«Фақат меъёри илмӣ метавонад дурустии имлоро муайян кунад»
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳо дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳайати эҷодии рӯзнома изҳори сипос намуда, дар ҷавоб ба мақолаи Абдухолиқ Мирзозода, ки таҳти унвони «Фақат меъёри илмӣ метавонад дурустии имлоро муайян кунад», ки дар рӯзномаи «Садои мардум», №85 (4133) 29 феврали соли 2020 нашр гардида буд, матлаби зеро ирсол менамояд
Муаллиф барҳақ қайд кардааст, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар заминаи меъёрҳои комилан дурусти илмӣ таҳия карда шаванд, зеро ин ба манфиати кулли ҷомеа — ҳар як забономӯзу коргузор аст ва дар роҳи дурусти пешбурди сиёсати давлат дар бораи забони давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад.