Умри миллат ба умри забон вобаста аст
Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо қарори Сессияи 30-юми Конференсияи генералии ЮНЕСКО моҳи ноябри 1999 эълон гардида, ҳар сол 21 феврал ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба ин масъала аҳамияти хоса зоҳир мешавад.
Дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд. Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонеро, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд намекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд, барои ҳамаи забонҳое, ки дар ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд, кафолати ҳуқуқӣ ва муносибати боэҳтиромонаро таъмин менамояд, баробарии ҳамаи шаҳрвандонро дар назди қонун, сарфи назар аз забони модарии онҳо ҳимоя мекунад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (25 марти соли 2004) чунин иброз доштанд: «…Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ миллат низ дер ё зуд тафаккур, ифтихор ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳангии бегонаро мепазирад».
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати пешрафти забони модарӣ ҳамаи шароит ва имконот фароҳам гардида, дар ҳама соҳа такмил ёфта, пояҳои он мустаҳкамтар шуд. Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзиаш – забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».
Забони модарӣ, забоне дар назар дошта мешавад, ки аз овони ширхорагӣ онро аз модару падар, бародару хоҳар ва ҳамқавмон шунида, ба он такаллум мешавад. Мутобиқи консепсияи маъмули сотсиолингвистӣ, онро одам бидуни омӯзиши махсус аз даврони тифлӣ, дар муҳити забонии махсуси хонаводагӣ меомӯзад.
Меъёрҳое, ки забони модарӣ буданро муайян менамоянд, инҳоянд: 1. Тартиби азхудкунӣ. Мутобиқи ин меъёр, забони модарӣ дар оила аз ҳомилони забон — волидайн ба таври табиӣ бидуни тадрис аз худ мешавад. 2. Сифати аз худ кардани забон. Чун аз тифлӣ аз наздиктарин шахсон омӯхта мешавад, забони маънавиёти одам шуда, латифтарин маъниҳои забониро бо он метавон баён кард. 3. Доираи истифода. Дар байни забонҳое, ки инсон меомӯзад, забони модарӣ серистеъмол ва фаҳмотар маҳсуб мегардад. Ин аст, ки баъзеҳо аз доираи забони адабӣ берун рафта, бо гӯйиши маҳаллӣ суҳбат карданро авлотар медонад.
Дар Тоҷикистон баробари забони тоҷикӣ, забонҳои бехати эронинажоди бадахшонӣ ва яғнобӣ мавҷуд аст, ки аз забонҳои шарқи эронии давраи миёнаи таърихи забонамон маншаъ мегиранд. Забони модарии шахсоне, ки ба ин забонҳо гап мезананд забони яғнобӣ, рӯшонӣ, шуғнонӣ, язғуломӣ, бартангӣ, рошорвӣ, вахонӣ, мунҷонӣ ва ғайра мебошад. Аз сабаби он ки забони тоҷикӣ бо забонҳои зикршуда қаробат дорад ва ба ҳайси забони асосӣ омӯхта мешавад, онро метавон забони модарии онҳо низ номид. Дар баробари тоҷикон миллатҳои ӯзбек, рус, қазоқ, қирғиз, туркман ва ғайра ба сар мебаранд, ки дар муҳити бисёрзабонӣ яке аз забонҳои модарӣ метавонад ба ҳайси забони миёнрави байни қавму миллатҳо хизмат кунад. Ба ибораи дигар, дар асоси ташаккули меъёрҳои забони модарии ин ё он қавму миллат метавонад забони миллии он кишвар ба вуҷуд омада, ба унвони забони давлатӣ қабул гардад. Ҳамин хусусиятро дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ дорад, зеро вай дар тӯли садсолаҳо ба унвони забони модарии аксарияти мардуми ин сарзамин тараққӣ карда, ҳамчун забони миллӣ сабзида, меъёрҳои савтӣ, сарфию наҳвӣ ва луғавии он сайқал ёфта, барои таъмини ниёзҳои мардуми сарзамин ҳама имконоти забониро доро мебошад.
Дар дунё забонҳои модарие мавҷуд аст, ки таркиби луғавии бой надоранд ва дар давраи ибтидоӣ зиндагӣ мекунанду ниёзҳояшон бо ҳамин калимаҳо бароварда мешаванд, аммо забонҳои модарии дигаре ҳаст, ки фонди асосии луғавӣ ва таркиби луғавии пуриқтидор доранд ва дорои ҳазорон калимаю ибора, фразеологизмҳо, зарбулмасалу мақол ва таркибҳои гуногун мебошанд. Забонҳои пуриқтидори модарӣ аз доираи хонаю маҳал ва минтақа убур карда, метавонад сарзамини бузургеро бо ҷамъияти миллионнафарӣ фаро гиранд. Таркиби луғавии ин гуна забонҳо барои баёни истилоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардум, имкониятҳои фаровон дорад. Яке аз ҳамин гуна забонҳо забони модарии мардуми тоҷик аст.
Сахидод Раҳматуллозода,
http://sadoimardum.tj/far-ang/umri-millat-ba-umri-zabon-vobasta-ast-2/ [2]
Категория:
- Ахбори рӯз [3]
- Забони тоҷикӣ [4]