Муовини раис

Ношир: Ҳайати тадорукот Сана: Пшб, 08/24/2017 - 17:00
Матробиён Саодатшо Қосимзода

Матробиён Саодатшо Қосимзода

Номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 октябри соли 1973 дар деҳаи Даршайи ноҳияи Ишкошим, ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 1991 ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад. Сипас, ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев интиқол гирифта, факултети таъриху филологияи донишгоҳи мазкурро дар риштаи филологияи тоҷик хатм мекунад. Аз соли 1998 то 1999 котиби масъули рӯзномаи «Зиндагӣ»-и ноҳия Ишкошим адои вазифа намуда, солҳои 2000-2001 ба ҳайси ҷонишини директори мактаби миёнаи №16-и ноҳияи Ишкошим фаъолият менамояд. Солҳои 2001 – 2002 муҳассили курси интенсивии Барномаи англисии Хоруғи (Khorog English Program) назди Институти тадқиқотии Лондон мегардад. Солҳои 2002 – 2005 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳсил менамояд. Соли 2005 рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии академики АИ ФР Иван Михайлович Стеблин-Каменский дар донишгоҳи зикршуда ҳимоя мекунад. Аз соли 2006 то соли 2009 мудири кафедраи Лингвистика ва коммуникатсияи байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Моҳи августи соли 2009 декани факултети муносибатҳои байналмилалии ДТИКТ таъйин мегардад. Аз моҳи январи соли 2011 дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДЗТ ба номи С.Улуғзода ва аз моҳи апрели ҳамон сол мудири кафедраи мазкур интихоб гардида, моҳи апрели соли 2014 дар ҳамин вазифа фаъолият намуд. Аз моҳи апрели соли 2014 то сентябри соли 2014 ба вазифаи сардори раёсати илм, инноватсия аспирантура ва докторантура фаъолият намуд. Аз соли 2014 то соли 2015 докторанти Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ вамероси хаттии АИ ҶТ.

  Аз 19.06. 2015, №411 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

  Мазкур барои зиёда аз 10 нафар номзадони илм ба ҳайси муқарризи асосӣ баромад намудааст. Дар олами забоншиносии тоҷик ҳамчун чеҳраи шинохта бо назари интиқодии илмиаш муаррифӣ шудааст. Барои 6 аспирант ва 5 унвонҷӯй ба ҳайси роҳбари илмӣ таъйин шуда, чанд нафар аз шогидонаш дар арафаи ҳимоя қарор доранд.

  Ба донишҷӯён аз фанҳои таърихи забон, масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, забоншиносии иҷтимоӣ (сотсиолингвистика), забоншиносии фарҳангӣ (этнолингвистика) ва забоншиносии равонӣ (психолингвистика) лексия мехонад.

  Матробов С. қ. муаллифи 2 монография («Рӯзгор ва осори Мубораки Вахонӣ»(2010) ва «Лексикаи бозиҳои миллии вахонизабонон (очерки этнолингвистӣ)» (бо забони русӣ) (2012)), 4 китоби дарсӣ «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ)» (2009), «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои иқтисодӣ)» (2010), (2011), «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои тарҷумонӣ, забонҳои хориҷӣ ва рӯзноманигорӣ)» (2013)), «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои соҳаҳои геологӣ)» (2015), 5 барномаи таълимӣ ва мақолаҳои зиёди илмӣ буда, инчунин яке аз таҳиягарони “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” (2006, 2010 ) мебошад.