Таҳкими ҳокимияти давлатӣ
Манбаъ: https://president.tj/tajikistan/strengthening_of_state_independence [1]
Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз аввалин муроҷиатномаҳои худ вобаста ба вазъияти ҳамонрӯзаи кишвар изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатро таъмин намоем, артишро созмон дода, мавқеи милиса, Кумитаи амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем.
Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат мақомоти амнияти миллӣ ва милиса аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва муҳимоти зарурӣ таъмин карда шуда, садҳо нафар ҷавонони ғаюр ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ, Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси Артиши миллӣ шурӯъ намуд ва барои мустаҳкам кардани сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешид.
Сарвари нави давлат аз рӯзҳои аввали баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлати навини тоҷикон нақши тақдирсоз дорад, барқарор намудани сулҳро аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва аввалиндараҷа медонист.
Нахустин қарорҳое, ки таҳти раёсати Роҳбари нави давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI қабул шуданд, дар бораи халъи силоҳ намудани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, ба Тоҷикистон ворид намудани неруҳои муштараки ҳомии сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ташкил намудани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо дарназардошти вазъияти ҳамонвақта ва бо мақсади ҳар чи зудтар ба эътидол овардани вазъи иҷтимоию сиёсӣ бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 декабри соли 1992 роҳбарии фаврии вазорату идораҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба уҳдаи Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузошта шуд.
Ҳамон рӯз, яъне 18 декабри соли 1992 бо имзои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард.
Сарвари ботадбир бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои бешумор тавонист, ки тамоми неруҳои солими ҷомеаро дар атрофи худ гирд оварда, Тоҷикистони навинро аз вартаи фано наҷот бахшад.
Роҳбари ҷавони давлат бо дарназардошти сабақҳои талхи таърихи бостонӣ ва солҳои аввали Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини сарварии худ ба бунёд ва таҳкиму тақвияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомиву ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекард, то барои таъмини бақою устувории давлати навини тоҷикон неруи дифоии аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаву озмоишдида дошта бошем.
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шохаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар буда, дар тобеияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дорад ва аз ҷумлаи неруҳои эҳтиётии Сарвари давлат аст.
Ин сохтори бонуфузи низомӣ моҳи январи соли 1995 дар заминаи як бригадаи зудамал (қисми ҳарбии 3571-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) нахуст бо номи Гвардияи президентӣ таъсис дода шуд.
Ҳайати шахсии Гвардия аз рӯзҳои аввал бо устувориву матонат ба иҷрои хизмат шурӯъ карда, дар лаҳзаҳои тақдирсози таърихи миллат ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар майдони ҳарбу зарб ғолиб омада, сазовори бовари Сарвари давлат ва мардуми кишвар гардид.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон афсарону сарбозони Гвардия дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд. Корнамоӣ ва шуҷоати 302 нафари онҳо бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст, ки 79 нафарашон дар сангарҳо қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
17 январи соли 2000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 5-солагии таъсиси Гвардияи президентӣ суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар роҳи 5-солаи тайкардаи Гвардияро арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки қисми ҳарбии №3571 барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун дар мамлакат саҳми босазое гузошт ва маҳз дар заминаи он соли 1995 Гвардияи президентӣ ташкил карда шуд. Кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии солҳои 1995-98, ки мардуми кишварро ба ташвиш оварда буданд, маҳз дар натиҷаи мардонагиву фидокории сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Гвардияи президентӣ рафъ карда шуданд.
26 январи соли 2004 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва дар фаъолияти Гвардия марҳалаи нав оғоз гардид. Дар баробари қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сохтори ташкилии он тағйироти куллӣ ворид гардид, ки марҳалаи нави гузариш ба фаъолияти касбии хизматчиёни ҳарбӣ гардид.
Принсипи асосии фаъолият, нишон ва рамзҳои фарқкунанда, вазифаву ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ, таъминоти техникӣ, молиявӣ, моддӣ ва маънавии Гвардияи миллӣ муайян гардид. Ҳамзамон бо ин, дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии Гвардияи миллӣ муайян карда шуданд. Ҳифз ва мудофиаи иншооти махсусан муҳимми давлатӣ, пешвоз ва гусели меҳмонони олимақоми хориҷӣ, иштирок дар таъмини амнияти шахсони расмӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ташрифотӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифатҳои волои роҳбариву раҳнамоӣ ва сипаҳсолориву лашкардорӣ ба бунёди давлати неруманду пойдор барои мардуми бостониву соҳибтамаддуни тоҷик устуворона камар баст.
Ба роҳбарияти давлату Ҳукумат муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳтарин мақомоти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намуда, вазъи тартиботи қонуниро беҳтар гардонад ва фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатии кишварро ба низом дарорад.
Дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташаккул ва такмил ёфта, дар ҷараёни барқарорсозии сулҳ ва таъмин намудани фаъолияти давлат нақши муҳим бозид.
Дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ низ як қатор корҳои такмилу азнавсозӣ анҷом дода шуданд, ки барои пешгирӣ ва паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ, ҳарчи бештар ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда заминаи мусоид фароҳам оварда, дар амалӣ гардидани ҷараёни халъи силоҳ ва ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоии мамлакат нақши назаррас гузоштанд.
Дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ки фаъолияташон дар натиҷаи рӯйдодҳои соли 1992 комилан фалаҷ шуда буд, тағйироти ҷиддӣ ворид карда шуд ва дар шароити Истиқлоли давлатӣ вазифаи онҳо дар таъмини қонуният хеле ривоҷ ёфт.
Бо дарназардошти хатари ҷиддие, ки вобаста ба қочоқи маводи мухаддир аз ҳудуди Афғонистон бармеояд, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июни соли 1999 Агентии назорати маводи нашъаовар таъсис дода шуд.
Дар муроҷиатномаҳои худ Сарвари давлат баробари зарурати таъсиси Артиши миллӣ ва баргардонидани гурезаҳо бо таҳлилу нигариши жарф ба вазъи сиёсии кишвар ва натиҷагириҳои мантиқӣ ҳалли фаврии чаҳор вазифаро дар навсозии ниҳодҳои давлатӣ муқаддам донист ва ба иҷрои онҳо муваффақ гардид: 1) Дар тамоми гӯшаву канори кишвар барқарор намудани ҳокимият, мақомоти идоракунӣ ва таъмини фаъолияти муназзами онҳо; 2) истиқрори сохтори мақомоти амалкунандаи ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ин мақомот ҷиҳати иҷрои вазифаҳои онҳо; 3) таҳкими ҳимояи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 4) роҳ ёфтани Тоҷикистон ба анҷумани давлатҳои узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ин замина мусоидат дар эътирофи мақому ҷойгоҳи кишвар ба унвони узви комилҳуқуқ.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар муроҷиатномаи худ афзуда буд, ки «мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, Кумитаи амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, дар пешорӯйи таърих аслан арзише надорад».
Фазилати инсонӣ ва сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро аз поён то ба боло таъсис дода, бо ташаккули як дастгоҳи муназзами идорӣ дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда кишварро аз гирдоби офату бало берун овард.