Фишурдаи нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба роҳ мондааст.
Мутобиқи Низомномаи Кумита яке аз самтҳои асосии фаъолият санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Дар ин замина, Кумита тибқи Нақшаи санҷишӣ ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» доир ба назорати муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо барои соли 2020, ки бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ шудааст, фаъолияти 28 субъекти хоҷагидорро мавриди санҷиш қарор дод (соли 2019 теъдоди 21 субъекти хоҷагидор буд), ки аз натиҷаи он ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда санад таҳия намуда, ба мақомотҳои дахлдор ирсол гардид.
Инчунин, аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 4, 6 ва Гимназияи №1-и Раёсати маорифи ноҳияи Варзоб ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2, 3, 4, 5 ва Гимназияи №1-и шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор мавриди санҷиш қарор дода шуд, ки аз натиҷаи санҷиш ба муассисаҳои болозикр барои ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида муҳлат дода шуда, гузориш пешниҳод гардид.
Кумита дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, вазъи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №17, №18, №28, №51-и шаҳри Душанбе, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дод. Аз натиҷаи санҷиши ин муассисаҳо низ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикршуда санад тартиб дода шуда, ба мақомотҳои дахлдор ирсол гардид.
Кумита, дар соли 2020 ба 134 санади меъёрии ҳуқуқӣ (соли 2019 теъдоди 120 буд) хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод намуд.
Дар баробари ин, аз ҷониби бахши экспертизаи забоншиносии Кумита дар соли 2020 ба 27 маводи судӣ (24 мавод дар соли 2019) хулоса пешниҳод карда шудааст. Қобили зикр аст, ки дар соли 2020 аз ҷониби коршиносони шуъбаи танзими истилоҳот 26 665 истилоҳ мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор гирифтааст.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», ки аз 27-уми июли соли 2016, №325 тасдиқ гардидааст, дар назди Кумита Комиссияи номгузорӣ барои номҳои тозаэҷод фаъолият мекунад. Кумита соли 2020 ба 1313 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд хулоса пешниҳод намуд. Аз ҷумла, 90 муроҷиат аз ҷониби ақаллиятҳои миллӣ, ба 604 муроҷиаткунанда хулосаи рад, ба 587 муроҷиаткунанда хулосаи тавсиявӣ ва ба 32 муроҷиати дигар тарзи навишти дурусти насаб, ном ва номи падарӣ дода шудааст, ки назар ба соли 2019 теъдоди 292 муроҷиат зиёд мебошад. (Ҷиҳати муқоиса: дар соли 2019 теъдоди 1021 муроҷиати шаҳрванд, аз ҷумла, 373 рад, 480 дастгирӣ, 68 муроҷиати ақаллиятҳои миллӣ ва 100 муроҷиат оид ба дуруст навиштани ному насаб буд).
Дар ҳамин давра, дар Кумита номгузории 17 муассисаи таълимӣ ва 32 номи ташкилоту муассиса аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба 49 номгузории муассиса хулосаҳои Кумита пешниҳод гардид.
Соли 2020 аз ҷониби Кумита 844 адад номи ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишин мавриди баррасӣ қарор ёфта, лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иваз намудани номи маҳалҳои аҳолинишини ғайримеъёрӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо қарорҳои тасдиқнамудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар мувофиқа бо Кумита барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
Дар соли 2020 ба номгузории 1278 номи маҳалли аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин, ба 11 номгӯйи номвожаҳои мансуб ба конҳои шимоли Тоҷикистон (1279 дастгирӣ ва 10 радшуда) хулосаи ниҳоӣ пешниҳод гардид. Ин рақам назар бо соли 2019, ки 428 номи маҳалли аҳолинишин буд, ду баробар зиёд аст.
Кумита дар ҳамин давра, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ивази номи қуллаи Корженевский ба қуллаи «Озодӣ» ва «Қуллаи Озодӣ» ба «Сангталак» воқеъ дар қаторкӯҳи Академияи илмҳо ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритуз ба Шаҳритус»-ро таҳия намуд, ки баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.
Кумита бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврали соли 2020 семинари машваратиро оид ба вазъи забони барномаҳои китобҳои дарсӣ таҳти унвони «Баъзе мушкилоти забони давлатӣ дар китобҳои дарсӣ» ва 26-уми июни соли 2020 бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Забон – неруи ваҳдатофарин» мизи мудаввар дар толори Кумита баргузор намуд, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо иштирок доштанд. Дар соли 2020 роҳбарият ва кормандони Кумита дар 110 барномаи телевизиониву радиоӣ иштирок намуда, зиёда аз 40 мақола дар робита ба масъалаҳои забон дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ба нашр расонидаанд.
Кумита ҷиҳати инъикоси фаъолиятҳои марбут ба забон маҷаллаи илмӣ-оммавии «Забон ва истилоҳот»-ро таъсис дод. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020, №647 тасдиқ гардида, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» таҳия гардида, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.
Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ва «Дар бораи Тартиби номгузорӣ ва номивазкунии корхона, муассиса, дигар ташкилотҳои давлатӣ, объектҳои физикию ҷуғрофӣ, воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин» аз 31 октябри соли 2009, №609 дар таҳрири нав таҳия гардида, дар мувофиқа бо вазорату идораҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Дар соли 2020 Кумита ба 724 адад муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ, 27 адад шахсони ҳуқуқӣ, 568 адад муроҷиатҳои электронӣ, 712 адад муроҷиатҳо тариқи низоми гузаргоҳ, 2844 адад тавассути телефон ва зимни қабули шаҳрвандон дар умум, ба 4875 муроҷиат ҷавоби мушаххас ба муроҷиаткунандагон пешниҳод намудааст.
Кумита дорои сомонаи kumitaizabon.tj буда, он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба таври доимӣ фаъол аст. Дар соли 2020 сомонаи Кумитаро беш аз 8 миллион нафар истифода намудааст, ки дар маҷмӯъ шумораи истифодабарандагони он беш аз 23 миллионро ташкил медиҳад.
Кумита дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми неруи худро баҳри назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бобати рушди забони давлатӣ ва ба ҳамин васила устувор намудани пояҳои он чораҳои муассир меандешад.
Категория:
- Гузоришҳо [2]