Суханронии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гавҳар Шарофзода (27-уми июли соли 2015)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Июл, 2015 - 11:38
Суханронии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гавҳар Шарофзода (27-уми июли соли 2015)

СУХАНИ ИФТИТОҲИИ РАИСИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГАВҒАР ШАРОФЗОДА

(КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МАСЪАЛАИ ВОЖАГУЗИНӢ ВА ИСТИЛОҲОТИ ЗАБОНИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ»
ШАҲРИ ДУШАНБЕ, 27-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2015)

 

Меҳмонони арҷманд,
Дӯстони гиромиқадр!

Қадами ҳар яки шуморо ба чунин як маҷлиси бошукӯҳи илмӣ, конференсияи байналмилал, ки таҳти унвони «Масъалаи вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» баргузор мегардад, хайра мақдам мегӯям.

Ба самъи ҳама иштирокдорони конференсия мерасонам, ки дар кори конференсияи имрӯзаи мо намояндагон – аҳли илму фарҳанги се кишвари ҳамҷавор ширкат варзида истодаанд. Вале ман аз он ифтихормандам, ки дар чунин маҳфили бузурги илмӣ, ки соҳибони забони се давлати ҳамзабон иштирок доранд, моро эҳтиёҷ ба тарҷумон нест. Ин гувоҳи он аст, ки забонҳои муосири тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ решаи ягонаи таърихӣ дошта, дар масири таърих бори гарони илму фарҳангро бар дӯш гирифта, таъқибу тазиқи бегонагонро якҷоя пушти сар намудаанд.

Имрӯз аз он ифтихор дорем, ки забонамон соҳиби адабиёти хаттии дуҳазорсола буда, замоне аз соҳили баҳри Миёназамин то қуллаҳои баланди Ҳиндукуш ва аз кӯҳдомани Қафқоз то канораҳои Халиҷи Форс доман паҳн намуда, барои бисёр халқҳои қитъаи Осиё забони давлатдорӣ ва дипломатӣ будааст.

Ифтихормандона бо забоне имрӯз гуфтугӯ мекунем, ки ҳазор сол муқаддам бунёдгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, достонсарои шоҳасари бузурги ҷаҳонӣ Ҳакими Тӯсӣ – Фирдавсии бузург, донишманди фозилу алломаи аср – фарзанди фарзонаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, орифону обидони бузург Ҷалолуддини Балхию Ҳаким Носири Хусрав, олимони барҷаста Абӯрайҳони Берунию Умари Хайём, шоирони ширинкалому лисонулғайб Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар бо ин забон осори пурқимате эҷод карда, онҳоро ба хазинаи илму фарҳанги ҷаҳонӣ ба мерос мондаанд ва тавассути он моро бо ҷаҳон муаррифӣ намудаанд.

Қобили зикр аст мо ин ҷо як нуктаеро аз Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забон хотир оварем, ки мегӯяд: «Забони модарии мо имрӯз низ қодир аст ҳамон рисолати таърихии худро идома диҳад ва барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа, алалхусус, бо кишварҳои дорои муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ бо мо, мисли Эрону Афғонистон мусоидат кунад».

Бо ҳамин мақсад, Конференсияи имрӯзаи мо дар ҳамкорӣ бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Боиси тазаккур аст, ки бунёди ин ҳамоиши илмиро Ёддошти тафоҳуми Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки соли 2014 дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида буд, ташкил медиҳад. Конференсия тибқи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиюмҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, №106 ба имзо расидааст, роҳандозӣ мегардад. Бешубҳа қайд кардан ба маврид аст, ки Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷрибаи ғанӣ ва бунёдие дар самти истилоҳшиносӣ ва истилоҳнигорӣ дорад. Бино бар ин, андӯхтани таҷриба аз якдигар дар самти танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот аз манфият холӣ нахоҳад буд.

Забони мо имкониятҳои фаровоне дорад, ки истилоҳоти нави илму фанро метавонад дар қолаби таърихӣ гудохта, дар кӯраи суханварӣ обутоб дода, ба таври суфтаю пухта барои истифода ба соҳибонаш супорад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки забонамон метавонад асрҳо ба наслҳоямон хидмат намояд.

Ногуфта намонад, ки забонамон дар тӯли асрҳо чи дар замони Ҳахоманишиён, чи Сосониён ва чи Сомониён забони давлатдории онҳо буда, ҳам ба забони бисёр халқҳои ҳамсоя аз ҳисоби калимаю мафҳумҳои зубдаи худ вом медод ва ҳам аз онҳо иқтибос мегирифт. Ин падидаи забонӣ то имрӯз низ идома дорад.

Аммо имрӯз ки дар остонаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия қарор дорем, таҳдиди технологияи муосир ба тамоми забонҳои дунё ҷиҳати дигаргун шудани низоми забон ба чашм мерасад. Забонҳои муосири тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ ва дигар забонҳои ҳамтаъриху ҳамтақдири забонамон, ки дар илм бо номи забонҳои гурӯҳи эронӣ машҳуранд, ба мисли забонҳои бадахшонӣ ва забони яғнобии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаъмал гашта, забонҳои пушту, мунҷонӣ, парочӣ ва забонҳои помирии дар Афғонистону Покистон, забонҳои сариқӯлӣ ва вахонииЧин, забонҳои курдӣ, балуҷӣ, тотӣ, гелакӣ, мозандаронӣ, симнонӣ, гуронӣ, лурӣ, бахтиёрӣ ва ғ.-и Эрон, Ироқ, Туркия ва нимҷазираи Араб, забонҳои осетинӣ, тотӣ, толишии Қафқоз низ аз ин хатар эмин нестанд. Танҳо ҳамкориҳои судманди илмию фарҳангии мо метавонад садди роҳи чунин хатарҳо гардад. Ба ҳамин хотир, мо ҳамоиши илмиамонро «Масъалаи вожагузинӣ ва истилоҳоти забони тоҷикӣ-форсӣ» унвон кардем, ки масоили мубрами иртибот ба истилоҳотдоштаро мавриди таҳлили илмӣ қарор диҳем.

Боқӣ, ба ҳамаи Шумо дар татбиқи ҳадафҳои илмӣ барору комёбӣ мехоҳам.

Тансиҳату комёб ва пирӯз бошед!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)