Абдурауфи Фитрат (1886-1937)
Фитрат (тахаллус; тахаллуси нахустинаш Миҷмар; ном ва насабаш Абдурауф Абдураҳмонов; 1886, Бухоро – 1937, Тошкент), нависанда ва олими тоҷик. Проф. (1924). Дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва институти Истанбул хондааст. Роҳбари ҳаракати ҷадидӣ ва яке аз сарварони ҷамъияти адабии «Чиғатой гурунги» («Сӯҳбати аҳли Чиғатой») буд. Аъзои партияи комунистии Бухоро (1918 - 1924). Нозири маорифи халқи РХСБ (1921) , ҷонишини раиси шӯрои нозирони халқ (1922), аъзои бюрои сиёсии партияи комунистии Бухоро буд. Дар институти забонҳои шарқии Лазареви Москва (1923-1924), институти давлатии тадқиқоти илмии РСС Ӯзбекистон (1926), академияи педагогии Самарқанд, дорулмуаллимини Бухоро ва Тошканд кор кардааст. Фитрат дар инкишофи насри бадеии то револютсионии тоҷик фаъолона иштирок доштю дар соҳаи назм ба саромадони адабиёти классикӣ пайравӣ мекард. Як муддат ӯ дар зери таъсири ҳаракати пантуркистӣ роҳи хаторо пеш гирифт. Пас аз соли 1925 роҳи дурусти эҷодиро интихоб кард. Дар инқилоби мадании Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намуд. Фитрат осорашро ба забонҳои тоҷикӣ («Мунозира», 1909, «Сайҳа», 1911; «Баёноти сайёҳи ҳинд», 1911-1912; «Роҳбари наҷот», 1915; «Шӯриши Восеъ», 1927; «Аморати Бухоро», 1930 ва ғ.) ва ӯзбекӣ («Муҳаббати самимӣ», 1919; «Қиёмат», 1923; «Ошӯбгарони Ҳинд», 1920; «Абулфайзхон», 1924) таълиф кардааст. Роҷеъ ба назм, аз ҷумла вазни арӯз, инчунин оид ба Ҳофизи Ӯбаҳӣ ва Сайфии Исфарангӣ ва дигарон саромадони адабиёти тоҷику ӯзбек тадқиқот дорад. Дар эҷодиёти Фитрат ихтилофи зиёде ба назар мерасад. Масалан, агар дар «Миръоти хайр-ул-башар» ном достони тоҷикиаш ғояи диниро тарғиб карда бошад, дар повести «Қиёмат» бар зидди он баромадааст.