Ҳокимияти судӣ
Манбаъ: https://president.tj/tajikistan/judicial_power [1]
Тибқи муқаррароти Конститутсия воҳидҳои сохтории давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳамчун ниҳодҳои таркибии низоми давлатдорӣ такмил ёфта, самтҳои фаъолияташон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конститутсияи кишвар мутобиқ карда шуданд.
Пас аз қабули Конститутсия ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳимми сохтори ҳокимияти давлатӣ ба марҳалаи нави таърихӣ ворид гардид ва дар мақоми ниҳоди татбиқкунандаи адолати судӣ ташаккул ёфт.
Бар асоси ин, бори нахуст дар низоми судии кишвар ниҳодҳои мустақили судӣ – Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуданд.
Дар низоми судии кишвар ислоҳоти ҷиддӣ ба амал омад. Мутобиқи арзишҳои ҷомеаи демократӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, фаъолияти он ба ниёзҳои замон ва асноди байналмилалӣ ҳамоҳанг гардид.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид.
Имконияти таҳкими минбаъда ва воқеан демократии ҳокимияти судии Тоҷикистон баъд аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад.
10 марти соли 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тартиби ҳалли баҳсҳои хоҷагӣ дар додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд, ки дар онҳо ғайр аз равшан намудани масъалаҳои вобаста ба вазифаҳо, мақому фаъолияти додгоҳҳои ҳакамӣ ва тартиби ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ инъикоси худро ёфтанд.
Дар ҳамин радиф амалӣ гардонидани адолати судӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо Қарори Раёсати Маҷлиси Олӣ Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳо таъсис дода шуданд, ки ин як комёбии назаррас дар низоми судӣ буд, зеро то қабули Конститутсия дар кишвар танҳо судҳои умумӣ амал мекарданд.
Маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсияи кишвар имрӯз Тоҷикистон соҳиби ҳокимияти судии мустақил ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, ба инкишофу таҳкими институтҳои демократӣ, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ноил гардидааст.
Мутобиқи талаботи қонунгузорӣ хусусияти хоси адолати судӣ, ба мисли мустақилият ва аз ҷониби судҳо беғаразона баррасӣ намудани парвандаҳо, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат кардани онҳо, риояи услубҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳамаи иштирокчиёни мурофиа дар назди қонун ва суд, дар асоси мубоҳиса сурат гирифтани мурофиаи судӣ кафили муҳимми таҳкими қонунияту адолат ва рушди демократии давлату ҷомеа ба шумор меравад.
Бо мақсади такмил додани заминаи ҳуқуқии кишвар бо қабули Конститутсия ба ислоҳоти ҳуқуқӣ суръати тоза бахшида шуда, бо давра ба давра амалӣ гардидани ин ислоҳот як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие ба тасвиб расиданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд нигаронида шудаанд.
Ба қатори онҳо метавон қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои гражданӣ, оила, меҳнат, ҷиноятӣ, мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи авф», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ғайраро ном бурд.
Дар натиҷаи таҳкими ваҳдату субот ва ризоияти миллӣ, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи кишвар се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардида, тавассути онҳо низоми судиву ҳуқуқӣ такмил дода шуда, ба тақвияти принсипи мустақилияти судҳо, таъминоти моддиву молиявӣ ва техникии онҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судя, такмили ихтисоси онҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо мусоидат намуд.
Дар заминаи ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999 ва 2003 низоми ҳокимияти қонунгузор такмил дода шуда, зимни он мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар иборат аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфта, ҳамзамон бо ин, дар асоси ин ислоҳот фаъолияти ҳокимияти иҷроия ва судӣ такмил дода шуд ва муҳлати ваколати судяҳо даҳ сол муқаррар гардид.
Дар ҳамин радиф ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, ниҳодҳои баамалбарории адолати судӣ аз ҷиҳати тарзи ташкиливу сифатӣ ва миқдорӣ инкишоф ёфт ва бори аввал дар низоми судии мамлакат Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ арзи вуҷуд намуда, инчунин синни ниҳоии ба вазифаи судягӣ интихоб ё таъин гардидан аз 60 ба 65 сол тағйир дода шуд.
Бо мақсади аз салоҳияти ҳокимияти иҷроия, яъне аз тобеияти Вазорати адлия баровардани масъалаҳои ташкилии ҳокимияти судӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 таҳти №48 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳалли масоили мазкур ба уҳдаи ин сохтори навтаъсиси коллегиалӣ вогузор гардид.
Ҳамчунин барои мунтазам такмил додани ихтисос ва баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, коромӯз-судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо дар назди Шӯрои адлия Маркази таълимии судяҳо ташкил карда шуд.
Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти ҳокимияти судӣ ва ислоҳоти конститутсионии 22 майи соли 2016 баргузоршуда дар қатори дигар тағйиру иловаҳо ба Конститутсия Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти судҳо, таъмини моддиву техникии онҳо, тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин, пешбарии номзадҳо ба вазифаи судягӣ ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор карда шуд.
Дар роҳи рушду таҳкими ҳокимияти судӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят калон мебошад.
Аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар дар бобати таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои вазифаҳои конститутсионии худ, такмил ва тақвияти сохтори судӣ, беҳдошти вазъи моддиву ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин, мукаммал намудани қонунҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2006 ва бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 тасдиқ гардид.
Яке аз падидаҳои муҳимми демократие, ки дар конститутсияи аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дарҷ гардидааст ва дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикос ёфтааст, ғояи таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ маҳсуб меёбад, яъне барои аз ҷониби тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мустақилона, бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ба амал баровардани салоҳияти худ кафолати қонунӣ муқаррар шудааст.
Дар моддаи 9-и Конститутсия ҳокимияти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, дар боби 8-и он (моддаҳои 84-92) вазифа, мақсад, принсипҳои фаъолият, талабот оид ба таъин ва интихоби судяҳо дар низоми судӣ мушаххас гардонида шудааст ва адолати судӣ омили муҳимми таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳо маънидод шудааст.
Тибқи мазмуни меъёрҳои Конститутсия масъалаи таъмин намудани амнияти миллату давлат, нигоҳ доштани оромии ҷомеа, пойдории сулҳу субот, таҳкими истиқлол ва ҳифзи дастовардҳои он яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ ба шумор меравад. Суд ва адолати судӣ нигоҳдорандаи давлати ҳуқуқбунёди мустақил буда, пойдории осудагиву субот ва иқтидори ҳар як давлатро таъмин менамояд.
Доир ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ қонунҳо, аз ҷумла 6 августи соли 2001 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар он тарзи ташкил ва фаъолияти судҳои кишвар, вазифа, салоҳият, талабот нисбат ба судяҳо, тартиби интихобу таъин кардани онҳо, вазъи иҷтимоӣ ва моддии судяҳо, масъулияту ҷавобгарӣ, ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ ва дигар масъалаҳои марбута пешбинӣ шудаанд. Принсипи конститутсионии мустақилияти судяҳо дар қонунҳо ба таври мушаххас баён шуда, танҳо аз ҷониби суд амалӣ намудани адолати судӣ муайян гардидааст.
Қобили зикри хос аст, ки дар роҳи таҳкими ҳокимияти судӣ ва татбиқи амалии адолати иҷтимоӣ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим мебошад. Зеро, маҳз Президенти муҳтарам рушди фаъолияти ҳокимияти судиро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат эълон кард, ки дар заминаи он то ба имрӯз барои ташаккули низоми судии кишвар ва баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа корҳои назаррас ва муҳим ба анҷом расонида шуданд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997, №692 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар низоми судии кишвар навгонии зиёде ворид намуд. Тибқи ин фармон ҳаллу фасли як қатор масъалаҳо, аз қабили таъсиси вазифаи приставҳои судӣ, ёрдамчиёни раисони судҳо, шумораи зарурии котибони маҷлиси судӣ, ҷудо кардани маблағ барои таъминоти моддии судҳо, вазъи иҷтимоии судяҳо ва аъзои оилаи онҳо, таъмир ва таҷҳизонидани бинои судҳо бо асбобу ашёи зарурӣ, таъмин кардани онҳо бо воситаи нақлиёт ва техникаи ёрирасон пешбинӣ гардида, марҳала ба марҳала ҳаллу фасл карда шуданд.
Танҳо дар тӯли 15 соли охир шумораи судяҳои судҳои ҳарбӣ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз 282 то 443 воҳид афзоиш ёфтааст.
Ёдовар бояд шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ба масъалаи баробарҳуқуқии занон эътибори ҷиддӣ дода шуд. Хусусан, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар самти баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеаи навин аҳаммияти ниҳоят муҳим дорад.
Ҷиҳати амалисозии фармони мазкур аз ҷониби Суди Олӣ тадбирҳои муассир андешида шуданд ва имрӯз дар низоми ҳокимияти судии мамлакат аз 443 воҳиди кории судягӣ 374 судя фаъолият дошта, аз ин шумора 79 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки онҳо ба сифати раисони суд, муовинони раис, раисони коллегияҳои судӣ ва судяҳо фаъолият доранд ва саҳми онҳо дар таъмини баамалбарории адолати судӣ назаррас мебошад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таҳкими мақомоти судӣ ва иҷрои вазифаҳои онҳо роҳи васеъ боз кард. Барномаи зикршуда дар баробари мусоидат ба рушди фаъолияти ҳокимияти судӣ, таҳкими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар самти ба амал баровардани адолати судӣ нақши бевосита доранд, низ дар бар гирифтааст.
Барои иҷрои Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур як қатор қонунҳо, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра қабул карда шуданд.
Аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси воҳидҳои кории иловагӣ дар судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе ва Суди Олӣ ташкил гардидани коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат доир ба таҳкими сохтор ва пешрафти фаъолияти ҳокимияти судӣ гувоҳӣ дода, ба баррасии сифатноки парвандаҳо ва қабули қарорҳои қонуниву асоснок мусоидат карда истодаанд.
Ҳамчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, №976 Барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 тасдиқ гардид.
Дар иртибот ба барномаи мазкур қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи дониши касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқии онҳо, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, №327 Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардид, ки сеюмин барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар кишвар маҳсуб меёбад.
Бо мақсади иҷрои барномаи мазкур ба қонунгузории амалкунандаи кишвар зиёда аз 100 тағйиру илова ворид гардида, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо меъёрҳои мутобиқ ба санадҳои байналмилалӣ қабул карда шуд. Ба ғайр аз ин, бо мақсади дастгирии шахсоне, ки дар мавриди ҳифзи ҳуқуқу озодиҳояшон имконияти гирифтани ёрии ҳуқуқии пулакиро надоранд ва ниёзманди чунин кумак мебошанд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №425 Консепсия дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон тасдиқ гардид, ки ҳоло тибқи он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба шахсони камбизоат ёрии ҳуқуқии ройгон расонида мешавад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1242 Барномаи чоруми ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид, ки ин иқдом аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 сарчашма мегирад.
Барномаи номбаршуда идомаи барномаҳои қаблан қабулшуда буда, ба таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, рушду такомули қонунгузории амалкунанда, беҳдошти таъминоти моддиву техникии судҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо равона шудааст.
Дар доираи ин барнома соли 2021 бори аввал Қонун “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” қабул гардид. Мақсади қабули ин қонун - таъмини принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва дастрасии ҷомеа ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти судҳо буда, кафолати муҳимми муҳокимаи одилонаи судӣ ва воситаи таҳкими эътимоди ҷомеа нисбат ба ҳокимияти судӣ мебошад.
Дар қонуни мазкур талабот нисбат ба мазмуну мундариҷаи сомонаҳои судҳо, тартиби нашр гардидани санадҳои судӣ, шаклҳои ҳамкории судҳо бо аҳолӣ ва воситаҳои ахбори омма доир ба дастрасӣ ба маълумот оид ба фаъолияти судҳо ба танзим дароварда шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки таъмин намудани шароити зарурии моддиву техникӣ ва ташкилии судҳо, алалхусус, бо биною таҷҳизоти муосир ва воситаҳои нақлиёти хизматӣ таъмин намудани онҳо, беҳдошти вазъи иҷтимоиву маишии судяҳо, махсусан, бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин кардани онҳо, давра ба давра зиёд намудани музди меҳнати судяҳо яке аз омилҳои таҳкими мавқеи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта дар мақомоти судӣ ба ҳисоб рафта, ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд.
Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ иқдомоти зиёдеро амалӣ карда истодааст, ки зиёд намудани воҳидҳои вазифаи судя ва кормандони дастгоҳи судҳо, ҳамасола пешбинӣ намудани афзоиши маблағгузории буҷети мақомоти судӣ, таъмини судҳо бо биною таҷҳизоти муосир, пайвастшавӣ ба интернет, таъсиси сомонаи интернетии судҳо ва монанди инҳо аз ҷумлаи тадбирҳои дар ин самт андешидашуда мебошанд.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати беҳгардонии шароити ташкилии фаъолияти судҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ биноҳои маъмурии аксарияти судҳо аз нав сохта шуда, қариб бинои ҳамаи судҳои шаҳру ноҳияҳо аз таъмири асосӣ бароварда, бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Бунёди бинои нави Суди Олӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ идома дорад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ маоши вазифавии судяҳо аз 15 то 20 фоиз зиёд карда шуда, шумораи зиёди судяҳо бо манзили истиқоматӣ таъмин гардиданд.
Бояд гуфт, ки таълими самаранок ва босифати кадрҳои ҷавони ҳокимияти судӣ ба васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, болоравии малакаи касбии онҳо ва беҳтар шудани сифати адолати судӣ мусоидат менамояд.
Бо мақсади тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, коромӯз-судя, баланд бардоштани донишу таҷрибаи касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои мамлакат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003, №150 Маркази таълимии судяҳо таъсис дода шуд.
Фаъолияти Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ равона шуда, аз тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, коромӯз-судяҳо ва такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои кишвар иборат мебошад.
Коромӯз-судяҳо (чунин ниҳод дар мақомоти судӣ 20 марти соли 2008 таъсис дода шудааст) барои баланд бардоштани малакаи касбии худ ва ҳамаҷониба омода шудан ба вазифаи судягӣ дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ муддати як сол ба машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ фаро гирифта мешаванд.
Имтиҳони коромӯз-судя аз ҷониби комиссияи босалоҳият, ки ҳайати онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, қабул карда шуда, аз байни довталабон беҳтаринҳои онҳо интихоб мегарданд.
Доир ба ин масъалаи муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо судяҳо ва кормандони масъули мақомоти судӣ 21-уми ноябри соли 2019 бори дигар таъкид намуд, ки «судя дар баробари донишу таҷриба бояд виҷдони пок, одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста дошта бошад. Чунин тарзи интихоби кадрҳо имкон медиҳад, ки дар оянда содир намудани амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби амаликунандагони адолати судӣ аз байн бурда, мақом ва нуфузи ҳокимияти судӣ баланд бардошта шавад».
Вохӯриҳои чандинкаратаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо судяҳо ва кормандони масъули мақомоти судӣ ва дастуру ҳидоятҳои ба миёнгузоштаи Роҳбари давлат барои беҳтар гардидани фаъолияти судяҳо дар самти қабули қарорҳои қонуниву асоснок нақши муҳим бозиданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳокимияти судӣ аз иҷрои вазифаи худ – ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат муваффақона баромада, фаъолияти худро ҷиҳати боз ҳам бештар сазовор шудан ба эътимоди мардуми кишвар густариш бахшида истодааст.