Фишурдаи конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик - академик Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ»
Фишурдаи
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик – устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ»
13-уми апрели соли 2018, ш. Душанбе
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонбо мақсади иҷрои банди 2.3-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8-уми июни соли 2017, №283 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик – устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» баргузор менамояд.Ҳадафи асосии баргузории Конференсияи мазкур арҷ гузоштан ба хизматҳои шоистаи Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ буда, баҳри амалӣ намудани сиёсати забони давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ мебошад. Мақолаҳо ва суханрониҳои пуртаъсири ин олими барҷаста - маорифпарвари тоҷик аз минбарҳои матбуот, конференсияу анҷуманҳо ва баҳсу мунозираҳои илмӣ оид ба ҳифзи забони адабии тоҷик, таълифу нашри нахустин китобҳои дарсӣ, адабиётшиносӣ, таърихнигорӣ, рӯзноманигорӣ, фарҳангнигорӣ,имлову иншо, нақши боризи устод дар навсозӣ варушду такомули забони миллӣ, тарбияи адибони ҷавон ва ғайраҳо таҷассумгари фаъолияти пурсамару ибратбахши ӯ маҳсуб меёбанд. Ин нуктаҳо дар маърӯзаҳои илмӣ ва музокираҳои иштирокчиёни Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Саҳми устод С. Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ», ки бо иқдоми Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид,таъкид ёфтанд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дар ифтитоҳи конференсия аз сиёсати фарҳангии давлату ҳукумати кишвар, оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду такомули забони миллӣ ва арҷгузорӣ ба бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат ёдовар шуда, зикр намуд, ки мақому манзалати устод С. Айнӣ дар байни шахсиятҳои маъруфи тоҷик ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад.Дар ҳамин мавзӯъ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода ибрози ақида намуданд.
Олимони забоншинос ва адабиётшиноси тоҷик С. Назарзода, Б. Камолиддинов, Т. Ҷӯраев, Н. Офаридаев, Р. Ваҳҳоб, Т. Ваҳҳобов, Д. Бобоҷонов, Ш. Кабиров, Н. Акрамов, К. Раҷабов, Ш. Ҷамшед ва дигарон нуқтаи назари илман асосноки хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи ҳаёту эҷодиёти С. Айнӣ бо мисолҳои воқеӣ иброз доштанд. Онҳо аз ҷумла зикр намуданд, ки С.Айнӣ на танҳо нисбат ба фаъолияти эҷодии худ, балки ба нависандагону мутарҷимони замони худ серталабу сахтгир буд, услуби нигориш ва таҷрибаи андӯхтааш чун дастури раҳнамо ба аҳли қалам ва умуман, ба ҳар фарди ҷомеа хизмат хоҳанд кард. Хидматҳои беамсоли ин шоиру олими забардаст, арбоби барҷастаи сиёсиву ходими ҷамъиятӣдар бедории тафаккури ҷомеа, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ заминаҳои боэътимод гузоштаанд.Худи устод С. Айнӣ дар ин хусус менависад: “«Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзӯъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд.Ҳамаи китобҳо – дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кӯҳистони ман, дар бораи хоки муқаддас, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳафт ба худ номи «тоҷик»-ро гирифт».Аз чопи нахустини «Одина», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳои илмию адабии С. Айнӣ, ки ба чандин забонҳои ватанию хориҷӣ нашр гардидаанд, солҳои зиёд сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо арзиши илмии онҳо коста нагардидааст.Чунончи, афкори интиқодӣ ва назариёти раҳнамоёнаи устод Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” қобили пажӯҳиши доманадор аст.
Дар он айёми пурошӯби солҳои бистум, ки душманону бадхоҳони халқи тоҷик мавҷудияти ӯро ба сифати як қавми муаззам инкор карданӣ мешуданд, С. Айнӣ дар мақолаву очеркҳо, шеъру достонҳо ва повесту романҳояш аз таърих, забон, адаб ва ҳунару фарҳанги миллати тоҷик озоду ошкоро дифоъ намуда,бо қалам, бо сухан дар шуур, афкору андешаи мардуми тоҷик инқилоби ҷиддӣ ба вуҷуд овард.Аз нуқтаи назари С. Айнӣ дар ҳама давру замон мактабу маориф, рӯзномаву маҷалла, китобҳои дарсии адабиёт, таърих, ҷуғрофия ва кишваршиносӣ омили аввалиндараҷаи худогоҳии мардум ва ташаккули ҳисси ифтихори миллӣ маҳсуб меёбанд.Масъалаҳои омӯзиши манбаъҳоитаърихии забони ноби тоҷикӣ, истифодаи захираи лаҳҷаҳо дар забони адабӣ, аз худ намудани забони асарҳои классикони адабиёти адабиёти тоҷик, ба мавқеъ кор фармудани вожаҳо, нигоҳ доштани тозагии забон маҳаки кору эҷодиёти устод С. Айниро ташкил медоданд, - зикр намуданд иштирокчиёни конференсия.- Устод Айнӣ асарҳои адабиёти классикиро сарчашмаи ноби ғановати забони адабӣ дониста, истифодаи вожаҳо ва истилоҳоти он замонро яке аз василаҳои асосии бойшавии захираи луғавии забони тоҷикӣ донистааст.Ҳамзамон ӯ таъкид мекард, ки мо бояд дар асоси шеваҳои халқии забони тоҷикӣ як забони маҳкам ва зебои адабии тоҷик ба вуҷуд оварем.
Маърӯзачиён ҳамчунин ба ному хизматҳои С. Айнӣ аз нигоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон баҳо дода, аз суханони раҳнамунсози Пешвои миллат дар маросими баъди азнавсозӣ ба истифода супоридани Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ, дар мулоқотҳо бо зиёиёни кишвар ва дигар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣёдовар шуданд:“Басо рамзист, ки имсол мо 140-солагии зодрӯзи поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Садриддин Айниро ҷашн мегирем. ... Корномаи беназири устод дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ӯ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст. ... Устод Садриддин Айнӣ аз шахсиятҳое миллатсоз буда, дар раҳоии миллат аз вартаҳои нестӣ нақши бузурге гузоштааст...”. Ба қавли Пешвои миллат, ки дар асари бунёдии худ «Чеҳраҳои мондагор»овардааст, «омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, ки бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем». Дар робита олимон намунаҳо аз осори илмию бадеӣ ва публитсистиии С. Айниро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид доштанд, ки аз назари забоншиносии имрӯза бори дигар баррасӣ намудани назару андешаҳои забоншиносии Устод,услуби нигориш, таҷрибаю малака,маҳорати нозукадоии ӯ метавонад ба масъалаҳои ҳувияти забони тоҷикӣ ва самтҳои рушди он дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун забони расмӣ ва давлатии кишвар равшанӣ андохта, ҷиҳати рушду такомули минбаъдаи забони миллӣ кумак расонад.
Таҷлили ҷашни 140-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсияти нотакрори илму маърифат, фарҳангу маориф, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки дар партави сиёсати фарҳангпарварона ва дастуру ҳидоятҳои фазилатбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, бори дигар барои муаррифии чеҳраи беназири илмию адабӣ, фарҳангӣ ва корномаи ҷовидонии устод Айнӣ дар даврони кунунӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд, - иброз доштанд маърӯзачиён.
Категория:
- Гузоришҳо [1]
- Конференсияҳо [2]