Ализода Саидризо (1887-1938)

Ношир: Ҳайати тадорукот Сана: Дшб, 07/24/2017 - 19:41
Ализода Саидризо (1887-1938)

Ализода Саидризо (1887, Самарқанд- 1938), публитсист ва мутарҷими советии тоҷик. Аз оилаи қосиби шоҳибоф. Баъди хатми мактаби усули ҷадид дар худи ҳамон мактаб муаллимӣ кардааст. Ализода пеш аз револютсия шабова ва дар матбааҳои Самарқнд ҳуруфчинӣ карда, дар он ҷо бо таълимоти марксистӣ-ленинӣ шиносо шудааст. Дар корпаратоиҳои коргарони Самарқанд (1905-1907) фаъолона иштирок намуда, материалҳои рӯзномаи «Искра» ва моҳияти таълимоти Маркс, Энгелс ва Ленинро ба горгарон мефаҳмонд. Муҳаррири нахустин нашрияи советии тоҷик «Шӯълаи инқилоб» (1919-1921) буда, як қисми муҳими материали рӯзмарраи онро худаш менавишт. Дар матбуоти даврӣ бо имзоҳои мустаори «Нештар», «Чарандгӯй», «МуллоҶунбул», «Занбӯр», «Муртад» ва ғ. ҳикояву мақолаҳои ҳаҷвӣ ба табъ расонидааст. Барои муаллимон ва талабагони мактабҳои тоҷикӣ программа, китоби дарсӣ ва дастурҳо низ тарҷума ва таҳия мекард. Аввалин алифбои тоҷикии давраи советӣ - «Китоби нахустин» (1920) ва «Сарфу наҳви тоҷикӣ» (1926) ба қалами Ализода тааллуқ доранд. Ӯ аз аввалин тарҷумонҳои осори бадеъӣ буда, асарҳои зиёдеро ба тоҷикӣ («Дубровский», 1935; «Духтари капитан», 1936; «Моткаи Қарамашоқ», 1937; «Ҳикояҳои Белкин», 1938 – таълифоти Ализода Пушкин А.С, «Цемент»-и Гладков Ф.,1936; «Пӯлод чӣ тавр обут об ёфтааст»-и Островский Н., «Каждум аз меҳроб»-и Қодирӣ А., 1938 ва ғ.) тарҷума кардааст.