Сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ
Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода
Тел.: (992 37)227-59-28; 227-64-42
Почтаи электронӣ: Mansoorovshj@mail.ru
1. Самтҳои фаъолияти шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ
Шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ (минъбад - шуъба) воҳиди сохтори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд.
2. Шуъба дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиави ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, иҷрои амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
3. Шуъба таҳти роҳбарии раиси Кумита ва муовини ӯ тибқи тақсимоти вазифаҳо фаъолият мекунад.
4. Шуъба дар асоси супоришҳои раис ва муовини раиси Кумита бо дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳоновобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ба ваколати он дахлдошта ҳамкорӣ намуда, тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуда, бо онҳо мувофиқа мекунад.
5. Шуъбаро сардори он, ки бо фармоиши Раиси Кумита тибқи қонунгузории хизмати давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад, роҳбарӣ менамояд.
6. Дар шуъба 1 сардор, 2 сармутахассис яъне сармутахассиси соҳаи ташкилӣ 1, сармутахассиси соҳаи ҳуқуқ 2 ва 1 мутахассиси пешбар фаъолият менамояд. 2. Вазифаҳо ва ваколатҳои шуъба: 1) Шуъба дар доираи фаъолият бо воҳидҳои сохтори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҳамкорӣ менамояд. 2) Назорат ва санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад. 3) Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳамоҳангсози Барномаи мазкур муайян гардидааст. Аз ин рӯ, шуъба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкурро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ назорат мебарад, маълумот талаб менамояд ва дар асоси гузоришҳои пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барнома то 1 марти ҳар сол ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал пешниҳод менамояд. 3) Назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ ва шуъбаро ба роҳ мемонад. 4) Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Кумитаро дар соҳаи забон давлатӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” таҳия намуда, бо мақомоти дахлдор мувофиқа менамояд. 5) Арзу шикоятҳои хаттию шифоҳии шаҳрвандонро дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» баррасӣ менамояд. 6) Арзёбии идоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии хусусияти умумиҳатмидоштаи соҳаи забони давлатиро амалӣ менамояд. 7) Нақшаи кори Кумита ва шуъбаро таҳиянамуда, иҷрои онро дар доираи ваколаташ таъмин менамояд. 8) Татбиқи консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои соҳаи забони давлатиро дар доираи ваколаташ таъмин менамояд. 9) Барои риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи ваколати худ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷиҳати баррасӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд. 10) Конференсияҳо, семинарҳо, чорабиниҳои ҷумҳуриявиро вобаста ба сиёсати забони давлатӣ ташкил ва баргузор намуда, дар кори шуъбаю бахшҳои Кумита мусоидат менамояд. 11) Тибқи тартиби муқарраршуда ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро дар шуъба ва Кумита таъмин менамояд. 12) ҳисоботи семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи фаъолияти шуъба ва Кумитаро таҳия намуда, ба раиси Кумита пешиҳод менамояд. 13) Барои рушди сиёсати забони давлатӣ ва амалӣ гардидани амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф манзур менамояд. 14) Дорои дигар ваколатҳое мебошад, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забони давлатӣ муайян гардидааст. 3. ҳуқуқҳои шуъба: 1) ҷиҳати таҳкими фаъолият дар баррасии масъалаҳои марбут ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо ба раиси Кумита пешниҳод менамояд. 2) Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба фаъолияти шуъбаро ташкил, назорат ва таъмин менамояд, аз ҷумла: - маводи дар ихтиёри Кумита қарордоштаро меомӯзад ва ба раиси Кумита пешниҳод менамояд; - аз мақомоти давлатӣ маълумоти барои қабули қарор заруриро оид ба масъалаҳои муқарраргардидаи соҳаи фаъолият дар мувофиқа бо роҳбарияти Кумита дастрас менамояд; - барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти шуъба ба раиси Кумита пешниҳод менамояд; - дар рафти санҷиши иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ иштирок намуда, санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад ва барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд. - машваратҳо ва дигар чорабиниҳоро, ки ба фаъолияти шуъба дахл дорад, ташкил менамояд; - дар бораи ҳавасмандгардонии мутахассисони шуъба, ки ба комёбиҳои меҳнатӣ ноил гаштаанд, барои сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатӣ ба раиси Кумита пешниҳод менамояд; - маводи аз ҷониби мутахассисони шуъбаю бахшҳо пешниҳоднамударо меомӯзад, ҳолати ҳуқуқии онҳоро дар пешбурди фаъолият баррасӣ намуда, маводи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз номи Кумита барои баррасӣ ба мақомоти суд ирсол кардан ба Прокуратураи ҷойи истиқомат ё ҷойи таҳияи протоколи ҳуқуқвайронкунанда пешниҳод менамояд; - ҳисоботи семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи фаъолияти шуъба ва Кумитаро таҳия намуда, вобаста ба дурнамои фаъолияти Кумита ва рушди забони давлатӣ ба раиси Кумита пешиҳод менамояд; - дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масъалаҳо ва қабули қарор иштирок намуда, иҷрои онҳоро аз тарафи мақомоти дахлдор ва шахсони мансабдор талаб менамояд; - оид ба такмили хизмати давлатӣ ба мақоми давлатие, ки дар он фаъолият мекунад, ҳамчунин ба мақомоти давлатии болоӣ ва шахсони мансабдори он таклиф пешниҳод менамояд; - шуъба ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Кумита, воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳамкорӣ менамояд; - дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кории Кумита иштирок менамояд; - тибқи нақшаи кории Кумита конференсияҳо, машварату семинарҳо ташкил менамояд, инчунин дар чорабиниҳое, ки роҳбарияти Кумита ва дигар воҳидҳои сохторӣ дар доираи ваколаташон мегузаронанд, иштирок менамояд; - шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. 4. Масъулияти кормандони шуъба ва муқаррароти хотимавӣ 1) ҳуқуқу уҳдадориҳо, масъулияти кормандони шуъба ва хизматчиёни давлатӣ дар дастурамалҳои мансабие, ки аз ҷониби раиси Кумита тасдиқ карда мешаванд, пешбинӣ гардидааст. 2) Талаботи муқарраротиқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъйин гардидан ба мансаб ва дар давоми фаъолият қатъиян иҷро менамояд. 3) Сирри хизмати давлатӣ ва сирри дигаре, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст ҳифз менамояд ва барои ошкор намудан ҷавобгар мебошад. 4) Кормандони шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври зарурӣ иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.