Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар нуҳ моҳи соли 2020
Имрӯз 14-уми октябри соли 2020, соати 1000 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Кумита дар нуҳ моҳи соли 2020 бо иштироки аъзои ҳайати мушовара, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита баргузор гардид.
Дар оғоз раиси Кумита тибқи тартиб масъалаҳои рӯзномаро муаррифӣ намуда, ҳузури иштирокдоронро ба маҷлиси имрӯза хайра мақдам гуфтанд.
Доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2020 аз ҷониби муовини раиси Кумита ва баррасии лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» аз ҷониби мудири бахши экспертизаи забоншиносии Кумита қироат гардид.
Баъдан, он аз ҷониби олимон, узви Ҳайати мушовара ва кормандони Кумита мавриди муҳокима қарор гирифта, ба хулосае омаданд, ки ҳисоботи фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2020 қаноатбахш ҳисобида шавад ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» бо қарори ҳайати мушовара тасдиқ карда шавад.
Ҷаласаи ҳайати мушовараро раиси Кумита доктори илмҳои филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карданд.
Шунидани суруди миллӣ анҷомбахши маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2020 гардид.
Категория:
- Гузоришҳо [2]