Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарони азиз!
Ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азизро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.
Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд.
Яъне модар барои ташаккули маънавии фарзанд шабонарӯз заҳмат мекашад, тамоми умри худро бо ғаму шодии ӯ сипарӣ менамояд ва ҳамеша дар орзуи хушбахтии фарзандаш аст.
Модар то вақте, ки дар қайди ҳайёт аст, фарзанд барояш мисли ҳамон тифлаки азизу ширини дирӯза аст: ӯро навозишу эҳтиёт мекунад ва ҳаргиз намехоҳад, ки доғи фарзандашро бинад.
Ба ибораи дигар, модар фарзанди худро бо тамоми вуҷудаш дӯст медорад, зеро фарзанд маънои ҳастии ӯ ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, модар барои ҳар як шахс ниҳоят азизу гиромӣ ва муқаддастарин инсон мебошад.
Маҳз ба хотири ҳамин фазилату заҳматҳои модар бузургони адабу фарҳанг аз замонҳои қадим то имрӯз дар осорашон меҳру муҳаббат ва матонату садоқати ӯро ситоиш мекунанд.
Воқеан, тамоми бузургону фарзонаҳои оламро модар ба дунё оварда, ба мартабаҳои оламшумул расонидааст.
Вале мехоҳам як нуктаи муҳимро иброз намоям: ҳар қадаре, ки бузургон модарро ситоиш накунанд ва ба ҳар андозае, ки мо хизмати модарро ба ҷо наоварем, ранҷи бедорхобӣ ва заҳмати ҳатто барои як фарзанд кашидаи ӯро ҷуброн карда наметавонем.
Мо ҳамеша ифтихор мекунем, ки модарону бонувони кишвари мо бо меҳрубониву самимият ва ҳунармандиву маърифати баланди худ маҳбуби дилҳо мебошанд.
Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.
Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бузург мебошад.
Фарзандони тарбиякардаи модари тоҷик ҳоло бо заҳмати бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаашон давлати соҳибистиқлол ва Ватани аҷдодиамонро обод карда, мақому манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёрро торафт баланд бардошта истодаанд.
Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.
Ман дар паёми навбатии худ ба фаъолияти занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар баҳои баланд дода, саҳми арзандаашонро дар таъмини пешрафти давлат, ободии Ватан ва сулҳу субот махсус таъкид намудам.
Имрӯз мо бо қаноатмандӣ метавонем гӯем, ки тайи сӣ соли истиқлоли давлатӣ занону бонувони мо дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон хизмат карда истодаанд.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки саҳми бонувону занон дар тарбияи насли солим, танзими расму ойинҳо ва муқовимат ба ифротгароиву хурофотпарастӣ басо арзишманд мебошад.
Дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат ба мақомоти марбута супориш дода шуд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи занону бонувон «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва амалӣ намоянд.
Бовар дорам, ки бо қабул ва иҷрои санадҳои мазкур мақоми занону бонувон дар ҷомеаи мо боз ҳам таҳким меёбад.
Тавсеа бахшидан ба раванди иштироки занону бонувон дар рушди иқтисодии кишвар, зиёд кардани ҳаҷми грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои занону бонувони соҳибкор аз ҷумлаи чорабиниҳое мебошанд, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалӣ шуда истодаанд.
Инчунин, бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ дар самти ташкил кардани корхонаҳои хурду миёна ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи зиндагии занону бонувон ва оилаҳои камбизоат андешидани чораҳои мушаххас ба нақша гирифта шудаанд.
Дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷавондухтарони мо имрӯз дар баробари соҳиби касбу ҳунар намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона омода кардан, омӯзонидани ахлоқи ҳамида, маърифати оиладорӣ ва ҳунари кадбонугӣ масъалаҳои муҳимтарин ба шумор мераванд.
Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки модарону бонувони азизи мо рисолати худро дар ин самт низ бо камоли масъулият иҷро мекунанд.
Мо рӯзи модарро ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фарорасии фасли баҳор ва дар арафаи ҷашни бузургтарину қадимтарини миллиамон – Наврӯз, ки ҳоло мақоми байналмилалӣ гирифтааст, ҷашн мегирем.
Дар остонаи ин ҷашн бори дигар таъкид менамоям, ки Тоҷикистон на танҳо ватани Наврӯз, балки Сада, Тиргон, Меҳргон ва дигар ҷашну ойинҳое мебошад, ки дар ташаккул, ҳифз ва ба наслҳои минбаъда ба мерос гузоштани онҳо занону модарони мо саҳми арзишманд доранд.
Ва боиси ифтихор аст, ки аксари занону модарон ва духтарону хоҳарони мо имрӯз ба Наврӯз, ойину анъанаҳо ва арзишҳои неки миллӣ арҷ мегузоранд.
Вобаста ба ин, ба ҳар фарди бонангу номус, махсусан, ба наврасону ҷавонон хотиррасон месозам, ки падару модарон ва бонувону хоҳаронро дар ҳама ҳолат эҳтиром намоянд, нисбат ба онҳо ҳамеша меҳрубону дилсӯз бошанд, иззату ҳурмати калонсолонро ба ҷой оваранд ва дуои неки онҳоро гиранд.
Хотирнишон месозам, ки ин меъёр, яъне масъулияти фарзандон барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар дар Конститутсияи мамлакат дарҷ гардидааст.
Мо бояд аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҳамеша ба роҳи рост ва барои ҳифзи истиқлолу озодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ҳидоят намоем.
Бовар дорам, ки модарону занони муҳтарам ва бонувону хоҳарони азизи мо минбаъд низ барои тарбияи наслҳои ояндасозу ободгари халқамон, таҳкими оила, ба хотири рушди давлат ва ободии Ватан заҳмат мекашанд ва ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои сазовор истиқбол мегиранд.
Бори дигар тамоми модарону бонувони азиз ва хоҳарону духтарони гиромиро ба ифтихори Рӯзи модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо хонаи обод, бахту иқболи нек, файзу баракат ва дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббати самимӣ орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, модарону бонувони азиз!
Категория:
- Ахбори рӯз [2]
- Суханрониҳо [3]