Маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»
Фаъолияти маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хотири ҳидояти насли ҷавон ба гиромидошти забони давлатӣ, омӯзиши амиқи забони модарӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ 20-уми октябри соли 2010 маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»-ро бо ҷалби донишҷӯёну аспирантҳои мактабҳои олӣ таъсис додааст, ки ҳоло он 65 нафар аъзоро дар худ шомил месозад. Аъзои маҳфили мазкур дар ҷараёни санҷишҳо ва корҳои тарѓиботии марбут ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ширкати фаъол доранд. Маҳфил созмони ҷамъиятӣ буда, ҷавононро дар рӯҳияи дӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла эҳтиром ба Забони давлатӣ тарбият менамояд.
Фаъолони маҳфил:
- Қурбонхонов Вилоятхон – донишҷӯи соли 5-уми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Сӯфиев Лоиқ - донишҷӯи соли 5-уми факултаи умумитиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
- Заҳайризода Зайнуриддин – донишҷӯи соли 2-юми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Розиқова Мунира Сангинмуродовна–донишҷӯи соли 5-уми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Шуляк Снежана Михайловна – донишҷӯи соли 3-юми факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон
- Ифтихори Амонқул – донишҷӯи соли 3-юми факултаи филологияи тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Категория:
- Маҳфилҳо [1]