Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар
Донишмандон ва зиёиёни гиромӣ!
Ҳамватанони азиз!
Мулоқоти мо бо аҳли илми кишвар дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз - соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ баргузор мегардад.
Фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги миллиро ба шумо, аҳли илму маориф, зиёиёни эҷодкор ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори донишмандону муҳаққиқони маъруф зикр шудааст, ки замоне тоҷикони ориёитабор дар саргаҳи инқилобҳои ақлии тамаддуни башарӣ қарор доштаанд.
Онҳо дар бунёди давлатҳои муташаккилу нерӯманд, офаридани нахустин арзишҳои фарҳангӣ, низоми одилонаи ҳуқуқӣ, осори ахлоқӣ ва таълифоти илмӣ саҳми беназир гузоштаанд.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, мо дар баробари эҳёи арзишҳои писандидаи Наврӯзи Аҷам, мулоқоти Роҳбари давлатро бо аҳли зиё – олимону донишмандон, адибону эҷодкорон, намояндагони маориф ва санъату ҳунар ба ҳукми анъана даровардем, то бо кору фаъолияти онҳо ошно гардида, масъалаву мушкилоти ҳалталабро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем.
Қобили зикр аст, ки зиёиёни кишвари мо дар муддати қариб се даҳсолаи охир дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул ва санъату ҳунар саҳми муносиб гузоштаанд.