа хоҳем бахшид.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2007 ислоҳоти низоми рафтуомади шаҳрвандони хориҷиро идома дода, ҳоло барои шаҳрвандони 112 кишвар тартиби соддаи таҳия ва ба расмият даровардани раводидро муқаррар кардааст.

Зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ ин раванд боз ҳам такмил дода шавад.

Мо муносибатҳои шарикиро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ роҳандозӣ намуда, рушди ҳамкориҳоро дар ин самт идома хоҳем дод.

Дар ин робита, мо ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ идома ва густариш медиҳем.

Соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ - Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда дорад.

Имсол аз таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай бист сол сипарӣ мегардад.

Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани он дар пешрафту такомули ин созмон саҳми босазо гузошта истодааст.

Тоҷикистон ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии худ тавонист, ки то имрӯз дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ низ саҳми назаррас гузорад.

Дар ин замина, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст.

Ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, тавре ки борҳо таъкид карда будам, дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати мо қарор дорад.

Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад.

Аз ин лиҳоз, мо минбаъд низ бо кишварҳои минтақа ва ҳамҷавор, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар шарикони худ ҳамкории зичу судмандро дар соҳаи амният идома хоҳем дод.

Мо итминон дорем, ки ба суботу амнияти пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳе расид, ки аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ва мардуми он идора, назорат ва пеш бурда мешавад.

Идомаи муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки барои расидан ба онҳо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.

Ба ин манзур, мо дар оянда низ фаъолияти байналмилалии худро мутобиқ ба муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷии давлатамон бо саъю талоши бештар идома хоҳем дод.

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Дар ин раванд, таҳким бахшидан ба нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.

Ин ҳадафҳо, дар навбати аввал, аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла тамоми хизматчиёни давлатӣ, инчунин, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва ҳар як фарди бонангу номуси кишварро вазифадор месозанд, ки дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва пешрафти Ватани маҳбубамон сарҷамъу муттаҳид бошанд.

Соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ қабул гардидааст.

Аъзои Ҳукумат ва роҳбарони идораву сохторҳое, ки ба шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадоранд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати чорабиниҳои тибқи нақша пешбинишударо таъмин намоянд.

Бори дигар таъкид месозам, ки вазифаи асосии ҳар яки мо – аз Роҳбари давлат сар карда, то вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлатӣ – содиқона хизмат кардан ба халқи азизи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ будан аст.

Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон нерӯ, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем.

Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем.

Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад.

Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Хурду бузурги мардуми кишвар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест.

Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад.

Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон ба мерос мондааст.

Мардуми шарифи тоҷик ин суннати неки аҷдодиро соли гузашта, ки бисёр вазнину пурташвиш омад, бори дигар нишон доданд.

Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд.

Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст.

Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст.

Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем.

Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

Дар ин роҳи пурифтихор ба тамоми мардуми шарифи кишвар, ҳамаи шумо – вакилони халқ, аъзои Ҳукумат, падару модарони азиз, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳли зиё, ҷавонони далеру ғаюр ва бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат саломативу хушбахтӣ, барору муваффақият ва ба Тоҷикистони маҳбубамон суботу оромии пойдор ва дастоварду пешравиҳои рӯзафзун орзумандам.

Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: