Ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми ноябри соли 2021, соати 10:00 дар толори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Ҳамоиши ҷавононро таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҷавонони фаъоли Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ҳайати ҳунармандони Конверваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва воситаҳои ахбори омма (ҳамагӣ 120 нафар) баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур устодон ва донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Амрико, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бо забони тоҷикӣ таҳсили илм намуда, бо ин забон озодона муошират менамоянд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоиши ҷавононро сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита Буриева Шаҳноза тибқи тартиб ҳусни оғоз бахшида, ташрифи устодон ва ҷавонони фаъоли кишварро хайра мақдам намуд.
Баъдан, суханронии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон идомабахши ҳамоиши ҷавонон буда, вобаста ба дастовардҳои Кумита доир ба рушди сиёсати давлатии забон дар 30 соли даврони Истиқлол ёдовар шуда, ҷавононро барои боз ҳам беҳтару хубтар аз худ намудани илму дониш, рӯ овардан ба китобу китобхонӣ, эҳё намудани анъанаҳои неки аҷдодиамон, арҷ гузоштан ба забон, фарҳанг, таърих ва тамаддуни тоҷик ва аз ҳама бештар ҳифз намудани қиматтарин неъмат – Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ даъват намуд.
Дар Ҳамоиши ҷавонон муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳимзода Умед иштирок дошт, ки оид ба дастовардҳои ҷавонон дар сӣ соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуд.
Инчунин, аз ҷониби сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Раҳим маъруза дар мавзуи «Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биомӯз» ва маърузаи сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита Буриева Шаҳноза дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар самти пешбурди сиёсати давлатии забон» ироа гардид.
Дар идомаи Ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони фаъоли тоҷик ва хориҷӣ аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастовардҳои ҷавонон дар даврони Истиқлол суханронӣ намуда, инчунин, шеърҳо дар васфи «Тоҷикистон – кишвари ободи ман» ва «Пешвои мо – ифтихори мо» қироат намуданд.
Ҳамзамон, дар Ҳамоиши мазкур ҳайати ҳунармандони Конверваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов баҳри болидаруҳии хотири ҳозирин чорабинии фарҳангӣ пешкаш намуданд.
Дар охири Ҳамоиши мазкур устодон ва ҷавонони фаъол ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ва иштироки фаъолона аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» қадрдонӣ карда шуданд.
Категория:
- Гузоришҳо [1]
- Конференсияҳо [2]