Асрорӣ Воҳид (1917-1996)

Ношир: Ҳайати тадорукот Сана: Дшб, 07/24/2017 - 19:46
Асрорӣ Воҳид (1917-1996)

Асрорӣ (тахаллус, насаб. Асроров) Воҳид (11. 1917, ш. Хуҷанд - 03. 06. 1996, ш. Душанбе), фолклоршинос, адабиётшинос ва шоири тоҷик, доктори илмҳои филология (1969), профессор (1970), Ходими Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон. Хатмкардаи Ин-ти дусолаи муаллимии Тошканд (1938) ва Ин-ти давлатии педагогии Душанбе (1949- ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ). Фаъолияти кории ӯ аз с. 1933 огоз ёфтааст. С-ҳои 1942-1944 дар сафи Армияи Сурх хизмат кардааст, с-ҳои 1944- 1946 инспектори назорати давлатии РСС Тоҷикистон, 1946-1950 аввал ҷонишин, сипас муҳаррири рӯзномаи «Пионерии Тоҷикистон» буд. Баъди хатми аспирантура (1952), с-ҳои 1952- 1957 аввал муаллими калон, баъд дотсенти Ин-ти давлатии педагогии Душанбе буд. С. 1957 барои кор ба ДДТ гузашта аввал вазифаи дотсенти кафедраи адабиёти тоҷикро дар ӯҳда дошт (1957-1968), сипас декани факултаи филологияи тоҷики донишгоҳ (1968-1973), инчунин, аз с. 1969 то охири умр мудири кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР буд. Шеъру ҳикояҳои ӯ дар рӯзномаҳои «Пионерии Тоҷикистон», «Тоҷикистони сурх» ва маҷаллаи «Ба роҳи Ленинӣ» ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмӯъаҳои «Салом, мактаб» (1951), «Замзамаи ҳаёт» (1964), «Ҳар дуяшон нағз» (1962) ва ғ. Таҳти роҳбарии ӯ 6 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Доир ба адабиёт ва эҷодиёти даҳонакии халқ беш аз 400 мақолаю рисолаҳои илмию методӣ навиштаанд. А. муаллифи китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои синфҳои 1- ум, 2-юм, 1950-1984), «Забони то- ҷикӣ» (барои ҷаласаводон, 1950) буда, асарҳои шоирону нависандаго- ни рус: Аркадий Гайдар, Чехов, Маршак, Маяковский, шеърҳои шоирони ӯзбек- Мирмӯҳсин, Асқад Мухтор, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва дигаронро ба тоҷикӣ баргардонидааст. А. дар асарҳои илмии худ масъалаҳои муносибати нависанда ба фолклор, мавқеъи бадеию ғоявии эҷодиёти даҳанакии халқ дар адабиёти бадеӣ, маҳорати нависанда дар истифодаи фолклор, зуҳури халқият ва такомули реализм дар адабиёти шӯравӣ, нависанда ва хазинаи забони халқӣ ва ғ.- ро тадқиқ намудааст. Аз с. 1956 - узви ИН СССР ва аз с. 1975 - узви ИЖ СССР. Бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаи 1), медалҳо ва Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Ос.: Зарбулмасал ва мақолҳои халқи тоҷик, Сталинобод, 1956; Адабиёт ва фолклор, Д., 1967; Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик (ҳамроҳи Р. Амонов), Д., 1980; Фолклор, халқият, нависанда, Д., 1982. Ад.: Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, Д., 1988,ҷ.1,саҳ. 189-190; Зайниддинов Муртазо, Машъалафрӯз, Д., 1995; Фонуси ёдҳо (Маҷмӯаи хотираву ёддоштҳо бахшида ба 80-солагии марди ҳақсиришт- профессор Воҳид Асрорӣ), Д., 1998.